БАЧА РУҲАФТОДА НАШАВАД

Рӯзҳои гарм ва тафсони тобистон то бегоҳирӯзӣ дар ҳавои кушод гаштан амри муҳол.

Дар ин вақт аксарияти бачаҳои шаҳр ва маркази ноҳияҳо мехоҳанд таътили тобистонаи худро дар истироҳатгоҳҳои сояву салқин, деҳаҳои хушманзари диёр, ки хешу пайвандонашон маскуни он ҷоянд, гузаронанд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Алихонтӯра Соғунӣ»-и пойтахт Сарварбек Мелиев ба ҳамсолони худ, ки дар истироҳатгоҳ ё ба хонаи хешу пайвандони деҳаҳои кӯҳиашон рафтаанд, ҳавасаш меомад. Ба туфайли норасоии оила (танҳо модараш кор мекард), орзуяшро дар қаъри дил нигоҳ медошт. Аммо дар навбати дуюми таътил аз ҷониби Бунёди хайрияи «Маҳалла»-и ноҳия ба Сарварбек ба истироҳатгоҳи «Зомин» роҳхат дода шуд ва ин кори хайр писаракро хурсанд кард.
– Дар маҳаллаи мо қариб 2 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Аз онҳо 13 тояш ҳамчун оилаи эҳтиёҷманд ба рӯихат гирифта шудаанд, – гуфт дар суҳбат раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи номбурда  Муаттар Йӯлдошева. – Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба ин оилаҳо кӯмакпулиҳои гуногун дода шуданд. Дар мавсими тобистонаи имсола бо ташаббуси шуъбаи бунёд ба се нафар фарзанди оилаҳои камтаъмин барои гузарондани таътил ба истироҳатгоҳҳои хушобуҳаво роҳхати ройгон дода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин ташаббуси инсонпарваронаро соҳибкорони маҳалла низ идома медиҳанд. Онҳо ба 10 нафар писаракону духтаракон барои гузарондани истироҳати пурмазмун кӯмак расонданд. 
– Барои дидани Сарварбек ба оромгоҳ рафтам. Он бо обу ҳавои тоза ва табиати хушманзараи худ диққати ҳамагонро ҷалб менамояд. Арча ва дарахтони бисёр, ҳавои салқин, оби зулоли ҷӯйчаҳо дар рӯзҳои тафсон ба кас ҳаловат мебахшанд. Майдончаҳои бозӣ, ҳавзи оббозӣ, садои мусиқии форам, ҳаё-ҳуи беғаши бачаҳо аз он дарак медиҳад, ки онҳо аз ин шароит хеле мамнун ҳастанд. Чашмони писарам аз шодӣ барқ мезаданд. Ба масъулони бунёд, ба фаъолони маҳаллаам миннатдорӣ изҳор менамоям, – арзи сипос намуд модари Сарварбек Сайёра.
Ҳақиқатан ҳам, дар истироҳатгоҳ мусобиқаҳои «Қувноқлар ва зукколар», «Имкон-шоу», «Қувноқ эстафеталар», маҳфилҳои «Рассоми ҷавон», дизайн ва графикаи компутер ташкил карда мешаванд, ки барои пурмазмун гузарондани вақти бачаҳо кӯмак мерасонанд. Илова бар ин, чорабиниҳои махсуси «Рӯзи ханда», «Кӣ бисёртар афсона медонад?», «Китобхони беҳтарин» баргузор мегарданд, ки писарону духтарон иқтидори худро намоиш медиҳанд.
Дар ин ҷо майдончаи варзишӣ бо тамоми ҷиҳозҳо муҷаҳҳаз аст. Китобхона, хонаи муолиҷаи физиотерапия, ошхонаи бо хӯроку нӯшокиҳои салқин таъминкардашуда дар хизмати бачаҳоянд.
Фарзандон ояндаи мо, эътибор ба онҳо барои гирифтани таҳсил ва дониши хуб замина мегузорад.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: