Ба дил пайванд то роҳи забонҳо,
Муҳаммад ШОДӢ
БА ВОИЗҲОИ ТУ ГУФТОР ЗЕБАД
Ба дил пайванд то роҳи забонҳо,
Чи сон обод даргоҳи забонҳо.
Дариям, бо ту «Шаҳнома»- аст чун сабт,
Ту ҳастӣ, бегумон, шоҳи забонҳо.
***
Баландӣ хос бар гардуни тоҷик,
Ҳамият дар дилу дар хуни тоҷик.
Дили огоҳ дорӣ, ҳамзабонам,
Чу донӣ маънию мазмуни тоҷик.
***
Ту будӣ осмони беканора,
Суханварҳои ту беш аз ситора.
Дар ин марзе, ки аз бобои ту монд
Шавӣ, эй қавм, аз чӣ камшумора?
***
Ҳамеарзад чу фахрӣ бо писарҳо,
Писарҳои ту аз болоназарҳо.
Дарии ман, чу Саъдӣ шаҳписарҳот
Гузориданд аз худ шоҳасарҳо.
***
Дарии ман, туро дарбор зебад,
Ба Фирдавсии ту дастор зебад.
Ғазалҳои равон бар Ҳофизи ту,
Ба Воизҳои ту гуфтор зебад.
***
Забони ман забони тоҷварҳо,
Муқаддарҳо, музаффарҳо, ҳунарҳо.
Куҷо донанд эҳсоси дили ман
Дур аз мадди назарҳо, бехабарҳо.
***
Самарқанд аз дигар бунёд мекард,
Бинои маърифат обод мекард,
Бишуд Соҳибқирон вирди забонҳо
«Тузукот» чун дарӣ эҷод мекард.
***
Забони модариям – ифтихорам,
Туӣ шаъну шукӯҳу эътиборам.
Ту гӯӣ Рустамам аз «Шоҳнома» –
Забони модариям – иқтидорам!
***
Яке эъҷоз парвози сухан низ,
Суханпардоз мурғони чаман низ.
Маро ҳаммодаранд ин ҳамзабонон –
Умумӣ гӯиё модар-ватан низ.
***
Чу булбул дӯст дорӣ ин чаманро?
Ҳаводорӣ ту ҳам базми суханро?
Забони модариро дӯст дорӣ
Ба қадре дӯст дорӣ ин Ватанро?
***
Агарчанде ки дар як хона ҳастем,
Яке шамъу яке парвона ҳастем,
Наронӣ бо забони модарӣ ҳарф
Писарҷон, мову ту бегона ҳастем!
***
Забонгумкарда шеъри мо нахонад,
Забонгумкарда даври мо наронад!
Забони аҳли хулдии дариро
Забонгумкарда донад ё надонад...
***
Аз он дам килк Умар Хайём меронд,
Ҷаҳон мафтун ба шеъри форсӣ монд.
Канӣ акнун дарӣ донист дунё –
Рубоиҳои ӯ дар асл мехонд!
***
Дарӣ, бинмой рӯи Рӯдакиро,
Ҷавонтолеъ он пири закиро.
Дарии ман, кушо дамҳои пирӣ
Дари афсонаҳои кӯдакиро.
***
Дарии ман, туӣ бар ҷои модар,
Расӣ бар гӯш чун овои модар.
Дарии ман, забони модариам,
Дароям бо ту бар маъвои модар.
***
Ду-се ноҷинс минбар мефурӯшад,
Ду-се ноҷинс гавҳар мефурӯшад.
Худоё, аз барои ҷоҳу мансаб,
Ду-се ноҷинс модар мефурӯшад!
***
Ҷигар дорӣ-надорӣ, ҳамзабонам?
Шарар дорӣ-надорӣ, ҳамзабонам?
Диҳад умри занеро, ки туро зод,
Падар дорӣ-надорӣ, ҳамзабонам?
***
Ту берун аз назарҳоӣ, бародар,
На аз мо, аз дигарҳоӣ, бародар.
Забони модариро хор кардӣ,
Ту ҳам з-«оқи падар»-ҳоӣ, бародар?
***
Забонҳои дигар донӣ, азизам,
Сухан бо сад забон ронӣ, азизам.
Забун, аммо, забони модариат,
Сари ҳар ҳарф дармонӣ, азизам.
***
Забонҳои дигар то мепарастӣ,
Гумон дорем, фарзанди кас астӣ!
Ту ҳам пайванд бар кӯҳи баландӣ?
Ба кӯҳистонӣ хос ин гуна пастӣ?!
***
Ман аз ту муслим, имон астӣ, охир,
Маро шаъну маро шон астӣ, охир.
Надорам дӯст аз ҷон ҳамчу фарзанд?
Забони модари ҷон астӣ, охир!
***
Пур аз ганҷина чун ту кӯҳсоре?
Сафобахш аз ту бошад обшоре?
Забони модарӣ, ин дурри дунё
Чӣ назди бебаҳоие, ки дорӣ?
***
Чу бинмуданд хор ин нохалафҳо,
Накарданд эътибор ин бетарафҳо,
Забон, дар ҳифзи ту ҷон месупорем,
Наем аз бетараф, аз бешарафҳо!
***
Ба Боборӯдакии хеш меноз,
Бихон ӯ – хуш наво оғоз месоз.
Падарҳо то ризо монанд аз ту
Забони модарӣ бинмой эъзоз.
***
Чи хуш, ҳамчун навозишҳои модар,
Ҳама ҳарфу ҳиҷоят рӯҳпарвар.
Гуворо ҳар дами соҳибзабонон,
Ту ҳастӣ дар даҳон то тозаву тар!