Дар ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон сохтмони заводи дорои иқтидори соле истеҳсоли 1,5 миллион тонна семент оғоз ёфт.
Дар чорабиние, ки ба ҳамин муносибат баргузор шуд, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатии ноҳияву вилоят, мутахассисон ва сармоягузорони хитоӣ иштирок карданд.
Агар дар соли 2017 ба вилоят дар ҳаҷми 7,5 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуда бошад, дар соли 2018 ин нишондод ба 74 миллион доллар расид.
Соли ҷорӣ бошад, пешбинӣ шудааст, ки ба миқдори 108 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба вилоят 125 миллион доллар сармояи хориҷӣ дохил карда шуд ва то охири сол ба 400 млн. доллар расондани ин рақам ба назар гирифта шудааст.
Дар вилоят дар соли 2017 бо иштироки сармояи хориҷӣ 83 корхона фаъолият нишон дода бошад, имрӯз шумораи ин субъектҳо аз 200-то зиёд шуд. Аз ҷумла, корхонаҳои сармоягузории Хитой ба 31 адад расид.
Заводи сементи мазкур, ки аз ҷониби корхонаи муштараки ӯзбекистониву чиноии «Namangan Jinmingyang building materials» якҷоя бо хоҷагии фермерии «Бунёдкор Маҳсудбек Файз» ва «Hebei Yijia Cheng Trading Co. LTD»-и Чин созмондодашуда татбиқ хоҳад шуд, самараи чунин имкониятҳо мебошад.
Қимати умумии лоиҳаи заводи нави семент, ки дар 40 гектар майдон барпо мегардад, ба 105 млн. доллар баробар буда, 90 млн. доллари он аз ҷониби сармоягузорони Хитой гузаронда мешавад. Дар охири семоҳаи чоруми соли 2020 ба охир расидани корҳои сохтмон пешбинӣ шудааст.
Баъди ба кор пардохтани завод имконияти фароҳам омадани 700 ҷойи кор ба миён меояд. Баробари гузоштани санги аввали заводи мазкур сафи корхонаҳои истеҳсоли семент дар вилояти Намангон ба 5-то расид.
Имрӯзҳо сохтмони заводи сементи иқтидори лоиҳавиашон 250 ҳазор тонна дар ноҳияи Косонсой, дар ноҳияи Поп – 500 ҳазор тонна, ноҳияи Чуст – 250 ҳазор тонна, Янгиқӯрғон – 200 ҳазор тонна семент идома дорад.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Намангон Х. Бозоров иштирок кард.
А. САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.