БА ҲАМА ГУНА ШАКЛИ МОНЕЪШАВӢ БА ТАЪЛИМГИРИИ КӮДАК РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД

Бинобар маълумоти Созмони байналхалқии меҳнат ҳоли ҳозир 218 миллион наврас қурбони меҳнати иҷборӣ мебошанд.

89 миллион нафари онҳо бо корҳои хавфнок ва зараровар машғуланд.
Дар кишвари мо солҳои охир ба муқобили меҳнати иҷборӣ корҳои бузурге анҷом ёфтанд. Ӯзбекистон бо Созмони байналхалқии меҳнат ҳамкории фаъол дорад. Дар ин бобат 14, аз ҷумла 8 конвенсияи асосӣ, ҳамчунин конвенсияҳои вобаста ба мубориза алайҳи меҳнати наврасон ва меҳнати иҷборӣ тасдиқ карда шуданд.
Ҳамзамон асосҳои қонунгузории меҳнати иҷборӣ ва меҳнати наврасон мустаҳкам карда мешаванд. Аз ҷумла, солҳои 2018-2021 ба кодекс ва қонунҳои дахлдор тағйирот ва иловаҳо дохил карда шуданд. Ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷавобгарии ҷиноӣ нисбати онҳое, ки аз меҳнати наврасон истифода мебаранд ё худ талабҳои дар ин бобат гузошташударо вайрон карда, бачагонро ба меҳнати иҷборӣ маҷбуран ҷалб менамоянд, мустаҳкам гардиданд.
Бахусус, дар кодексҳои «Дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ» ва ҷиноят зикр гардид, ашхосе, ки наврасони ба воя нарасидаро ба меҳнат ба тарзи маъмурӣ ҷалб кардаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё худ ҷиноӣ кашида мешаванд.
Бинобар иродаи  қатъии сиёсии Президенти мамлакати мо солҳои охир дар кишвар ба меҳнати наврасон ва меҳнати иҷборӣ куллан барҳам дода шуд. Туфайли аз меҳнати иҷборӣ ва меҳнати наврасон даст кашидан бойкоте, ки нисбати пахтаи мо эълон гардида буд, бекор карда шуд. Дар натиҷа имконияти ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ бо беш аз сесад бренди машҳуртарини ҷаҳон фароҳам омад.
Иқдомҳои муҳиме, ки алҳол барои ба дараҷаи конститутсиявӣ мустаҳкам кардани сиёсати давлат дар соҳаи мазкур гузошта мешаванд, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон барои бо таълими босифат фаро гирифтани кӯдакон, ба амал татбиқ гардидани орзую омоли онҳо имкониятҳои зиёд фароҳам меоянд. Пайдост, ки агар барои таълим гирифтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва ба орзуву мақсад расидани наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шаванд, ин ба пешрафт ва комёбиҳои онҳо мусоидат мекунад.
Зеро тибқи моддаи 44-уми Сарқонун тамоми шаклҳое, ки ба саломатӣ, бехавфӣ, ахлоқ, пешрафти ақливу ҷисмонии наврасон хатар ворид мекунанд, аз ҷумла, барои таълим гирифтани онҳо монеа ба миён меоваранд, манъ карда шудааст.
Бидуни муболиға метавон гуфт, ки меъёри мазкур дар таҳрири нави Қонуни Асосӣ ҳамчун кафолати ҳуқуқии пешгирӣ аз ҳама гуна шаклҳои меҳнати кӯдакон, ҳимоя кардан, барои аз ҳар ҷиҳат солим ва комил ба воя расидани онҳо хизмат мекунад.
Умуман комёбиҳое, ки дар мубориза бар муқобили меҳнати наврасон ба даст омадаанд, бидуни шубҳа, нишондиҳандаҳои муҳими муваффақияти ислоҳот дар Ӯзбекистон ба шумор мераванд, онҳо барои баланд бардоштани обрӯи байналхалқии мамлакат ва афзудани суръати тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии он таъсири мусбат мерасонанд.

Дилбар МАМАҶОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: