Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 сентябр бо ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ, мураббиён, волидони варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Тавре маълум аст, мусобиқа аз 28 август то 8 сентябр дар пойтахти Фаронса – Париж баргузор шуд. Дар онҳо тақрибан 4,4 ҳазор паралимпиячиён аз 168 кишвар ширкат карданд. 65 нафар варзишгарони Ӯзбекистон аз рӯи 9 намуди спорт қувваозмоӣ намуданд.
Дар Бозиҳои паралимпӣ мисли Олимпиада барои мамлакати мо муваффақиятҳо, рекордҳо зиёд буданд. Ҳамватанони мо 10 тилло, 9 нуқра, 7 биринҷӣ – ҳамагӣ 26 медал ба даст оварда, рекордҳои зиёд гузоштанд. Онҳо дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои 13-ум, инчунин дар Осиё ҷойи 3-юм ва дар байни кишварҳои туркӣ, исломӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои якумро гирифтанд.
Президент аз номи халқ аҳли ҷамъияти спортро бо натиҷаҳои ба даст овардашуда табрик кард.
– Бозиҳои паралимпӣ намоиши ирода, мардонагӣ ва матонат, накукорӣ ва инсондӯстӣ мебошанд. Шумо зинаҳои баландро фатҳ кардед ва қаҳрамонони воқеии мусобиқаҳо шудед. Дар таърихи спорти Ӯзбекистон ғалабаҳо бисёранд. Аммо мо ҳеҷ гоҳ дар Бозиҳои паралимпӣ чунин дастовардҳои рекордӣ надоштем», – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Пас аз Паралимпиадаи қаблӣ дар Ҷопон мақсад гузошта шуда буд, ки дафъаи оянда аз сафи понздаҳ кишвари пурқуввати ҷаҳон ҷой гирем. Барои расидан ба ин мақсад солҳои охир корҳои калони тайёрӣ ба ҷо оварда шуданд. Мувофиқи тамоюли давлати иҷтимоӣ барои варзишгарони ногиро тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар натиҷа Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойи 13-умро ишғол намуда, ба мақсади пешгузошта ноил гардид.
Махсусан Хусниддин Норбеков хуб баромад карда, чемпиони секаратаи паралимпӣ шуд ва дар ядропартоӣ медали тилло гирифт. Варзишгарони дигари мо низ муваффақияти намоён ба даст оварданд: ядропарто Бобирҷон Омонов ва дзюдочӣ Шерзод Намозов бори дуюм ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромаданд. Устоди дискпартоӣ Толиббой Юлдошев соҳиби ду ҷоиза гардида, медали тилло ва биринҷӣ ба даст овард, қаҳрамони дукаратаи Паралимпиада Ёрқинбек Одилов дар намуди найзапарронӣ рекорди Осиёро гузошт. Асадбек Тоштемиров дар таэквондо, Қудратуллохон Маъруфхоҷаев ва Элбек Султонов дар ядропартоӣ низ дар риштаҳои худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Баромади варзишгарони мо, ки дар Бозиҳои кунунӣ 11 медал ба даст оварданд, сазовори диққати махсус аст. Асила Мирзаёрова дар ҷаҳидан ба дарозӣ ва Нурхон Қурбонова дар найзапартоӣ қаҳрамони паралимпӣ гардида, ҳам рекорди бозиҳо ва ҳам рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд. Шоҳинахон Йигиталиеваи 15-сола бо дарёфти медали нуқра ба унвони ҷавонтарин барандаи Бозиҳои паралимпӣ дар таърих ва Рӯзӣ Қӯзиева дар пауэрлифтинг мақоми дувумро касб кард.
Мунтахаби мо оид ба таэквандо бори аввал дар бозиҳои паралимпӣ 3 медал ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ мақоми сеюмро касб карданд. Намояндагони Ӯзбекистон оид ба атлетикаи сабук бори аввал 8 медали тилло ба даст оварданд, ки 80 фоизи ҷоизаҳои олии сифатро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат ғолибонро ном ба ном ба забон гирифта, матонат ва саъю кӯшиши онҳоро қайд намуд. Президент ба онҳое, ки ин дафъа каме омад насиб накард, изҳори пуштибонӣ намуда, ба онҳо дар оянда барору комёбиҳо таманно кард.
– Ғалабҳои дурахшон ва барҷастаи варзишии шумо бори дигар равшан нишон доданд, ки инсон, ки офарандаи беҳамтои Худованди мутаъол аст, дар ҳақиқат чӣ қобилият, қудрат ва неруи беандоза дорад. Бешубҳа, ирода ва ҷасорати собитқадам омилҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ бисёр чизҳоро ҳал мекунанд. Аммо одами арзандаро тарбия кардану ба воя расондан, дилу ҷони ӯро бо чунин ирода пур кардан асло кори осону оддӣ нест. Ман хуб тасаввур карда метавонам, ки шумо азизон чӣ гуна роҳи дуру дароз, душвор ва мураккабро тай карда, ба шоҳсуфаи имрӯза баромадед. Ман хуб медонам, ки дар ин роҳ шумо бо озмоишу мушкилоти гуногун, шакку нобоварӣ, ҳаяҷонҳои сидқӣ ва ҳиссиёт дучор шуда, шабҳои зиёди бехобиро паси сар кардед. Инчунин медонам, ки дар роҳи сӯйи мақсаде, ки дар назди худ гузоштаед аз дигарон бештар меҳнат кардан, даҳ ҳатто, сад маротиба зиёдтар душвориҳоро паси сар кардан лозим омад. Дар чунин лаҳзаҳои душвори имтиҳон дар паҳлӯи шумо одамони фидокор буданд, ки дар дилҳоятон умеду эътимод, азму иродаи қавӣ ва ҷасоратро ҷой дода, ҳамеша шуморо дастгирӣ намуда, ба пирӯзӣ илҳом мебахшиданд, – қайд кард Президент.
Ба ин муносибат дар маросим волидон ва наздикони варзишгарон низ қадрдонӣ карда шуданд.
Сарвари давлат ба мураббиёну равоншиносон ва мутахассисоне, ки дар тарбияи варзишгарон заҳмат кашиданд, изҳори сипос кард.
– Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем: Ӯзбекистони Нав мактаби ба худ хоси мардонагӣ, мактаби шуҳрати худро дорад. Шумо офарандагони аслии ин мактаб ҳастед. Бешубҳа, комёбиҳои шумо дар варзиш ва дар ҳаёт барои ҷавонон чун мисоли равшан хидмат намуда, манбаи неру, қувва ва мардонагӣ мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон дастгирии фаъолонаи одамони имконияташон маҳдуд идома ёфта, барои шуғл варзидан бо варзиш шароити фарогир фароҳам оварда мешавад. Дар ин самт Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва Ассотсиатсияи намудҳои мутобиқшудаи варзиш корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар оянда ба густариши намудҳои варзиш барои шахсони ногиро ва таъмини мутобиқгардии иҷтимоии онҳо дар ҷамъият таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои паралимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес низ баррасӣ шуд. Ба зарурати таҳияи стратегияи аниқ, ки ба густариши иштирок дар намудҳои варзиш, баланд бардоштани дараҷаи тайёрӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои баланд нигаронда шудааст, диққати махсус дода шуд. Дар назар аст, ки соҳаи тибби варзишӣ, фармакология ва диетологияро инкишоф дода, инчунин фаъолияти равоншиносон, ки бо паралимпиён кор мекунанд ҳавасманд гардонда шавад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 сентябр як гурӯҳ варзишгарону мураббиёне, ки дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпии Париж ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд, бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар чорабинӣ маросими супурдани ин ҷоизаҳо баргузор гардид.
– Шумо шахсиятҳои нотакрор ҳастед, ки сарфи назар аз ҳар гуна душвориҳои зиндагӣ ва озмоишҳои тақдир, танҳо барои пирӯзӣ, мақсадҳои наку талош меварзед. Бигузор ин ҳислатҳои шумо ҳамеша ба шумо хушбахтӣ ва барор оварад! – гуфт Президент.
Варзишгарон, мураббиён ва волидон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба сарвари давлат изҳори сипос намуданд.
ӮзА.