БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

Ба қарибӣ дар шаҳри Тирмизи бостонӣ дар байни ҷавонон ва ҳаводорони варзиши сабук мусобиқаи «Street workout» баргузор шуд.

Ба қарибӣ дар шаҳри Тирмизи бостонӣ дар байни ҷавонон ва ҳаводорони варзиши сабук мусобиқаи  «Street workout» баргузор шуд. Дар он аз саросари вилоят ҷавонон ва варзишгарони номӣ иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки «Street workout» намуди варзиши ҷавон ба ҳисоб меравад.
«Workout»  мазмуни ҳаракат, машқи эҷодкорӣ – намуди варзиши ҳаваскорӣ, мутааллиқ ба тарбияи ҷисмониро дар бар мегирад. Намуди варзиши кӯчагӣ ба ҳисоб меравад. Ин намуди варзиш дар кӯчаҳо, майдонҳо, барҳо, деворҳо, боғҳои истироҳатӣ амалӣ мегардад. 
Торафт ин намуди варзиш дар мамлакати мо низ мухлисони худро пайдо кардааст. Варзишгарони мо саҳми арзандаи худро баҳри пешрафти ин намуди варзиш гузоштаанд.
Дар мусобиқае, ки дар шаҳри Тирмиз шуда гузашт, дар қатори варзишгарони номии вилоят хонандаи синфи 11-уми мактаби миёнаи рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой Нӯъмонҷон Файзуллоев низ иштирок намуда, ҷои фахрии якумро ишғол намуд ва роҳхати ҷумҳуриявиро ба даст даровард.  
Бояд таъкид намуд, ки Нӯъмонҷон Файзуллоев дар мактаб яке аз хонандагони фаъол ба ҳисоб рафта, бо одобу рафтори ҳамидаи худ аз дигар шарикдарсонаш фарқ мекунад. Ин буд, ки ӯ ба ғайр аз дарсҳои мактаб, вақти холии худро дар майдончаи варзишии мактаб мегузаронд.
Самараи меҳнати суботкоронаи Нӯъмонҷон меваи худро дод. Ӯ дар байни ҷавонони синну солашон калон ва мураббиёни варзиш, ки дар ин мусобиқа қувваозмоӣ намуданд, дастболо шуд ва аз шоҳсуфа ҷой гирифт.
Дертар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Тошканд шуда гузашт, фаъолона иштирок намуд ва ба ҷойи чорум сазовор гардид.
Дар замири ин ҳама муваффақиятҳо меҳнати софдилонаю боварӣ ба қувваи худ, сабру тоқат ва матонати Нӯъмонҷон аст.
Натиҷаи меҳнати самараноки шогирди мо, ҳамагон дӯстону шарикдарсон ва омӯзгорони мактабро рӯҳбаланд кард. 
Саъю кӯшиши оқилона, меҳнати босубот, ранҷи боҳадаф  ҳеҷ гоҳ бесамар нахоҳад буд, зеро ба ин маънӣ бузургон фармудаанд:
Ба ҳар коре, ки 
ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, 
гулдаста гардад...

Шавкат 
АБДУРАҲМОНОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой.

Вилояти 
СУРХОНДАРЁ.                                                                                                             

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: