Дар ҳар як намуди варзиш варзишгароне ҳастанд, ки бо ибрати худ дар байни аҳолӣ дар ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм мегузоранд.
Яке аз чунин шахсиятҳо дар варзиши велосипедронии Ӯзбекистон Олга Забелинская мебошад.
Хидматҳои ӯро ҳукумати мамлакатамон ба назар гирифта, 30 августи соли ҷорӣ тибқи фармони Президентамон, дар бораи ба муносибати 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳаи илм, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, варзиш, адабиёт ва фарҳанг узви дастаи мунтахаби велоспорти Ӯзбекистон Олга Забелинская низ бо унвони «Варзишгари шоистаи Ӯзбекистон» сарфароз гардид.
Муддати дароз Олга бинобар машғулот дар хориҷа буд, инчунин, дар як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзид ва аз ин рӯ то ҳол ба гирифтани ҷоизаи худ муваффақ нашуда буд. Рӯзи 27 сентябр дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими супурдани нишони махсус ва ҷоизаи пулӣ барои иштирокаш дар «Бозиҳои ваҳдати исломӣ», ки дар шаҳри Коняи Туркия баргузор гардид, ба амал омад.
Мукофотро раиси Сенат, раиси федератсияи велоспорти Ӯзбекистон Танзила Норбоева супурд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон ҷамъ 11 медал, яъне 3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамаи медалҳои тилло насиби Олга Забелинская гардид, ки вай дар пойгаи яккачин байни занҳо ва дар пойгаи гурӯҳӣ аз рӯйи холҳо ҷойи якумро гирифт.
Бояд гуфт, ки ӯ ягона велоспортчиест, ки шарафи мамлакатамонро дар олимпиадаи Токио ҳимоя кард.
Илова бар ин, Олга дар пойгаҳои гуногуни байналхалқӣ мунтазам иштирок карда, дар баланд бардоштани нуфузи кишварамон дар арсаи ҷаҳон саҳм мегузорад.
Масалан, моҳи июли соли ҷорӣ ӯ дар пойгаи машҳури UCI - Jiro d’ltalia Donne ва моҳи июл дар пойгаи Tour de France Femmes avec Zwift иштирок намуд. Ба наздикӣ Олга Забелинская дар чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳроҳи велоспорт, ки дар шаҳри Буллангоги Австралия гузаронида шуд, иштирок кард.
Хидмати иттилооти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.