Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 август бо варзишгарон ва мураббиёне, ки дар Бозиҳои олимпии ХXXII тобистона иштирок намуданд, вохӯрд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 август бо варзишгарон ва мураббиёне, ки дар Бозиҳои олимпии ХXXII тобистона иштирок намуданд, вохӯрд.
Дар он инчунин роҳбарони Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ, падару модари варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Роҳбари давлат ҳамаро бо муваффақияти калони мунтахаби Ӯзбекистон табрик кард.
Тавре ки маълум аст, аз 23 июл то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон Бозиҳои олимпӣ баргузор гардиданд. Дар мусобиқаҳо аз рӯйи 17 намуди варзиш 71 нафар намояндагони мамлакатамон иштирок намуданд, ки ин дар таърихи варзиши ватанӣ нишондоди аз ҳама баланд буд.
Барои варзишгарон ва мураббиён чӣ то мусобиқот ва чӣ дар ҷараёни онҳо шароити ногузир ба вуҷуд оварда шуда буд. Онҳо се медали тиллоӣ ва ду медали биринҷӣ ба даст оварда, дар байни беш аз 200 мамлакат ҷойи 32-юм, дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ба даст оварданд. Варзишгаронамон инчунин 3 рекорди олимпиро гузошта, дар варзиши ҷаҳон саҳифаи дурахшонро боз намуданд. Медали тиллои якумро барои ватанамон таэквондочӣ Улуғбек Рашидови 19-сола тақдим намуд, ки дар мамлакатамон аз ҳама ҷавонтарин чемпиони олимпӣ гардид.
Вазнбардор Акбар Ҷӯраев дар маҷмӯъ 430 килограммро бардошта, рекорди олимпӣ гузошт ва медали дуюми тиллоиро барои ҷамоа армуғон кард.
Боксчии соҳибистеъдод Баҳодур Ҷалолов ваъдаеро, ки ба Президент дода буд, иҷро намуд ва ғолиби Бозиҳои олимпӣ гардид. Ӯ дар тоифаи абарвазн талош варзид.
Медалҳои биринҷиро намояндагони истиқболноки мактаби якҳарбаи ватанӣ – дзюдочӣ Давлат Бобонов ва гӯштингири тарзи озод Бекзод Абдураҳмонов ба даст оварданд.
Президент ба падару модарон ва мураббиёни ин варзишгарон миннатдорӣ изҳор намуд.
– Ба чунин муваффақиятҳои бузург фақат насле ноил мегардад, ки дар шарёнашон нерӯ ва қудрати ниёгони бузургамон, мисли Ҷалолиддин Мангубердӣ, Амир Темур, Паҳлавон Маҳмуд ва Заҳириддин Бобур ҷорӣ аст, ба чунин насле ноил мегардад, ки аз ҳар ҷиҳат муносиби ин шахсиятҳои бузург мебошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бо қаноатмандӣ инкишофи муттасили варзиши занона дар мамлакатамон қайд гардид. Иштироки 28 нафар варзишгарзанон дар Олимпиадаи Токио аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки он дар таърихи Ӯзбекистони мустақил натиҷаи рекордӣ гардид.
Роҳбари давлат хидмати гимнасти дар ҷаҳон маъруфамон Оксана Чусовитинаро махсус таъкид кард, ки ҳашт бор пайи ҳам дар бозиҳои олимпӣ аз рӯйи гимнастикаи варзишӣ ширкат намуд. Ин натиҷаи барои варзиши ҷаҳон нодир ба Китоби рекордҳои Гиннесс дохил гардидааст. Аз ин рӯ, иштироки вай яке аз рӯйдодҳои муҳими Олимпиадаи Токио шумурда шуд.
– Мо бо чунин варзишгарони афсонавӣ ҳаққи ифтихор намудан дорем. Шуҷоат, иродаи вай ба ғалаба барои дастовардҳои баланд ва шараф барои варзишгарони ҷавон чун мактаби хос хидмат менамояд, – гуфт Президент.
Барои муҳаббат ва садоқат ба Ватан, шуҷоат дар варзиш, иродаи қатъӣ ва истодагарӣ ба Оксана Чусовитина унвони «Мураббии хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дода шуд.
Ба Девони Вазирон супурда шуд, ки мактабҳои варзишии Оксана Чусовитина ва Баҳодур Ҷалолов таъсис дода шаванд.
Роҳбари давлат номи Зайнаб Дайибековаи 18-соларо низ ба забон гирифт, ки дар таърихи мамлакатамон дар намуди мусобиқоти олимпии шамшербозӣ ширкат намуд ва ҳамчунин аз Кумушхон Файзуллоеваи 19-сола зикр намуд, ки дар намуди вазнбардорӣ ҷавонтарин иштирокдори мусобиқот буд.
– Тавре ки мебинед, варзишгарони далери Ӯзбекистон бо шуҷоат ба арсаи байналхалқӣ мебароянд. Ҳамаамон бо онҳо самимона фахр менамоем. Ҳамзамон ба ҷавононамон гуфтан мехоҳам, ки: агар шумо бо қатъият кор накунед, пас назари духтарон шуморо намегирад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Чи хеле ки маълум аст, дар мамлакатамон мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА барои ғолибон, 100 ҳазор доллар барои соҳибони медали нуқра ва 50 ҳазор доллар барои ҷоизадорони медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ муқаррар гаштааст.
Роҳбари давлат нақши бузурги мураббиёнро дар омода намудани варзишгарон дар мусобиқот таъкид кард, ки он дар муҳити рақобати шадид баргузор шуд. Бинобар ин мураббиёни чемпионҳои олимпӣ ба сифати подош 40 ҳазор долларӣ, мураббиёни соҳибони медалҳои биринҷӣ 20 ҳазор долларии ИМА мукофотпулӣ мегиранд.
Ба даст овардани роҳхат ба олимпиада ва иштирок дар он низ муваффақият аст, ки барои ноил гардидан ба он варзишгар ҷараёни мураккаби бисёрсоларо пушти сар менамояд, ба ин кор худро пурра мебахшад. Бо дарназардошти он қарор дар бораи мукофотонии варзишгарон-иштирокдорони Олимпиада дар ҳаҷми панҷ ҳазор доллар қабул гаштааст.
Дар чорабинӣ инчунин вазифаҳо дар бобати тайёрӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж муайян гардиданд.
Бо ҷалб намудани ширкати байналхалқӣ доир ба менеҷменти варзишӣ барпо намудани аудити ҳар як ҳалқаи соҳаи варзиш ва банобар натиҷаи он андешидани чорабиниҳо доир ба минбаъд такомул додани идораи муассисаҳои тарбияи ҷисмониву варзишӣ ва федератсияҳои варзишӣ супурда шуд.
Бо намудҳои якҳарба маҳдуд нагардида, ба аҳамияти ба даст овардани литсензияҳои олимпӣ аз рӯйи намудҳои ҷамоавии варзиш низ ишора гардид.
Эътибори алоҳида ба баланд бардоштани сифати таълими варзишӣ, татбиқи усул ва амалиёти замонавӣ, интихоб ва таълими варзишгарони маҳоратнок нигаронида шуд.
– Аз хориҷа на легионерҳо, балки мутахассисони пешқадамро барои тарбия намудани варзишгарон овардан зарур, – гуфт Президент.
Пурра таҷдиди назар намудани квотаи қабул ба коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва беҳсозии фаъолияти таълимии онҳо супурда шуд. Дар мамлакат 329 мактаби варзишӣ амал менамоянд. Дар онҳо беш аз 13 ҳазор мураббӣ меҳнат мекунанд, беш аз 328 ҳазор ҷавонон бо бештар аз сӣ намуди варзиш машғуланд. Аммо на ҳамаи ин мактабҳо босамар кор мебаранд. Баъзе аз онҳо ягон нафар чемпиони мамлакат тарбия нанамудааст.
Бинобар ин ҷорӣ намудани низоми фармоиши давлатӣ барои ҳар як мактаби варзишӣ зарур аст, ҳамзамон ба тарбияи ҷавононе, ки соҳиби разряд ва унвонҳои варзишӣ ҳастанд, эътибори алоҳида нигаронида шавад.
Дараҷаи пасти чемпионатҳои миллӣ ва вуҷуд надоштани рақобат дар онҳо таъкид шуд. Дар чемпионатҳо аз рӯйи намудҳои бозии варзиш аз минтақаҳо ба миқдори кофӣ иштирок намекунанд. Федератсияҳо бо барпо намудани чемпионатҳо бо иштироки фақат 4-5 ҷамоа қаноат мекунанд.
Бинобар ин дар бобати такмили сохтори Вазорати сайёҳӣ ва варзиш ва низоми ташкили мусобиқот аз рӯйи намудҳои ҷамоавии варзиш супоришҳо дода шуд.
Аҳамияти беҳсозии омодагии ҷисмонӣ, тиббиву психологӣ ва таъминоти фармакологии варзишгарон таъкид ёфт, инчунин истифодаи тиббиёти халқӣ дар қатори таҷрибаи пешқадами хориҷии бархурди илмӣ зикр гардид. Вазифаи таъмини Маркази ҷумҳурии илмиву амалии тиббиёти варзишӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, таъсиси шуъбаи психологияи варзишӣ ва диетология гузошта шуд.
Чорабиниҳои рағбатноксозии ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони ҷаҳон ва ҳамчунин мураббиёни онҳо муайян карда шуданд.
Ногузирии пурра рақамӣ сохтани низоми селексияи истеъдодҳои ҷавон ва баргузор намудани чемпионатҳо, таҳияи платформаи варзишии захираҳои олимпӣ таъкид ёфт.
Бинобар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 август ба гурӯҳи варзишгарон ва мураббиёне, ки дар Бозиҳои олимпии XXXII тобистона дар шаҳри Токио натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, унвонҳои фахрӣ супурда шуда, онҳо бо медал ва орденҳо сарфароз гардонда шуданд.
Дар маросим ботантана супурдани ин мукофотҳои баланд ба амал омад.
Варзишгарон ва мураббиён, падару модароне, ки ба сухан баромаданд, ба роҳбари давлат барои боварии калон ва эътибор изҳори миннатдорӣ намуданд.
ӮзА.