Бачаҳо мавсими тобистонро бо хушнудӣ мегузаронанд

  • Бачаҳо мавсими тобистонро бо хушнудӣ мегузаронанд
  • Бачаҳо мавсими тобистонро бо хушнудӣ мегузаронанд

Имрӯзҳо дар вилояти Фарғона 17 истироҳатгоҳи статсионарӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо барои истироҳат ва мустаҳкам намудани саломатии писарону духтарон тамоми шароит муҳайёст.

Дар доираи омодагӣ ба мавсими ҷорӣ пойгоҳи моддию техникии  истироҳатгоҳҳои «Нилуфар»-и тасарруфи шуъбаи таълими халқи ноҳияи Данғара, «Юлдуз»-и ноҳияи Олтиариқ, «Меҳнат-роҳат»-и тасарруфи собиқ хонаи Меҳрубонии якуми шаҳри Марғелон, «Ёшлик»-и ноҳияи Фурқат, «Юлдуз»-и ноҳияи Бешариқ мустаҳкам карда шуда, истироҳатгоҳҳои мутобиқгардондашудаи назди мактаб-интернатҳо ва коллеҷҳо ба лагерҳои статсионарӣ кӯчонда шуданд.
Имсол дар истироҳатгоҳҳои статсионарӣ зиёда аз 11 ҳазор нафар бачагон дар панҷ баст истироҳат мекунанд. Дар айни рӯзҳо дар басти якум зиёда аз 2800 нафар писарону духтарон вақти худро пурмазмун мегузаронанд. Тобистони соли 2022 дар вилоят 123 оромгоҳи доимии кӯдакона ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 21500 нафар бачаҳо истироҳат карда, сиҳатии худро мустаҳкам менамоянд.
Дар мактабҳои варзишии бачагонаю наврасони вилоят бо мақсади мустаҳкам намудани обутоби ҷисмонии бачаҳо чемпионатҳои тобистонаи спартакиада аз қабили «Стартҳои шавқовар», «Кӣ чолоку кӣ чаққон», «Варзиш гарави саломатӣ», «Бале, ҷавонон», «Бале духтарон» ташкил карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби маркази маънавият ва маърифати вилоят чорабиниҳои маънавию маърифӣ таҳия шудаанд.
Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳи солимгардонии «Ниҳол»-и тасарруфи шӯрои вилоятии федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Қувасой воқеъ гардидааст, дар доираи панҷ ташаббуси муҳим, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон пеш гузошта шудааст, дар ҳашт самт маҳфилҳо фаъолият нишон медиҳанд. Дар басти якум зиёда аз 170 нафар хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар бахшҳои санъати тасвирӣ, забони англисӣ, шоҳмот, футбол, волейбол маҳорати худро такмил медиҳанд. Дар ошхона ва хобгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар давраи солимгардонии тобистона дар ин ҷо истироҳати 880 нафар бачагон пешбинӣ шудааст.

М.СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.
Дар суратҳо: лавҳаҳо аз истироҳати бачаҳо.
Суратгир: З.УМУРЗОҚОВ.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: