БА ҲАМАИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБҲО

Хатмкунандагони азиз!

Самимона, аз таҳти дил шуморо бо муваффақона хатм намудани мактаб ва ба ҳаёти мустақилонаи наҷиб ва бештар аз он марҳалаи масъул ворид шуданатон табрик мегӯям.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, вақте ки дар тамоми муассисаҳои таълими ҳамагонии мамлакат «занги охирин» садо медиҳад ва шумо аз мактаби азиз, мураббиёни дӯстдошта ҷудо мегардед, ба ҳамаатон дар роҳи оянда муваффақиятҳои бузург орзумандам.
Шуморо бо дарёфти номаи камол – рамзи умед ва эътимод барои фардо табрик менамоям.
Фарзандони азизи ман!
Имсол мактабҳои таълими ҳамагонии ҷумҳуриро беш аз 390 ҳазор ҷавонон хатм мекунанд. Мисли шумо ҷавонони боазм, ки омодаанд дониш ва иқтидори худро барои дарёфти мақсади нек – писарон ва духтарони муносиби Ватан ва халқи худ гардидан равона намоянд, бешубҳа, умед ва такягоҳи мо, хазинаи тиллоӣ, воқеан давлати ноёби Ӯзбекистони Нав ҳастед.
Воқеан, ин рӯз нафақат барои хатмкунандагони макотиби мамлакат, балки барои тамоми падару модарон, муаллимон ва мураббиёни онҳо рӯзи хотирмон хоҳад гардид. Онҳоро бо ин ҷашни аҷоиб табрик намуда, беҳтарин орзуҳои худро таманно менамоем.
Солҳои охир дар низоми таълими томактабӣ, миёнаи махсус ва таълими олӣ ислоҳоти куллӣ ба амал татбиқ гардид. Хусусан рушди таълими мактабӣ ба ҷунбиши умумихалқӣ табдил ёфта, дар ин соҳа тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳоло ҳозир дар мамлакат бо беш аз 10 ҳазор мактаби таълими ҳамагонии давлатӣ бисёр муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, мактабҳо дар асоси шарикии давлативу хусусӣ, Президентӣ, мактабҳои махсус ва эҷодӣ фаъолият доранд, ки аз бозсозии амиқи сохторӣ ва сифатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар низом дар муддати хеле кӯтоҳ ба амал татбиқ гардид.
Танҳо соли гузашта дар 789 мактаб корҳои сохтмону таъмир ба амал омада, барои ин дар ҳаҷми 3,3 триллион сӯм маблағ харҷ гардид. Ҳамаи моро он чиз хушҳол месозад, ки теъдоди медалҳое, ки хонандагонамон дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ ба даст меоранд, 3 баробар афзуда, дар олимпиадаҳои минтақавӣ қариб 23 баробар, дар доираи лоиҳаи «Як миллион нафар барномасоз» беш аз 900 ҳазор хонанда сабақи барномасозиро касб карда, сертификати марбутро дарёфт намуданд.
Ба муносиб рағбатнок сохтани меҳнат, беҳсозии шароити кор ва ҳаёт, боло бурдани мақоми муаллимон ва мураббиёни шуҷоатмандамон дар ҷамъият, ки ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидаанд, аҳамияти калон дода мешавад.
Дар асоси азхуд намудани таҷрибаи мамлакатҳои рушднамуда барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ нав карда мешаванд. Дар ин самт ба вуҷуд овардани маҷмӯаҳои таълимиву методӣ, дастурҳо барои муаллимон ва дафтарҳо барои машқ дар маҷмӯъ дар 326 номгӯ барои мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ қадами махсусан муҳим гардид.
Тамоми мактабҳои мамлакат ба шабакаи фаврии оптикии маҳини интернет пайваст гардида, шабакаҳои алоҳидаи мустақил ва дастгоҳҳои Wi-Fi гузошта шуданд.
Дар ин замони ноором ва таҳлукаангез мо махсусан ба тарбияи бачаҳо чун шахсиятҳои маънавияташон баланд, ватанпарастони ҳақиқӣ эътибори алоҳида медиҳем. Чорабиниҳои вусъатноки маънавиву маърифатӣ ташкил гардида, кори муттасил, ки ба баланд бардоштани шавқи насли наврас ба мутолиаи китоб, барои ҳарчи фаъолтар ҷалб намудани он ба маҳфилҳои адабиёт ва санъат, сексияҳои варзишӣ нигаронда шудааст, бурда мешавад.
Хатмкунандагони азиз!
Солҳои охир барои мардумамон, хусусан барои онҳое мисли шумо, ҷавонон, Ӯзбекистон мамлакати воқеан имконоти васеъ мегардад.
162 муассисаи таълими олие, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад, мактабҳои касбӣ, коллеҷ ва техникумҳои зиёд барои дар соҳаи интихобнамудаатон мутахассисони баландмалака гардидан мусоидат менамоянд.   
Дар 78 муассисаи таълими олӣ инчунин низоми таълим бе ҷудо гардидан аз истеҳсолот, дарёфти маълумоти олии фосилавӣ ҷорӣ гардидааст.
Бо таълими олӣ фаро гирифтани хатмкунандагон имсол нисбат ба 9 фоизи соли 2016 ба 38 фоиз расид.
Дар низоми таълими касбӣ барои ятимон ё ки бе падару модарон аз хонаводаҳое, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, бачаҳои ногиро имконоти махсус ба вуҷуд оварда мешавад.
Бояд таъкид кард, ки соли хониши 2020-2021 1157, соли хониши 2021-2022 1433 нафаре, ки ба коллеҷ ва техникумҳо дар асоси қарордод ба таҳсил дар асоси гранти иловагии давлатӣ қабул гардидаанд, берун аз андозаҳои қабул буданд.
Боварӣ дорам, ки ба шарофати чунин имконот дар оянда шумо дар кластерҳои замонавӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонҳои нави калон, дар фирмаву ширкатҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамоаҳои маданӣ ва эҷодии мамлакат кор хоҳед кард ва, бешубҳа, дар шукуфоии Ватанамон, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум саҳми муносиб хоҳед гузошт.
Хуллас, ҳар як хатмкунанда дар мамлакатамон бо эътибор ва ғамхорӣ фаро гирифта мешавад. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, роҳбарони секторҳо, ҷамоатҳои маҳаллаҳо якҷоя бо падару модарон ва муаллимони шумо бароятон шахсони аз ҳама наздики мададгор ва муттако хоҳанд гардид.
Дар ин рӯзи хушнудкунанда бори дигар шумо, азизонро, бо хатми муваффақонаи мактаб, пушти сар намудани марҳалаи аввали муҳим дар роҳи ҳаётатон самимона табрик менамоям.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки дар пеш шуморо боз ҳам қуллаҳои баланд ва масъулиятнок мунтазир аст. Агар шумо дар наздатон мақсадҳои дақиқ гузошта, барои ноил гардидан ба он тамоми нерӯ, дониш ва зарфияти худро харҷ намоед, албатта ҳар гуна қулларо фатҳ хоҳед кард.
Барои ҳамаатон тандурустӣ, дар кор, таълим ва ҳаёти шахсӣ муваффақияти калон орзу менамоям.
Дар роҳи мақсад таваққуф накунед, бигзор ҳамеша бахт ва тавфиқ бо шумо бошад, фарзандони азизи ман!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: