Зери чунин шиор дар толори мактаби мусиқӣ ва санъати бачагони рақами 12-уми ноҳияи Самарқанд бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи бачагон ва таҷлили зодрӯзи шоира Маҳбуба Неъматзода бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва ДДС базми бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст.
Садои карнаю сурнай ва таблу нақора таваҷҷуҳи мардумро сӯйи бинои мактаби мусиқӣ ва санъат равона сохт. Амвоҷи толибилмони мактабу коллеҷҳо, вакилони ташкилоту идораҳои гуногун ва фаъолони гузару ноҳияҳо бо гулдастаҳои тару тоза, чеҳраҳои кушоду лабҳои пурханда ба толори мактаб омаданд.
Дар даромадгоҳи мактаб аввал мусобиқаи шатранҷбозӣ ва намоиши расмҳои мусаввирони ҷавон ташкил карда шуд.
Раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба раиси собиқи марказ Абдуваҳҳоб Воҳидов барои хидматҳояш арзи сипос намуд ва аз рӯйи анъана ҷомаву тоқӣ пӯшонд. Инчунин, шоираи маҳбуби бачагон Маҳбуба Неъматзодаро бо ҷашни 70-солагияш табрик гуфта, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Доктори илмҳои филологӣ, профессорон Садрӣ Саъдиев, Ҷумъа Ҳамроев, олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов, Дилшоди Фарҳодзод, муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода, шоира Дилрабо Насимӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон соҳибҷашнро шодбош гуфтанд. Ҳофизон бо сурудҳои дилошӯби худ табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Аъзои маҳфили бадеии мактабҳои рақами 16, 18, 37, 39, 43 ва 62-уми ноҳия ва шаҳри Самарқанд ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ шеъру суруд хонданд. Намунаҳо аз ашъори шоира Маҳбуба Неъматзода қироат карданд. Баромади навниҳолони боғи санъат самимиву пурҳаяҷон буд.
– Дер боз чунин вохӯрии бошукӯҳро надида будам, — иброз дошт адиб Адаш Истад.
Бояд гуфт, ки чорабинӣ бо тайёрии пухта гузашт. Умед аст, ки дар оянда маркази фарҳангӣ барои эҳёи маданияту санъат, ҳунару адабиёт хидматҳои шоиста мекунад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.