Беҳуда «ба як ҷавон чил ҳунар кам» нагуфтаанд.
Лавҳае аз ҳаёти як нафар омӯзгор,
ҳунарманд, сароянда ва шоири боғбон
Беҳуда «ба як ҷавон чил ҳунар кам» нагуфтаанд. Зеро донистани ҳунарҳои зиёд ба кас ҳам ризқу рӯзӣ меоварад, ҳам обрӯ. Ғайр аз ин шахси боҳунар вақти қимати худро барҳадар намегузаронаду вақти дигаронро беҳуда намегирад. Суҳбат бо чунин тоифа ҳамеша мароқангез аст. Қаҳрамони лавҳаи мо низ дорои чанд касбу ҳунар аст, барилова соҳиби хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки метавонад ба дигарон ибрат шавад.
ПОСДОРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бо баҳонаи расонда додани рӯзномаи «Ховар», ки ӯ ҳамасола ба он обуна аст, ба дами дарвозаи Хайруллоака рафта садо додам. Касе ҷавоб надод. Вале аз ҷониби коргоҳи ҳунармандиаш садои чарх шунида шуд. Даромадаму Хайруллоакаи ҳунармандро чун ҳамеша дар сари коргоҳи ҳунармандӣ дарёфтам. Чун маро дар дами даромадгоҳи коргоҳаш дид, хиҷолатомез «узр, омаданатонро нафаҳмидаам, ин ҷо чангу ғубор аст, берун бароем» гуфт. Ман «боке надорад, чангу ғубор ҳам азони худамон, аз хок омадем ба хок меравем», – гӯён барои аз хиҷолат баровардан сӯяш оғӯш кушодам. Гарм ҳолпурсӣ намудем. Воқеан ба сару либос, рӯю мӯй, мижгону абрӯвонаш чангу ғубор нишаста буд. Дар ҳоле буд, ки бинанда намешинохташ.
– Хайруллоака, шуморо дар ин қиёфа шинохтан душвор, давлатманд мешавед, – гуфтам ҳазломез. – Ин чӣ ҳолест, ки мебинам. Дирӯз тариқи телефон, ҳангоми суҳбат аз бетобии худ шикоят доштед.
– Оре, шукр, ҳоло каме беҳтарам, роҳҳои нафаскашӣ аз таъсири чангу ғубор каме иллат ёфтаанд, табобат гирифта истодаам.
– О, агар ин тавр бошад, тамом сиҳҳат наёфта, боз чаро худро ба ихтиёри чангу ғубор гузоштед? Аввал саломатиро бинед, ки кори дунё тамом шудан надорад, – гуфтам дилсӯзона ба Хайруллоака, ки асари хастагӣ ҳанӯз дар чеҳрааш дида мешуд.
– Як-ду супориши миҷозон аз вилояти Қашқадарё буд, онро адо карданам лозим. Онҳо ба қарибӣ тарафҳои мо меомадаанд, бояд супориши онҳоро ба итмом расонида, ба дасташон супорам, – ҷавоб дод Хайруллоака.
Оре, усто одати аҷиб дорад. Ваъда, ки дод, мехоҳад, ки саривақт адо намояд, масъулиятро ҳис мекунад, саҳлангорӣ, баҳонаҷӯйӣ аз ӯ билкул бегона аст. Кӯшиш мекунад, ки ба касе кумакаш расад, ҳоҷатбарор аст.
Бо ӯ суҳбаткунон ба коргоҳаш чашм медавонам. Нигоҳам ба дастгоҳҳои гуногуни ҳунармандӣ, ки дар коргоҳ насб кардааст ва ба асбобу анҷоми рӯзгор мехазад, ки маҳсули дастони моҳири ин марди наҷиб аст. Аз тамошои косаву табақ, пиёла, тақсимчаву қошуқҳои гуногунҳаҷм, ки дар ҳар шаклу шамоил аз чӯбҳои чормағзу зардолу, тут сохта шудаанд, чашмҳо медурахшанд. Маълум, ки ӯ аз масолеҳи чӯб дурусту босамар истифода мебарад. Ба ҳаҷми онҳо нигоҳ карда асбоби рӯзгор месозад. Чӯбро сарфа мекунад. Аз хурдтарин чӯб ҳам асбоби рӯзгорбоб месозад.
Тазаккур бояд дод, ки шуҳрату овозаи ҳунари дастони моҳири Хайрулло Раҳматов аз миқёси ноҳия берун рафта, то ба ноҳияҳои дигари вилоят, ҳатто саросари ҷумҳурӣ расидаасту аз ҷониби ҳунармандону коршиносони соҳа эътироф гардидааст. Ӯ аз моҳи марти соли 2022 узви иттиҳоди ҳунармандони Ӯзбекистон мебошад.
СОҲИБИ ОВОЗИ ДИЛАНГЕЗ
Ҳунари дигаре, ки қаҳрамони мо дорад, ин навозандагиву сарояндагӣ аст. Ӯ аз хурдсолӣ ба шеъру санъат шавқу завқи баланд дошт. Соли 1985 мактаби 8-солаи деҳаро, ки он вақт филиали мактаби рақами 48-и деҳаи Чоши ноҳияи Узун (ҳозира Сариосиё) буд, хатм намуда, аз кӯҳистон ба поён омад. Солҳои 1985-1987 ду сол дар мактаби рақами 70 (ҳозира 28-и ноҳияи Сариосиё) таҳсил карда, баъди хатми мактаб ба шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви Тоҷикистон дохил шуд. Ҳамзамон аз соли 1989 дар мактаби деҳаи Карш фаъолияти омӯзгории хешро идома дод.
Дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб ҳунарнамоӣ ҳам мекард. Алалхусус, суруду оҳангҳои дилнавози сарояндаи мумтози Шарқ Аҳмад Зоҳир ӯро шефтаву мафтун карда буданд. Бо маҳорат менавохту месароид.
Ҳанӯз замоне, ки ӯ мактабхон буд, дар хонаи падараш Насрулло ҳамеша маҳфилҳои шеърхонӣ, сурудхонӣ бо асбобҳои миллии мусиқӣ баргузор мешуданд. Усто ва мураббӣ Каримқул Бердиев баробари омӯзгори мусиқӣ будан асбоби мусиқӣ ҳам месохту онро навохта месароид, инчунин падараш низ шеърхону санъатдӯст буд ва аз ҳунари навозандагиву сарояндагӣ хабар дошт.
Он замон дар муҳити кӯҳистон, ки аз маркази ноҳия қариб 100 км. дур аст, дастаи ҳунарие вуҷуд надошт, то чорабиниҳои фарҳангии мактаб, тӯю сури мардумро обод созад. Баъди хатми мактаб, ҳини донишҷӯӣ ӯ тасмим гирифт, ки ин мушкилоти мактабу мардуми деҳаро осон созад. Аввалин шуда ба созмон додани дастаи ҳунарӣ камар баст. Ниҳоят, охири солҳои ҳаштодум як гурӯҳ ҳаваскорони санъатдӯстро сарҷамъ намуд. Писари устодаш Каримқул Бердиев – Баҳром Бердиевро, ки овози хуш дошту хуб ҳам менавохт, ҷалб намуда дастаи ҳунарии «Садои кӯҳсор»-ро созмон дода, тӯю сур ва маҳфилҳои ҳамдеҳагонро якҷоя обод мекарданд. Ин дастаи ҳунарӣ зиёда аз 10 сол фаъолият кард. Ҳоло низ ин ду дӯстони ҳунарвар маҳфилу суҳбатҳои хоссаро бо ҳунари худ обод мекунанд.
БОҒПАРВАР
Хайруллоака солҳои 1999-2000 дар зодгоҳи худ деҳаи Карш баробари омӯзгорӣ ва ровию ҳофизи маҳфилҳо будан бо кори хоҷагии қишлоқ низ шуғл варзидааст. Дар ин солҳо кишвари соҳибистиқлоли мо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ шуда буд. Алалхусус, ҳаёти мушкили деҳот тақозо дошт, ки барои пешбурди зиндагӣ бо корҳои хоҷагии қишлоқ низ машғул бишавӣ. Ӯ дар яке аз боғҳои калони деҳа, ки дар тасарруфи хоҷагии ҷамоавии Бобомурод Амонов буд, ба ҳайси саркор фаъолият намуда, муддати ду сол нақшаи солонаи боғпарвариро барзиёд иҷро кард ва аз ҷониби раёсати хоҷагӣ соҳиби мукофот – аспи зотии саворӣ гардид. Раҳбарияти хоҷагӣ маҳорати боғпарварӣ, муомилаи ӯро бо боғпарварон дида хостанд, ки корашро идома диҳад. Вале зарурат пеш омад, ки Хайруллоака аз кӯҳистон ба поён кӯчида, зиндагӣ ихтиёр кунад, муддате барои пешбурди зиндагӣ ба Русия низ сафар намояд. Дар мусофират ҳам чандин сол гурӯҳе созмон дода бо устоӣ, бунёди хонаву манзил машғул гардид.
ЗАВҚИ ШЕЪРУ ШОИРӢ
Хайруллоака мафтуну шайдои шеъру шоирист. Завқи шеърнависӣ дар ӯ ҳанӯз замоне, ки дар синфи ҳаштум мехонд, пайдо шуда буд. Алалхусус, маҳораташ дар навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ бештар намоён мегардид. Оғози солҳои 90-уми асри гузашта замоне, ки ӯ дар мактаб кор мекард, миёни мардум аллакай шеърҳояш вирди забонҳо гашта буданд. Хурду калон шеърҳои ҳаҷвиашро мехонданд. Рӯзе бо тақозои вазифа ба деҳаи Карш рӯзноманигор ва шоири ҳаҷвнигор шодравон Абдуқаҳҳори Маҳмадалӣ, ки ҳам нозири шуъбаи таълими халқии ноҳия ва ҳам масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Субҳи Боботоғ» буд, ба мактаби онҳо омад. Ҳини санҷиши мактаб ба корҳои омӯзгории Хайрулло Раҳматов баҳои сазовор дода, шаб дар як тӯйи ҳамдеҳагон меҳмони ифтихорӣ гардид ва дид, ки Хайруллои ҷавон дар он ҳам фаъол, маҳфилоро аст. Абдуқаҳҳор аз ҳунари ровигӣ, шеърхонӣ, сарояндагии Хайруллоака воқиф гашта, ӯро наздаш хонд ва гуфт, ки дастаи шеърҳояшро ба таҳририят ирсол дорад. Хайрулло иброз дошт, ки шеърҳояш ҳанӯз ба талаб ҷавобгӯ нестанд, вале Абдуқаҳҳор боисрор талаб кард, ки бифиристад. Шодравон Абдуқаҳҳор дар кашфи истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии онҳо хидматҳои сазоворе кардааст. Ҳамин тавр бо дархости ӯ Хайрулло шеърҳояшро ба таҳририят равон сохт. Шеърҳо бо таҳриру тасҳеҳ чоп шуданд. Ин ба ӯ илҳому такони хуб бахшид. Мутаассифона, Абдуқаҳҳори Маҳмадалӣ бар асари маризӣ тарки ин дунёи фонӣ намуду Хайрулло ҳам як муддат аз шеърнависӣ даст кашид…
– Устод Каримқули шодравон, ки дар мактаб ба мо дарси мусиқӣ, инчунин ҳунари тор, рубобсозиро омӯхтаанд, усто Абдураззоқ, ки ҳоло дар остонаи синни сад қарор доранду думбра ва дигар асбоби рӯзгор месохтанд, падари бузургворам Насрулло Раҳматов, ки омӯзгор буданду ҳоло дар нафақаанд, дар таҳлили шеър зеҳни баланд ҳам доранд ва асбобҳои миллии мусиқиро бомаҳорат навохта месароянду замоне бо ҳунари оҳангарӣ ва чӯбкорӣ низ машғул будаанд, дар қалби ман ба шеъру шоирӣ, сарояндагӣ ва сохтани асбобҳои рӯзгор меҳру муҳаббат ҷой кардаанд. Аз нафароне, ки зикри номи муборакашон кардаму дар зиндагӣ барои ҳунаромӯзӣ ба ман хидмати беминнат намудаанд, як умр миннатдорам, – мегӯяд Хайруллоака.
Баъдтар вақте ба мусофират рафт, боз ба навиштани шеърҳои пурмазмун ва ғазал пардохт. Вале дар чопашон ҳамоно истиҳола мекард. Инҷониб, ки бо оилаи эшон дӯстӣ пайдо карда будам, аз ин хабар ёфтам. Дӯстии мо бо ин хонадон туфайли падари омӯзгораш Насрулло Раҳматов ва духтарашон, яъне хоҳари Хайруллоака – Заррина сурат гирифта буд. Он замон ҳанӯз бо Хайруллоака шинос набудем, зеро ӯ дар Русия кор мекард. Аз аҳли хонадону дӯстонаш мешунидам, ки ӯ шеър менависаду месарояд ва ҳунарманди хуб ҳам ҳаст. Ниҳоят бахти шинос шудан бо ӯ муяссар шуд. Дарёфтам, ки мардест хушсуҳбат, самимӣ, дилёб, фурӯтан, шикастанафс, ҳоҷатбарор… Ҳунармандест тавоно, устоест моҳир, сарояндаест хушсадо, маънисаро ва шоирест ширинсухану болиғгӯ... Аз ин рӯ бо исрор, ба ҷону ҳолаш намонда, дастаи шеърҳояшро дар рӯзномаи «Ховар» чоп намудам. Онҳоро мухлисон хуб истиқбол карданд. Ҳоло ӯ дар пайи тартиб додани маҷмӯаи алоҳидаи шеърии хеш аст. Бо тахаллуси Аршӣ шеър мегӯяд.
Ба ӯ дар ин ҷода низ комёбиву муваффақиятҳо орзу мекунем.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.