БА ТОРОҶ БУРДАНИ ҲАҚҚИ КӮДАКОН КОРИ ХАТОСТ!

Дар мамлакатамон ҷиҳати беҳбуди таълими томактабӣ, солим ба воя расонидани кӯдакон ва ташаккули ҳаматарафаи онҳо тамоми шароити созгор фароҳам оварда шудааст.

Дар мамлакатамон ҷиҳати беҳбуди таълими томактабӣ, солим ба воя расонидани кӯдакон ва ташаккули ҳаматарафаи онҳо тамоми шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Ошкор намудани қобилияти кӯдакон ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо низ аз масъалаҳои муҳиму аввалдараҷа маҳсуб меёбанд, ки ташкилотҳои таълими томактабӣ мунтазам ба он машғул хоҳанд шуд. Инҳо ҳама масъалаҳое буданд, ки дар бораи он дастандаркорони Вазорати таълими томактабӣ тайи як нишасти матбуотӣ маълумот   ироа карданд.
Гуфта шуд, ки дар кишварамон  бар асоси тамоюли “Аз эҳёи миллӣ – ба рушди миллӣ” ба марҳилаҳои нави тараққиёт қадам гузошта мешавад. Чунин раванди тараққиёт тақозо менамояд, ки дар соҳаи таълими томактабӣ низ ба дастовардҳои қобили мулоҳида бояд ноил шуд. 
Ҷонишини вазири таълими томактабӣ Мақсудҷон Юлдошев гуфт, ки дар чаҳорчӯбаи ин талабот шароити моддиву маънавии кормандони соҳаи таълим низ куллан беҳбуд меёбад ва барои баланд бардоштани сифати таълим аз технологияҳои замонавӣ истифода сурат мегирад.
– Дар айни ҳол 18 ҳазору 254 ташкилоти таълими томактабӣ дар саросари ҷумҳурӣ машғул ба фаъолият аст ва аз ин шумор 6 ҳазору 197-тои он ташкилоти таълими томактабӣ мебошад. Ҳоло дар мамлакати мо шакли оилавии ин ташкилотҳо ба роҳ монда шудаанд, ки теъдоди умумии он 10 ҳазору 244-то мебошад. Маҳз дар ҳамин шакли таълими томактабӣ ҳудудан сӣ ҳазор занону духтарон ба кор ҷалб карда шудаанд, – изҳор кард Мақсудҷон Юлдошев.
Ташкили кӯдакистонҳо бар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба 788 адад расидааст. Теъдоди шакли хусусии ташкилотҳои таълими томактабӣ 1 ҳазору 25-торо дар бар мегирад. Ҷонишини вазир тазаккур дод, ки маҷмӯи кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ қариб 1 миллиону 700 ҳазор нафарро фаро гирифтаанд. Ба ҳисоби фоиз ин рақам 60,9-ро ташкил менамояд.
– Ҳувайдост, ки таълимро аз тарбия ҷудо кардан имконнопазир аст. Ин усули кор мусоидат мекунад, ки дар оянда ҷавонони баодоб, хушахлоқ ва аз ҳар нигоҳ заковатманд, рӯҳан ва ҷисмонан қавӣ ба воя расанд. Ҳоло дар тамоми сохторҳои таълими томактабии кишвар Барномаи давлатӣ-омӯзишии “Қадами нахустин” татбиқ мегардад. Дар чаҳорчӯби он “Кӯдаки солим”, “Нутқи равон”, “Англисӣ ҳарф мезанам”, “Ҷилои рақс”, “Ошхонаи кӯдакон”, “Устохонаи кӯдакон”, “Дастони моҳир”, “Риёзиёти менталӣ” ва машғулиятҳои дигар гузаронида мешаванд, – гуфт Мақсудҷон Юлдошев.
Дар доираи панҷ ташаббуси сарвари давлат шонздаҳ намуди озмуни онлайн роҳандозӣ карда шудаанд, ки мавзӯъҳои расмкашӣ, қироати шеър, суруд  ва монанди онро фаро гирифтаанд. Гузашта аз ин, дар ҷараёни баргузории ин озмунҳо як идда кӯдакони бомаҳорату соҳибзавқ кашф карда шудаанд, ки метавонанд дар оянда шарафи кишвари худро дар мамлакат ва арсаҳои байналхалқӣ ҳимоя кунанд.
Ба гуфтаи масъули дафтари матбуоти вазорат Мавлуда Асқархӯҷаева барои ташкили таълими босифат педагогҳои бомалакаву бомаҳорат лозиманд. Профессионализми онҳо мусоидат менамояд, ки раванди таълим ба сатҳи боло бардошта шавад.
– Квотаҳои донишгоҳҳо ҷиҳати бо кадрҳои малаканок таъмин кардани ташкилотҳои таълими томактабӣ афзоиш дода шуд. Муддати таҳсил ба се сол муқаррар шудааст, ки ба ин васила мо метавонем муассисаҳои худро бо кадрҳо беш аз пеш таъмин кунем. Дар баробари ин, ташкилу роҳандозии курсҳои такмили ихтисоси ходимони мо ва ба ин курсҳо ҷалб кардани онҳо натиҷаҳои босамар ба бор хоҳад овард. Як ниҳоди хос ташкил карда шуд, ки маҳз роҳбарон ва мутахассисони ин соҳаро аз такмили касб мегузаронад,– иброз дошт Мавлуда Асқархӯҷаева.
Пурсида шуд, ки оё кор дар ҳамаи ташкилотҳои таълими томактабӣ мувофиқи талаб пеш меравад. Оё аз пулҳои ҷудокардаи давлат дар ин ташкилотҳо дуруст истифода мекунанд?
 Мақсудҷон Юлдошев дар посух ба ин суолҳо изҳор кард, ки мутаассифона рафти тафтиш корҳои ғайриқонуниро ошкор намуд.
– Аз ҷониби кормандони вазорати мо дар ташкилоти таълими томактабии рақами 11-уми ноҳияи Чуст тафтиш гузаронида шуд. Маълум гардид, ки дар солҳои 2016-2020 ба миқдори 98 миллион сӯм, ки мебоист ба ходимон пардохта шавад, ба тороҷ бурда шудааст. Ҳамчунин, ба номи 14 нафар ходимон, ки аслан вазифа иҷро накардаанд, ғайриқонунӣ 145,7 миллион сӯм сарф шудааст. Ҳамчунин 98 миллион сӯмро аз ҷайби мудири кӯдакистон ситонида, ба ходимон тақсим карданд, – гуфт Мақсудҷон Юлдошев.
Дар кӯдакистони рақами 19 низ ба ходимон 67 миллион сӯм пардохта нашудааст. Бештар аз 63 миллион сӯм ғайриқонунӣ харҷ шудааст. Мудираҳои ҳарду ташкилоти таълими томактабӣ аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.
Ба гуфти ҷонишини вазир чунин корҳои хилофи қонун дар шӯъбаи таълими томактабии ноҳияи Бӯстони вилояти Андиҷон низ ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҷо гӯё аз роҳи бастани шартнома ба ивази 104 миллион сӯм мебел харидаанд. Аммо дар асл ин маълумот қалбакӣ баромад ва ҳоло прокуратура дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. 
Дар ноҳияи Қибрай ва шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд низ тафтишот нишон додааст, ки маблағҳои давлатӣ ба тороҷ бурда мешаванд. Миқдори умумии он 293 миллион сӯмро ташкил кардааст.  
Ба ин тартиб, вазорат дар давоми соли 2020 611 чорабинии назоратӣ пиёда кардааст ва маълум шудааст, ки дастикам 52 миллиард сӯм хатои молиявӣ ва камбудиҳо ифшо шудаанд. Аз ҷумла, маблағи хароҷоти ғайриқонунӣ 23,4 миллиард сӯм, вайрон кардани қонунҳои харид 11,2 миллиард сӯм, вайрон кардани қоидаи муҳосибӣ 11,9 миллиард сӯм, даромади иловагӣ ба ҳисоби буҷа ва ташкилот 5,3 миллиард сӯмро ташкил додааст. Ҳамчунин 11,2 миллиард сӯми давлат барои аз роҳи ғайриқонунӣ бастани шартномаҳо масраф шудааст.
Гуфта мешавад, ки ғайр аз ин далелҳо боз 451 нафар кӯдакон  ба ташкилотҳои таълими томактабӣ ғайриқонунӣ ҷалб карда шудаанд. Вазорати мазкур 550 ҳуҷҷатро барои дидани чораҳои қонунӣ ба прокуратура тақдим намудааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: