БА УСТОД АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРОӢ

Паёме аз Бухоро мерасонад.

Ба лаҳни бас гуворо мерасонад.

Ба кулли порсигӯёни дунё,
Саломе аз дили мо мерасонад.

Муҳаббатномаи табъи латифаш,
Аҷаб ширину зебо мерасонад.

Суханҳои булӯринаш ба тамкин.
Ба сад тафсиру маъно мерасонад.

Дурахши қатрае аз Мӯлиён аст,
Дили худро ба дарё мерасонад.

Канад бо килки заррин нақби ашъор.
Гуҳар аз баҳри фардо мерасонад.

Намоде аз Бухорои Шариф аст,
Каломи нағзу воло мерасонад.

Илҳоми НАСАФӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: