“БАЧА-ДИЯ, БА ГАПАШ АҲАМИЯТ НАДИҲЕД...”

Ин ҳарфҳо дар зиндагии рӯзмарра шояд борҳо ба гӯшамон мерасад, аммо нисбати он вокунише нишон намедиҳем.

Ин ҳарфҳо дар зиндагии рӯзмарра шояд борҳо ба гӯшамон мерасад, аммо нисбати он  вокунише нишон намедиҳем. Ба назарамон ин масъалае нест, ки вақти худро ба он сарф кунем. Фикр мекунем, ки беҳтараш ин вақтро барои корҳои манфиатбахшу ҷиддӣ сарф кунем. Зимнан бар хилофи чунин гуфтаҳои калонсолон ҷуръат карда намегӯем: “Шумо бо ин рафтори худ ба поймоли ҳуқуқи кӯдак роҳ медиҳед ва ба дилаш озор мерасонед!”. 
Агар ба падар ё модари ҳамон кӯдак гуфта шавад, ки чаро ба ҳарфи фарзандаш гӯш намедиҳад, ҳатман аз мо хоҳад ранҷид ва бо сухане табъи моро низ олуда хоҳад сохт. Баъзе калонсолон фаромӯш мекунанд, ки ин ҷо ҳарфи кӯдак ношунида монд, ба мақсаду мароми ӯ таваҷҷӯҳе сурат нагирифт.
Унсурулмаолии Кайковус барои он ки шарти падарии худро дар пеши фарзандаш адо кунад, “Насиҳатнома” ё “Қобуснома”-ро навишт. Ин китобест, ки бояд ҳар як фард онро бихонад, то ки дар ҷараёни тарбияти фарзанд ба кӯчаи гумроҳӣ наравад ва ба камбудиҳо роҳ надиҳад. Зеро он китоби панду насиҳат аст, китобест, ки ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ мубаддал шудааст. Хоссатан, нақши падару модарро ин адиби адабпарвар дар тарбияи фарзанд хеле муҳим мешуморад.
Аммо ҳоло мо дар аксари ҳолатҳо акси инро мушоҳида мекунем. 
– Дар байни мардуми рус борҳо дидаам, ки бо кӯдакони хурдакаки худ низ мисли калонсолон суҳбат мекунанд. Ба суолҳои вай ҷиддан посух медиҳанд ва лозим ояд, матолиби мавзӯъҳоеро барояш ташреҳ мекунанд, ки шояд барои баъзе калонсолони мо нолозим шумурда мешаванд, – мегӯяд яке аз ҳамсояҳои девордармиёни ман Мирзокамол Азимов.
Ба гуфтаи ӯ вай чаҳор духтару як писар дорад. Ҳамроҳи завҷааш – Гулбаҳор, ки Институти хоҷагии халқи Тошкандро хатм намудааст, ҳамеша кӯшиш менамуд, ба фарзандон тарбияи хуб диҳанд. Барои ҳамин се духтар мактабҳои олиро хатм карданд ва имрӯз ба кору зиндагӣ ва тарбияи фарзандон андармон мебошанд. 
– Писари ягонаамон низ соҳибмаълумот буда, чанд муддат дар идораҳои андоз кор кардааст. Рӯзе писарам аз кор бо табъи шикаста даромада омад. Аввал сир бой додан нахост. Вақте бо нармӣ пурсидам, ки чаро табъаш хира гаштааст ва оё ягон кору ҳоле рух дода, ки боиси чунин ҳолати вай гаштааст, гуфт, ки “Чизе нест, падар, нигарон набошед. Мехоҳам минбаъд ба кори дигар машғул шавам», – ёдовар шуд М.Азимов.
Вай афзуд, ки писараш ҳатулкорӣ ва фиребу найрангро намепазирад. Зану шавҳар ӯро ҳамин гуна тарбия кардаанд. Нахостааст, ки бо рақамҳои росту дурӯғ варақҳоро хонапурӣ кардаву ба идораҳои болоӣ фиристонад ва ҳамаро фиреб диҳад. Ин кор ба дилаш задааст, барои ҳамин қарор кардааст, ки аз кор меравад.
