БА УЗВИЯТ ШӮРОИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ СММ ИНТИХОБ ШУДАНИ ӮЗБЕКИСТОН — ПИРӮЗИИ ШОИСТА

Намояндагони доираҳои байналмилалии сиёсӣ, коршиносон ва дипломатҳо назари худро дар бораи интихоби Ӯзбекистон ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар интихоботе, ки дар доираи иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, баён мекунанд.

Намояндагони доираҳои байналмилалии сиёсӣ, коршиносон ва дипломатҳо назари худро дар бораи интихоби Ӯзбекистон ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар интихоботе, ки дар доираи иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, баён мекунанд.
Сафири Олмон дар Ӯзбекистон Гюнтер ОВЕРФЕЛД:

 — Ман шодам, ки Ӯзбекистон ба сифати узви нави Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд. Хоҳиши узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шудани ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сиёсати ислоҳот ба ҳуқуқи инсон чӣ гуна аҳамият медиҳад. Ин майл инчунин дар нақши фаъоли  Ӯзбекистон дар миқёси байналхалқӣ, ки аз соли 2017 инҷониб амалӣ менамояд, инчунин дар барқарор намудани ҳамкориҳои зич бо СММ ва САҲА ифода ёфтааст.
Ман ин нақши фаъолро, ки бар асоси қоидаҳои мултиратеалӣ асос ёфтааст ва гарави беҳтарини рушд ва ҳамкории осоишта дар шароити чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад, истиқбол мекунам.
Мо аз ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамчун узви нави Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хушҳолем.
Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Тариқ ал-ВАСИМӢ:

— Ман Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар таърихи кишвар бо аввалин интихоботи кишвар ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ табрик мегӯям.
Тошканд дар ин созмони муҳим ва бонуфузи байналмилалӣ ба таври қонунӣ намояндагӣ хоҳад кард. Ҷолиби диққат аст, ки Ӯзбекистон дар муборизаи баробар бо чунин рақибони қавӣ, ба монанди Чин, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Непал пирӯз шуд.
Миср яке аз аввалинҳо шуда, интихоби Ӯзбекистонро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2021-2023 пуштибонӣ кард. Роҳбарияти Миср минбаъд низ дастгирии дуҷонибаи тарафайнро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ тибқи созишномаҳои сарони давлатҳои мо, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ал-Сисӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4-5 - сентябри соли 2018 ҳосил шуда буданд, идома медиҳад.

Сафири Қазоқистон Дархан САТИБАЛДИ:
— Ман бо хурсандии самимӣ хабари интихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2021-2023 истиқбол намудам. Интихоби ҷумҳурӣ ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эҳтироми шоистаи сиёсати собит, мутавозин ва созандаи Ӯзбекистонро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ мекунад. Ин чорабинӣ натиҷаи табиӣ, мантиқии хидматҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ва пеш аз ҳама Президент Шавкат Мирзиёев мебошад.
Мо шоҳиди корҳои бузурге ҳастем, ки дар ҷумҳурӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон анҷом дода мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати Ӯзбекистон овоз дода, ташаббусҳои сарвари давлатро дастгирӣ намуд ва баҳои баланд дод. Боиси хушнудист, ки ҳамагӣ чанд ҳафта қабл Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба татбиқи ислоҳоти васеъ, ки вазъи корҳои соҳаи ҳуқуқи инсонро тағйир дод, натиҷаҳои дигаргуниҳои демократӣ дар Ӯзбекистон, ки хусусияти бебозгашт пайдо намудааст, эътибор дод. Дар ин замина, ҳадафи ташаккули якҷояи системаи баробарҳуқуқи ҷаҳонӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як инсонро таъмин менамояд, хеле муҳим ва зарур аст.
Ба Ӯзбекистон эътимоди калон зоҳир карда шуд ва мо итминони комил дорем, ки ҷониби Ӯзбекистон ин рисолати масъулиятнокро ба қадри кофӣ иҷро мекунад ва дар кори ин мақомоти бонуфузи байналмилалии ҳуқуқи инсон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Сафири Туркия Мехмет СУРЕЙЯ ЭР:
– Интихоби шарики стратегии мо, Ӯзбекистони бародар ба узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хабари муҳими рӯз гардид. Туркия низ дар байни кишварҳое буд, ки ба Ӯзбекистон овоз доданд. Сиёсати таъсирбахши хориҷии Ӯзбекистони бародар, ки ба барқарор намудани сулҳ, субот ва шукуфоӣ дар минтақа ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев нигаронда шудааст, аз ҷониби ҳама кишварҳо эътироф карда мешавад.
Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ба шарофати сиёсати созандаи хориҷии бо ҳамсоягони наздиктарин ва сипас ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус ба туфайли ташаббусҳои солҳои охир дар ташкилотҳои байналмилалӣ пешгузошта ба дастовардҳои нав ноил мегардад.
Дар муддати кӯтоҳ ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ, ки Президенти Ӯзбекистон дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 2017 баён намудааст, инчунин дастовардҳои дипломатияи Ӯзбекистонро нишон медиҳад.
Дар солҳои охир Ӯзбекистон барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва бунёди ҷомеаи демократӣ мутобиқи таҷрибаи таърихӣ ва анъанаҳои давлатии худ қадамҳои қатъӣ гузошт.
Мутмаинам, ки мафҳуми ҳуқуқи инсон, ки яке аз муҳимтарин арзишҳо ва далели сарвати тамаддуни бостонии Мовароуннаҳр аст, дар кори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо иштироки Ӯзбекистон саҳм хоҳад гузошт.

Сафири Афғонистон дар Ӯзбекистон Аҳмад Холид ЭЛМӢ:
— Шубҳае набуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2023 узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб мешавад. Ман боварӣ дорам, ки ин натиҷаи сиёсати бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев оид ба таъмини устувории манфиатҳои инсон ва ислоҳоти васеъмиқёс, инчунин дастовардҳои бузурги мардуми ӯзбек мебошад.
Факти дар интихоботи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Ӯзбекистон овоз додани 169 мамлакат, аз ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсони мамлакатро тасдиқ ва эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Боварӣ дорам, ки Ӯзбекистон бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои нав дар кори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Профессори Донишгоҳи Кувайт, сиёсатшинос Ҳейле МЕКЕИМИ:
— Ман дигаргуниҳои бузурги мусбатеро, ки дар ҳаёти сиёсии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба амал меоянд, бо таваҷҷӯҳи зиёд мушоҳида мекунам. Яке аз дастовардҳои асосии сиёсати мутавозин ва муттасили хориҷӣ ва дохилии раҳбари Ӯзбекистон интихоби он ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мебошад.
Албатта, вазъи корҳои соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар ин росто, қабули Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон муҳим аст. Дар кишвар фаъолияти сиёсии аҳолӣ ва ҳизбҳо, нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъсири васоити ахбори оммавӣ дида мешавад.
Дар масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон, ба сиёсати гендерӣ, ки масъалаи афзалиятноки ҳукумат шудааст, диққати калон дода мешавад. Дар натиҷа, нақши занон дар идоракунии давлатӣ меафзояд, шумораи занони депутат дар парлумони нав ду баробар афзудааст.
Ман Ӯзбекистонро бо ба чунин як ниҳоди муҳими СММ интихоб шуданаш самимона табрик мегӯям ва ба кишвари шумо дар самти таблиғи арзишҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон фаъолияти пурсамар ва муваффақ орзу мекунам.

Сафири Озарбойҷон Ҳусейн ГУЛИЕВ:
 — Ман аз таҳти дил Ӯзбекистони бародариро бо интихоб шуданаш ба узвяти чунин созмони бонуфуз, ба мисли Шӯрои ҳуқуқи башари СММ табрик мегӯям. Маълум аст, ки Ӯзбекистон ӯҳдадор аст ислоҳоти васеъро идома диҳад ва дар пешрафти ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон саҳм гузорад. Намунаи ин Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон аст, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2020 тасдиқ кардааст.
Интихоби Ӯзбекистон ба Шӯрои ҳуқуқи инсон тасдиқ ва эътирофи равшани дастгирии васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ислоҳоти васеъ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин далели садоқати қавии кишвари шумо ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва риояи қатъии ӯҳдадориҳои байналмилалии он дар ин  соҳа мебошад.

Директори барномавии Институти Аврупо оид ба таҳқиқоти Осиё Алберто ТУРКСТРА:
—  Интихоби Ӯзбекистон ба узвияти  Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи худ бояд инчунин дар заминаи корҳое, ки ҳукумати кишвар дар солҳои охир дар самти таҳкими заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, бо таваҷҷӯҳи хоса ба ҳуқуқи ҷавонон ва занон анҷом медиҳад, фаҳмида шавад. Аз ҷумла, ба он Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон дохил мешавад, ки онро Президент Шавкат Мирзиёев имсол якҷоя бо «харитаи роҳ» оид ба татбиқи он тасдиқ кард, ки ҳадафи он такмил додани талошҳои кишвар дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсонии шаҳрвандони худ мебошад.
Интихоби Ӯзбекистон инчунин эътирофи қадамҳои мушаххас оид ба решакан кардани меҳнати бачаҳо ва меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахта мебошад.
Ғайр аз ин, Ӯзбекистон  дар солҳои охир бо баргузории форумҳои васеъмиқёси ҳуқуқи инсон, аз қабили Форуми Осиё оид ба ҳуқуқи инсон, ки соли 2018 дар Самарқанд баргузор гардид ва форуми дурӯзаи онлайн бахшида ба ҳуқуқи ҷавонон – Форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳи августи соли 2020 баргузор гардида, дар он зиёда аз 1000 мутахассис аз тамоми ҷаҳон ширкат варзиданд, таҷриба ғанӣ намуд.
Интихоби Ӯзбекистон ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ эътирофи ҳаракати устувор ва пешрафтаи он дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва талошҳо дар ин самт, чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он мебошад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: