Дар ду истироҳатгоҳи доимӣ ва 41 истироҳатгоҳи рӯзонаи вилояти Сирдарё хонандагон таътили тобистонаро хурсандона ва пурмазмун мегузаронанд.
Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, иттиҳодияи вилоятии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, прокуратура, раёсатҳои таълими халқ, адлия, корҳои дохилӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фарҳанг, шӯрои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва дигар созмонҳо, ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои истироҳати пурмазмуни хонандагон ва тайёрии пухта барои соли нави таҳсил, фароҳам оварда шудааст.
Хонандагон бо завқи зиёд ба озмунҳои «Китобхони хурдсол», «Ватанамро месароям», «Масрурон ва доноён», расмкашии рӯи асфалт, мусобиқаҳои футбол, волейбол, атлетикаи сабук, шиноварӣ, шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз иштирок мекунанд. Ба роҳбарии маҳфилҳои забонҳои англисӣ ва русӣ, рассомони ҷавон, рақсу суруд, саломатӣ ва экология, сексияҳои варзишӣ педагог ва мураббиҳои ихтисоснок ҷалб гардидаанд.
Дар истироҳатгоҳи беҳдошти бачагонаи «Сирдарё»-и иттиҳодияи вилоятии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар басти аввал 334 хонанда ва дар басти дуюм дар ин ҷо 340 писару духтарон хуррамона истироҳат мекунанд.
Истироҳатгоҳ то саршавии мавсим аз таъмири фаръӣ бароварда шуд. Ошхонаи дорои 400 ҷой, хонаи маънавият, китобхона, хонаҳои хоб бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзаҳои об ҳамаи шароитҳо барои обутобёбии ҷисмонии хурдтаракон муҳайёст.
– Имсол бори аввал писарамон Усмонбекро ба истироҳатгоҳ фиристодем ва имрӯз барои хабаргириаш омадем, – мегӯяд Муҳайё Раҳимова аз ноҳияи Оқолтин. – Аз шароит ва қулаиҳои дар истироҳатгоҳ офарида хушҳол шудам. Озмуни «Китобхони хурдсол» ва давидани марафониро, ки прокуратураи шаҳри Гулистон ва раёсати адлияи вилоят ташкил намудааст, тамошо кардам. Ба ҳамаи бачаҳо китобчаҳои ранга, яхмос, шириниҳо ва нӯшокиҳои яхна супурданд. Ҳамаи инро дида, беихтиёр бачагиям ба ёд омад. Он вақтҳо чунин қулаӣ ва тӯҳфаҳоро фақат орзу кардан мумкин буд. Бачаҳо ба истироҳатгоҳ рафтанро намехостанд, онҳое, ки дар он ҷо дам гирифтанд, на ҳамеша хурсанд бармегаштанд. Имрӯз вазъият ранги дигар гирифтааст.
Дар ошхонаи истироҳатгоҳ гӯшт, шакар, шириниҳо, равғани растанӣ ва маҳсулоти ордро мехаридаанд. Дигар маҳсулот: шир, ҷурғот, маска, маҳсулоти полиз ва сабзавот, ҳатто мева дар худи истироҳатгоҳ тайёр карда мешавад. Инчунин сехи хурди нонпазӣ ва шириниҳои гуногун кор мекунад.
Назар ба суханони директори истироҳатгоҳ Мурод Аллаёров ба басти сеюм 356 роҳхат тақсим карда шудааст.
А. ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.