Ба Ӯзбекистон аз ҳама бештар аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сайёҳон омадаанд

Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ҳамагӣ 1 519 300 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ ташриф овардаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,7 ҳазор нафар ё 2,1 фоиз зиёд шудааст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ омадаанд, вобаста ба кишварҳо чунин аст:

Тоҷикистон – 536,5 ҳазор нафар;

Ҷумҳурии Қирғизистон – 442 ҳазор нафар;

Қазоқистон – 262,6 ҳазор нафар;

Русия – 134,2 ҳазор нафар;

Туркманистон - 31 ҳазор нафар;

Туркия – 21,5 ҳазор нафар;

Ҳиндустон – 11,6 ҳазор нафар;

Чин – 10 ҳазор нафар;

Кореяи Ҷанубӣ – 7,6 ҳазор нафар;

Олмон – 3,8 ҳазор нафар;

Дигар кишварҳо – 58,5 ҳазор нафар.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: