Ба ҳамкориҳои Ӯзбекистону Малайзия 30 сол пур шуд

21 феврали соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба вазири корҳои хориҷии Малайзия Сайфуддин Абдуллоҳ ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар номаи табрикӣ ирсол намуд.

Аз ҳамкории зич ва созандаи ҷонибҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ алоҳида зикр мешавад.

Ба боз ҳам амиқтар шудани муносибатҳои Ӯзбекистону Малайзия дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори боварӣ карда мешавад.

***

Қобили зикр аст, ки Малайзия қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул шудааст, дастгирӣ кард ва яке аз ҳаммуаллифони он гардид, хабар мендиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: