БА ЯКЕ АЗ КӮЧАҲОИ ТОШКАНД НОМИ ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ ДОДА ШУД

Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 90-умин солгарди зодрӯзи адиби бузург ва арбоби ҷамъиятӣ Чингиз Айтматов», аз 2 апрели соли 2018, ба мақсади абадӣ гардондани хотираи Чингиз Айтматов нақшаи ба яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Тошканд дода шудани номи ӯ ба миён гузошта шуда буд.

Бино ба маълумоти хидмати ахбори ҳокимияти шаҳри Тошканд, дар сессияи 38-уми Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Тошканд масъалаи мазкур баррасӣ шуд ва қарор дар бораи ба номи Чингиз Айтматов гузошта шудани кӯчаи «Бодомзор йӯли»-и ноҳияи Юнусобод қабул гардид.
Чингиз Айтматов натанҳо барои халқи қирғиз, балки барои тамоми халқҳои туркӣ, аз ҷумла халқи ӯзбек, дӯсти бузург, симои азизу барҷаста ба шумор меравад.
Маҷмӯи осори Ч. Айтматов «Қиссаҳои кӯҳ ва дашт» аз ҷониби хонандагон баланд арзёбӣ гардид. Дар қиссаи «Киштии сафед» (1970) зебоии инсон, некӣ ва зиддиятҳои ҳаёт, муаммоҳои экологӣ мавриди тасвир қарор гирифтанд.
Дар қиссаи «Алопаре, ки қад-қади соҳил медавид» (1977) масъалаи муҳими маънавӣ, манзараҳои ваҳмангези даври шӯравӣ ифодаи худро ёфтаанд. Дар романҳои «Рӯзе, ки ба аср баробар аст» (1980), «Қиёмат» (1986), «Тамғаи Кассандра» (1990) манзараҳои умумиинсонии замони мо, тақдири Замин-модар, муаммоҳои фалсафӣ, ахлоқиву иҷтимоӣ ба миён гузошта шудаанд.
Қариб тамоми асарҳои Чингиз Айтматов ба забони ӯзбекӣ баргардонда ва чоп шудаанд. 
Ч. Айтматов ба адабиёт, умуман ба таърихи маданияти ӯзбек баҳои баланд дода гуфта буд: «Таъсири маданияти қадимаи ӯзбекро ба Осиёи Марказӣ метавон ба таъсири Византияи кӯҳна ба Русияи қадим муқоиса кард».
Чингиз Айтматов бо орденҳои «Дӯстлик» ва «Буюк хизматлари учун»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Н. УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: