БА ӮЗБЕКИСТОН ГУРӮҲИ ТАБИБОН – АСАБШИНОСОНИ АМРИКОӢ ОМАДАНД

Як гурӯҳ духтурони соҳаи асаб ва нейроҷарроҳи амрикоӣ ба Ӯзбекистон омаданд.

Мувофиқи хабари сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА ба таркиби ҳайат ҳамватани мо, асабшиноси Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего Алишер Аъзамов, дорои сертификати Шӯрои амрикоӣ оид ба ҷарроҳии асаб доктор Кевин Ю ҳамчунин якчанд нафар резидентҳои ординатураи клиникии Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего дохиланд.
Бояд қайд намуд, ки Алишер Аъзамов хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тошканд ба шумор меравад ва дар соҳаи нейроҷарроҳӣ таҷрибаи беш аз 20-солаи корӣ дорад. Ӯ солҳои гуногун ба сифати ассистенти шуъбаи асабшиносии ҷарроҳии мактаби тиббии назди UCSD, ҳамчунин асабшиноси асосии Маркази тиббии Алвардои иёлати Калифорния кор кардааст. Доктори тиббии дорои сертификат ва рухсатнома дар ИМА, узви Ҷамъияти асабшиносони Амрико мебошад. Ҷарроҳи таҷрибадори беш аз 6 маркази тиббии Калифорния, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аст.
Кевин Ю нейроҷарроҳ ба шумор меравад. Ӯ соли 1993 Мактаби тиббии Донишгоҳи Эмори иёлати Атлантаи ИМА-ро хатм намудааст. Мутахассиси ҷарроҳии асаб маҳсуб меёбад ва мизоҷони бемориҳои вазнин, аз ҷумла асаб ва сутунмӯҳраро табобат мекунад. Кевин Ю бо истифодаи комёбиҳои охирини асабшиносӣ табобати ғайриҷарроҳӣ ва ҷарроҳии асабро амалӣ менамояд. 
Дар ҷараёни буду боши худ дар Ӯзбекистон ҳайати амрикоӣ аз Маркази миллии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳӣ ва Маркази илмиву амалии махсуси эндокринологии Ӯзбекистон барои мубодилаи таҷриба бинобар истифодаи усулҳои замонавии  табобати бемориҳои асаб боздид ба амал овард. 
Ғайр аз ин духтурони амрикоӣ мизоҷонро месанҷанд ва оид ба асаб беш аз даҳ амалиёт мегузаронанд. 
Ҷарроҳони амрикоӣ ҳамчунин ният доранд дар анҷумани X шикастбанд ва ортопедҳои Ӯзбекистон дар мавзӯи «Самтҳои бартариноки рушди шикастубанд ва ортопедия», ки 21-22 октябр дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Маркази шикастубанд ва ортопедияи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок карданд.
Дар доираи сафар ҳамчунин як қатор вохӯрӣ ва гуфтушинидҳо бо муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бобати ба роҳ мондани алоқаҳои бевосита ва баррасии пешомадҳои ҳамкории муфиди тарафайни байни клиникаҳои тиббии Ӯзбекистон ва ИМА баргузор гардиданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВАШИНГТОН.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: