БА ҲИФЗИ ҲАЁТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАҲДИДҲО НИГАРОНДА ШУДААСТ

Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили қонунгузории ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии шаҳрвандон нигарондашуда», ки Сенати Олий Маҷлис 24 марти соли равон маъқул донистааст, аз 1 декабр эътибор пайдо кард.

Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили қонунгузории ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии шаҳрвандон нигарондашуда», ки Сенати Олий Маҷлис 24 марти соли равон маъқул донистааст, аз 1 декабр эътибор пайдо кард.
Бояд гуфт, ки дар замони имрӯзаи бо шиддат тағйирёбанда ва ҷаҳонишаванда технологияву иттилоотҳои нав ба нав пайваста ба ҳаёти мо ворид мешаванд. Бо қонун ба танзим овардани ин равандҳо ба мақсад мувофиқ аст. 
Воқеан, бетартиб истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ метавонад ба ҳуқуқу озодӣ, саломатӣ ва ҳатто ҳаёти шаҳрвандон таҳдидҳои гуногунро ба миён оварда, боиси таҷовузҳо шавад. Ба ин маъно, аҳамияти қонуни нав беназир аст. 
Қонун аз 5 модда иборат аст, ки ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба ду қонун ва як кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумла, мутобиқи тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи фаъолияти ҷустуҷӯи фаврӣ» Гвардияи миллӣ дар амалисозии амалиёти ҷустуҷӯи фаврӣ дар кишвар иборат аз инҳо намудҳои нави амалиёти ҷустуҷӯи фавриро ҷорӣ намуд:
шунидани гуфтугӯҳо аз телефонҳо ва дигар дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ, бардоштани иттилооти тавассути онҳо интиқолёфта — чорабинӣ иборат аз гӯш кардани пинҳонӣ, боздоштан ва муайян кардани гуфтушунидҳои ҷорӣ, аз ҷумла иттилооти матнӣ, графикӣ ва мултимедиявӣ, тавассути каналҳои алоқа бо истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ;
гирифтани маълумот дар бораи пайвастшавӣ байни муштариён ё дастгоҳҳои абонентӣ – чорабиниҳои иборат аз пинҳонӣ гирифтани маълумот дар бораи сана, вақт, давомнокӣ ва дигар маълумот дар бораи пайвастшавӣ байни абонентҳо ё дастгоҳҳои абонентӣ (таҷҳизоти корбарӣ). 
Вобаста ба ҷорӣ намудани намудҳои нави фаъолияти ҷустуҷӯи фаврӣ ба Қонун «Дар бораи кафолати фаъолияти адвокатӣ ва ҳифзи иҷтимоии адвокатҳо» тағйирот ворид карда шуданд. Ҳоло бо розигии прокурор гуфтугӯҳои адвокатро аз телефонҳо ва дигар дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ гӯш кардан, маълумоти тавассути онҳо додашударо гирифтан мумкин аст.
Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ инчунин меъёрҳои нав ворид карда шуданд. 
Инак, акнун далелҳоро бо роҳи гӯш кардани гуфтугӯҳо аз телефонҳо ва дигар дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ, бардоштани иттилооти тавассути онҳо додашуда ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Дар айни замон, прокурор ба кофтуков, гӯш кардани гуфтугӯҳо аз телефонҳо ва дигар дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ ва бардоштани иттилооти тавассути онҳо интиқолёфта, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқи дахлнопазирии манзил, махфияти мукотиба, гуфтушунидҳои телефонӣ ва дигар, фиристодаҳои почта, хаткашон ва паёмҳои телеграфӣ, ки тавассути каналҳои алоқа интиқол дода мешаванд ва барои гирифтани маълумот дар бораи пайвастшавӣ байни абонентҳо ё дастгоҳҳои абонентӣ нигаронда шудааст, инчунин амалҳои дигари шахси мансабдори мақомоти анҷомдиҳандаи тафтишоти пешакӣ, таҳқиқгар ва муфаттишро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат медиҳад.
Қабули қонун ҷудо намудани маблағҳои иловагиро аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон талаб намекунад. 
Қонун бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ таҳия шуда, ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ба меъёрҳои техникаи қонунгузорӣ мувофиқат мекунад. 

Ботир МАТМУРАТОВ, 
узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 
ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: