БА ҲАР ЯК ҶАВОН – ЯК ГЕКТАР

Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба ҷавонон дар ҳар як соҳа барои намоён кардани истеъдод ва идома додани касби дӯстдоштаашон ҳама шароит фароҳам оварда шудааст.

Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба ҷавонон дар ҳар як соҳа барои намоён кардани истеъдод ва идома додани касби дӯстдоштаашон ҳама  шароит фароҳам оварда шудааст.
Чунонки дар кишварамон июн «Моҳи ҷавонон» эълон карда шуд, ба ҳамин муносибат аз тарафи Шӯрои чустии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ташаббуси ташкилоти бачагон «Камалак» таҳти шиори «Барои Ватан, дӯстӣ ва бачагии хушбахт» озмуни видеороликҳо эълон карда шуд ва лоиҳаи «Экспресс-китобхона» ба фаъолият шурӯъ кард. 
Дар озмун зиёда аз 30 нафар ҷавонон аз тариқи онлайн видеороликҳои омодакардаашонро намоиш доданд.
Инчунин дар чаҳорчӯбаи Барномаи «Экспресс-китобхона» ба зиёда аз 40 оилае, ки фарзандонашон ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷанд, китобҳои бадеӣ туҳфа карда шуд.
Барои бо кори доимӣ банд кардани ҷавонон ва мазмуннок гузаронидани вақти холии онҳо ярмаркаи меҳнат, тадбирҳои гуногуни варзиш баргузор мегарданд. Аз ҷумла, барои ба як ҷо ҷамъ овардани эҷодкорони ҷавон «Клуби креатив» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ба клуб 100 нафар ҷавонони ба журналистика ва блогерӣ шавқманд қабул шуданд. Онҳо аз тариқи онлайн дар машғулиятҳо фаъолона иштирок менамоянд.
– Дар ноҳияамон то ҳозир 714 нафар ҷавонон бо кори доимӣ банд шуданд. Мо минбаъд ҳам барои бо кори доимӣ таъмин кардани ҷавонони ноҳия ҳамаи чорабиниҳои муфидро меандешем, – гуфт сармутахассиси Шӯрои ноҳияи чустии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Хайруллоев.
Инчунин, бо ташаббуси сарвари давлат барои бо кор таъмин кардани ҷавонон Барномаи «Ба ҳар як ҷавон – як гектар» нақши муҳим дорад. Аз рӯйи таъмини иҷрои барномаи номбурда, аз тарафи ҳокимияти ноҳия ба 120 нафар ҷавононе, ки дар чунин рӯзҳои карантини пандемияи коронавирус бекор мемонанд, аз қитъаҳои аз ғалла холишуда ба ҳар яке якгектарӣ замин ҷудо карда шуд. Акнун онҳо дар заминҳои барояшон пешбинишуда маҳсулоти гуногуни полиз рӯёнида, барои беҳтар гардонидани буҷаи оила саҳм мегузоранд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: