Ман, Хуршед Зокиров, 42-сола, рӯзноманигор-тарҷумон, сокини шаҳри Душанбе, роҳбари корхонаи хусусии тарҷумонию нашри китобҳо ҳастам.
То имрӯз чандин бор бинобар кору вазифа ба Ӯзбекистон, махсусан, ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанду Бухоро сафар кардаам.
Модарам Машраббибӣ Ғоибназарова аслан аз деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон, падарам аз Тоҷикистон мебошанд. Боре модарам гуфтанд:
– Ту ҳам аз ҷониби модарат ватани бобоӣ дорӣ. Биё, ҳамроҳ барои дидани хешу табори ӯзбекистонӣ меравем, онҳоро хабар гирифта меоем.
Ман зуд ба ин таклиф розӣ шудам ва мо ба роҳ баромадем. Аз Душанбе ба Конибодом расида, аз тариқи деҳаи Патар ба ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона гузаштем. Мо маротибаи аввал бо мошин ба кишвари ҳамсоя мерафтем. Аз ин рӯ роҳро дуруст намедонистем. Вале бо кумаку роҳнишондиҳиҳои фарғонагиён ба зодгоҳи модарам – деҳаи Варзик расидем. То ба манзил ду гузаргоҳи сарҳадии ду кишварро дар давоми ним соат гузаштем. Ин, воқеан ҳайратангез буд. Вақте аз шаҳри Чуст мегузаштем, яке аз се духтаронам, (онҳо ҳамсафарамон буданд) пурсид:
– Падарҷон, ба куҷо омадем?
– Ба Ӯзбекистон, ба шаҳри Чуст омадем, – бо ифтихор ҷавоб додам ба ӯ.
– Ин шаҳр ҳам ранги шаҳрҳои худамон-ку, – гуфт дигаре низ бо тааҷҷуб.
– Оре, ин ҷойҳо ҳам чун манзилу макони мо, – сухани ӯро қувват дод духтари калонӣ.
Ҳамин тавр мо – ҳамсафарон аз саёҳатамон ба ин гӯшаи дилрабои вилояти Намангон хурсанду шод шудем.
Зеро ин лаҳзаҳоро беш аз 30 сол интизор будем.
Ба президентҳои ҳар ду давлат – Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба халқҳои бародару хешовандони ӯзбеку тоҷик чунин имкониятҳоро фароҳам оварданд, ҳазор ташаккуру сипос. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, соли 2010, ки бобоям вафот карда буданд, барои иштирок дар ҷанозаашон «виза» гирифта натавониста будем. Аз ин рӯ, барои иштирок дар маросими дафни бобо зарур омада буд аз заҳбуру роҳҳои пинҳонии сарҳад гузарам. Ҳоло бошад, сайру саёҳат бемалол аст, ба шаҳри Намангон рафта, холаамро дидем, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Боғи «Афсона»-и шаҳрро тамошо кардем. Дар он ҷо сайёҳони худиву хориҷӣ зиёд буданд. Мо аз тамошои шаҳр хеле хурсанд шудем. Он ба ростӣ басо ҷолибу диданӣ будааст. Яъне ба ҳама гуна таърифу тавсиф меарзад. Мехостам, аз тариқи рӯзномаи маҳбуби «Овози тоҷик» бигӯям: мо омадем, шумо низ ба Тоҷикистон биёед, зеро аз тариқи рафтуомаду дидорбинӣ муносибатҳои дӯстӣ мустаҳкам ва меҳру муҳаббат зиёдтар мешавад.
Таҳияи
Ш. МИРЗОЕВ,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.