– Ману модараш хилофи райъи ӯ нашудем ва баъди чанде писарам ҷиддан ба деҳқонӣ машғул шуд. Даҳ гектар замин гирифту хоҷагии фермерӣ таъсис дод. Дар айни ҳол як мағозаву як нонвойхона низ дар ихтиёр дорад, ки зиндагии хонаводагиашро таъмин менамоянд, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба таъкиди М. Азимов дар кӯдакии фарзандон, баръакси баъзе ҳамсояҳо, ба ҳарфи онҳо мутаваҷҷеҳ мешуданд ва ин ё он мавзӯъро барояшон шарҳу тафсир менамуданд. 
– “Бача-дия, ба гапаш аҳамият надиҳед” гуфтани ҳамсояҳо ё хешу ақраборо ҳатман шунидаед?
– Бале, борҳо шунидаву дар муқобили ин гуфтаҳо эътироз баён кардаем. Бача худ аз худ аз калонсолон чизеро намепурсад. Ҳатман вайро ягон масъала нороҳат месозад ва ё ба умқи он рафтанӣ мешавад. Вале дар миёни мо падару модароне низ ҳастанд, ки гумон мекунанд, фарзандашон ҳанӯз кӯдак аст ва лозим нест, ки ҳарфаш ба инобат гирифта шавад. Он гоҳ кӯдак аз падару модар дилсард мегардад ва дар дилаш нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад, – изҳор намуд ҳамсоя.
– Ба ин ҳарфҳои ҳамсарам илова кардан мехоҳам, ки тарбияи кӯдак кори саҳлу осон нест ва инро ҳама медонанд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки шикамашро сер кунӣ ва танашро пӯшида гардонӣ, бо ҳамин масъулияти волидайн ба охир мерасад. Аммо ин гуна бархурд куллан хатост. Бояд ба кӯдаке, ки ҳанӯз забон набаровардааст, кас бо арзи эҳтиром навозиш кунаду ҳарф занад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Г. Азимова.
Оиди ин мавзӯъ ба устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд Зебунисо Тоҳириён низ муроҷиат намудам. Вай чунин посух дод:
– Ҷои шубҳа нест, ки дар даҳу бист соли охир мардуми мо сахтакак андармони кору зиндагӣ, пулёбӣ ва ё ба истилоҳи мардум, аз пайи қути лоямут шудаанд, то ки маишати оилаашонро таъмин кунанд, тӯй барпо намоянд, барои фарзандон манзил харанд ва амсоли он. Мароми зиндагӣ чунин пайраҳаҳое пайдо кардааст, ки мутаассифона, одамонро ба роҳи дуртар аз маънавияту маърифат ҳидоят мекунад. Масъалаи тарбияи фарзандон он тараф истад, назорати рӯзмарраи онҳо аз мадди назарҳо дур мондааст. Дар ҳамин асно, чӣ гуфтан, чӣ пурсидан, чӣ хостани фарзандон камтаъсир ё рафта-рафта бетаъсир шуда монд. 
Дар бораи китобхонӣ ҳарфе гуфтан ҳам шояд кори зиёдатӣ бошад. Ин сирри нуҳуфтае нест, ки аз чашми ҳамагон пинҳон мемонда бошад. Вақти он расидааст, ки дар мавриди муносибат бо кӯдак, гӯш додан ба ҳарфи вай, ба ҷо овардани талабҳои ӯ ва ҳимояи ҳаққи онҳо табодули назар сурат гирад.
Ба бача чун ба муҳимтарин ва нозуктарин ҷавҳаре назар бояд кунем, ки ҳар як суханаш аз ҳаво не, аз гӯшу ҳӯши мо ҷой гиранд. Зимнан, аз забони бача баъзан чунин фикру чунин суханҳое баён мешаванд, ки онҳоро чун панди зиндагӣ пазируфтан мумкин аст. Масалан, яке аз набераҳои мо бобояшро хеле дӯст медорад, вале намехоҳад, ки бо ӯ танҳо монад. Сабабашро пурсем, ҷавоб медиҳад, ки бобояш ӯро бисёр имтиҳон мекунад. Набераи дигари мо баръакс, бобояшро ба ҳолу ҷонаш намонда, ҳамеша ба баҳс, мусобиқаву талошҳо мекашад. Гуфтаниям, ки бача ҳам олами худро дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: