Дар арафаи иди Наврӯз ба вилояти Қашқадарё сафар намудам.
Дар арафаи иди Наврӯз ба вилояти Қашқадарё сафар намудам. Вилоятро тамошо кардам. Ҳувайдост, ки сол аз сол ободу зебо мегардад ва мардум низ аз ҳаёти орому пуросоиш ва рӯзгори фаровон баҳра мебаранд. Аммо иди Наврӯзи имсола ба як идда мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст, ки ба далели пайдо шудани коронавирус рӯи кор омадааст.
Дар яке аз маҳаллаҳои марбути ноҳияи Ғузор меҳмон будем. Субҳ дарвозаи ҳавлиро касе кӯфт. Соҳибхона ба тарафи дарвоза рафт, то бидонад, ки дар ин субҳи босафо кӣ ба сӯроғаш омадааст ва аз вай чӣ мехоҳад. Вале соҳибхона фавран ба ақиб баргашт ва ҳадаҳа ба ошхона даромада, як зарф дар даст дубора ба тарафи дарвозахона шитофт. Лаҳзае нагузашта бо лабони пуртабассум косаи пури суманакеро, ки буғаш мебаромад, болои дастархон оварда гузошт.
– Як арӯси зебо бо писарбачаяке дар кӯчаи мо суманак тақсим мекарданд. Ин аз суманаки онҳост. Ба ин суманак насибаи шумо низ қӯш будааст, – гуфт бо ҳамон чеҳраи кушод соҳибхона Салоҳуддин Эркаев.
– Дасти пазандаҳо ҳаргиз дард набинад. Ҳамон арӯс низ аз бахту саодат ҳамеша бархурдор бошад, – гуфта дуо кард модари Салоҳуддин – момои Хурсаной. Ҳама аз паси ӯ даст ба рӯй кашидем.
Момои Хурсаной Эркаева 82 сол дорад. Ӯ соҳиби 12 фарзанд ва набераву абераҳои зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин момо, 14 фарзанд таваллуд кардааст, аммо аз онҳо 2 нафарашон ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Момо ҳанӯз бақуввату чолок аст. Вай қошуқҳоро аз дасти келинаш гирифта ба ҳар кадоми мо дароз кард. Сонӣ худаш “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ҳамаамонро боз ба иду маросимҳои наврӯзӣ расонад!” гуфту ба суманаки косаи рӯи дастархон қошуқашро ғутонд.
Мо низ пешу ақиб аз суманаки коса нӯши ҷон кардем. Дарвоқеъ, суманак хеле ширин буд.
Ба гуфтаи момои Хурсаной онҳо ҳар сол иди Наврӯзро ба таври шоиста таҷлил мекарданд. Имсол низ ба ин ид ба таври хос омодагӣ гирифтаанд.
– Имрӯз як гурӯҳ занону духтарони кӯчаи Шӯртан суманак мепазанд. Ин маҳаллаи нави ҷамоати шаҳрвандони мо мебошад. Дар ҷои себзори васеи собиқ панҷ сол муқаддам ҳавлиҳои намунавӣ сохтанд. Ба он аз чаҳор самти ноҳияамон оилаҳо кӯчида омаданд, – мегӯяд момо.
Мардуми Қашқадарё мисли мардуми минтақаҳои дигар ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз ҳашарҳои умумихалқӣ баргузор мекунанд. Дар он одамони зиёд дастҷамъона ширкат меварзанд. Мардҳо ба тоза кардани гирду атроф, ободонӣ, кандани ҷӯйбор, сафед кардани бехи ниҳолҳо, девору иҳотаи ҳавлиҳо, ниҳолшинонӣ, ба кишт омода кардани замин ва амсоли он машғул мешаванд, занҳо ба сариштаву саранҷом намудани хона, шамол додани кӯрпаву бистарҳо, шустани қолинҳо мепардозанд.
Дар минтақаҳои ҷануб баҳор нисбатан зудтар фаро мерасад. Момо мегӯяд, бубинед, ки дар чаҳор тараф сабзаҳо дамидаву киштзори гандум майса задааст. Мардум аз омадани фасли баҳор ва иди Наврӯз хушҳоланд ва шукр мегузоранд, ки ба як баҳору Наврӯзи дигар расидаанд.
– Чун анъана, аллакай дар хонаводаҳои зиёд тараддудҳои васеи наврӯзӣ шурӯъ мешуданд ва оҳиста-оҳиста домани он васеътар гаштаву мардуми зиёдро фаро мегирифт. Иди Наврӯз бо суфраҳои хос ва хӯрданиву ғизоҳои гуногун ва хуштамъ аз иду маросимҳои дигари миллӣ фарқ мекунад. Аммо имсол дар майсазорон, доманаҳои кӯҳу пушта аз ташкили рақсу таронахонӣ, завқу шавқ ва пиёда кардани тантанаҳои наврӯзӣ, бузкашиву бозиҳои дигари варзишӣ сарфи назар хоҳанд шуд, – мегӯяд бо таассуф сокини кӯчаи Шӯртани ноҳияи Ғузор Раҳимахон Аллабердиева. – Бо суботу оромӣ мо иди Наврӯзро дар ҳавлӣ таҷлил мекунем. Падару модар, падарарӯсу модарарӯси худро ба атрофи дастурхони идонаамон мехонем. Худо хоҳад, иду маросимҳои зиёд дар пешанд.
Зимни тамошои растаҳои бозори деҳқонии ноҳия маълум шуд, ки одамони зиёд ба ваҳму воҳима печида нашудаанд. Дар ин бозор кас метавонад анвоъи мухталифро бо ҳамон нархи навои пештара ё ҳадди ақал каме гаронтар пайдо кунад. Дар як тарафи ин бозор занҳо ба фурӯши неъмати бебаҳои наврӯзӣ – суманак машғул буданд.
Мегӯянд, ки дар яке аз бозорҳои вилояти Қашқадарё тоҷирон аз вазъият сӯистифода намуда, ҳар як кило картошкаро ба ҷои сеюнимҳазорӣ – ҳафтуним, ҳатто ҳашт ҳазорсӯмӣ фурӯхтаанд. Ҳамон замон дастандаркорони ҳокимияти вилоят ва идораҳои марбута омадаанду ду мошин картошкаро мусодира намудаанд. Баъд панҷкилогӣ ба мардум ройгон тақсим кардаанд. Ин низ яке аз иқдомоте арзёбӣ гардид, ки ба хотири пешгирӣ аз боло рафтани нархи навои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум сурат гирифтааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Тошканд – Қаршӣ – Ғузор.