БА ТОШКАНД «ЛАЙНЕРИ ОРЗУ»-И СЕЮМ ФУРУД ОМАД

Ба аэропорти байналхалқии «Тошканд» самолёти «Boeing-787 Dreamliner»-и сеюм, ки Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» харид намудааст, фуруд омад.

Узви ҳайати вакилони мамлакатамон, ки ба Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳӣ карданд, нахустин мусофирони «Лайнери орзу» гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев аз Вашингтон баргашта, дар аэропорти байналхалқии Тошканд самолёти нави Боинг-787-ро аз назар гузаронд. Ба роҳбарияти Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бино бар баланд бардоштани сифат ва миқдори парвозҳо ба мамлакатҳои хориҷӣ тавсияҳои зарурӣ дод, барои ин зарурати истифода бурдан аз самолётҳои замонавӣ ва технологияҳоро зикр кард.
Ҳавопайморо экипажи Ширкати миллии авиатсионии Ӯзбекистон – сарҳавонавард-инструктори шуъбаи парвозиву услубии ШМА Иосиф Зак, муовини командири отряди парвозии «Boeing-787» Шаҳзод Икромов ва пилоти дуввум Олимҷон Узоқов идора карданд.
«Лайнери орзу»-и нав аз ду «Boeing-787-8 Dreamliner»-и пештараи ширкати миллии авиатсионӣ бо зиёд будани миқдори ҷойҳои нишаст барои мусофирон ва гӯшаи махсус барои истироҳати экипаж фарқ мекунад. Салони самолёт барои 270 ҷойи нишаст – 24 барои бизнес-класс ва 246 барои экономкласс пешбинӣ шудааст. Бино бар ақидаи мутахассисон лайнери ҳавоии мазкур беист 16 соат парвоз карда метавонад.
Ба киштии ҳавоии мазкур чун дар дигар самолётҳои «Boeing-787 Dreamliner»-и Ширкати миллии авиатсионии мо муҳаррикҳои GEnx-1B ширкати GE Aviation васл карда шудааст, ки дараҷаи пасти овоз, дараҷаи камтарини хориҷи гази заҳрнокро ба  атмосфера ва сарфаи беҳтарини сӯзишвориро таъмин менамояд. Ҷойҳои нишасти қулай ва васеъ, фаршҳои комилан нав, воситаҳои равшаникунӣ ва садоногузар, мониторҳои индивидуалӣ барои вақтхушӣ дараҷаи баланди ҳузуру ҳаловатро ба мусофирорн дар тамоми парвоз таъмин мекунад.
Чи хеле ки ШМА «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо дар Вашингтон байни мусофиркашонии авиатсионии миллӣ ва ширкати «Боинг»-и амрикоӣ созишнома ба имзо расид. Ширкати миллии авиатсионӣ то соли 2020-ум соҳиби шаш авиалайнери ҳавоии русуми мазкур мегардад.
Ба туфайли дараҷаи баланди тайёрӣ мутахассисони ШМА  эътимоднокии садфоизаи самолётҳои «Boeing-787 Dreamliner»-ро дар давраи истифодаи онҳо таъмин карданд.
– Лайнери нав аллакай ба ҷадвали парвозҳои ширкати миллӣ дохил гардида, парвозҳоро ба масофаи дур амалӣ менамояд. Парвоз дар он ниҳоят қулай ва бехавф мебошад, – мегӯяд муовини командири отряди парвозии ШМА «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Шаҳзод Икромов. – Мо самолёти навро бомуваффақият идора кардем. Кушодани парвозҳои навро ба Ню-Йорк ба нақша гирифтаем. Боварӣ дорам, ки ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстонаи байни Ӯзбекистон ва ИМА хидмат мекунад.
ШМА «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» эксплуататсияи  тиҷоратии русуми мазкури самолётро дар соли 2016 оғоз намудааст. 27 июли соли 2017 мусофиркашони миллии Ӯзбекистон дар таърихи худ бори аввал рейси аввалини беистро аз Тошканд ба Ню-Йорк дар «Boeing-787 Dreamliner» амалӣ намуд.
Имрӯз авиалайнерҳои замонавӣ ва қулаи Ӯзбекистон ба беш аз 40 шаҳрҳои Аврупо, Осиё парвоз мекунанд, инчунин аз Аляска то Зеландияи Нав парвозҳои чартериро ба иҷро мерасонад.

У. АСРОРОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: