Ба Ӯзбекистон ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон ташриф меорад

26-28 майи соли 2022 ба Ӯзбекистон ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Томас Вест ташриф меорад

Ҳайати ИМА бо мақомоти расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов ва намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматулло Иргашев гуфтушунид хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқотҳо табодули афкор доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар дар назар аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: