БАЪД АЗ 32 СОЛ...

Инак орзуи чандинсолаи мо – ҳамкурсон, ки Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм намуда будем, ҷомаи амал пӯшид.

Моро деҳаи зебоманзари Ӯхм (Ҳоят) ба оғӯш гирифт. Вохӯрӣ хеле хуб ва хотирмон гузашт. Шодиву нишот, бурдбориву муваффақиятҳои якдигарро ба ҳам дидем. Аз манозири зебои деҳаҳои қаторкуҳи Нурато – Ӯхму Синтаб дидан кардем, бо мардуми меҳмондӯсту саховатпешаи он ҷо суҳбатҳо оростем. Давраҳои фаромӯшнопазири донишҷӯӣ, лаҳзаҳои гуворои онро ба хотир оварда, завқу шодӣ намудем. 
Ёди устодон намуда, аз баъзе шӯхиҳои ҷавонӣ дар хиҷолат мемондем. Чунки аксарияти мо имрӯз номи устодӣ дорем ва аз оддитарин шӯхиву ба дарс нотайёр омадани шогирдон асабӣ мешавем. 
Дар ҳақиқат, он ҳама устодоне, ки дар солҳои донишҷӯӣ ба мо асрори муаллимиро кушодаанд, аксарият имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. 
Ҳама чиз хуб буд, аммо бисёрии ҳамкурсон касби пуршарафи омӯзгориро тарк намуда, аз пайи касбу кори сердаромад шудаанд. Чанд нафар ҳатто солҳои дароз аст, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Сабаби ин ҳолатро пурсем, баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ё маоши ками омӯзгориро ваҷҳ меоранд. Нафароне  низ буданд, ки солҳои тӯлонӣ омӯзгорӣ карда, садҳо шогирдонро ба воя расонидаанд ва аз соҳиби ин касби бошараф буданашон ифтихор доранд. 
Аз симои ҳамкурсон, аз чашму абрувонашон ҳамон симои ҷавонӣ ҳувайдост. Танҳо аз сафедии мӯю абрӯ, ожангҳои рӯю гардан аён мегардид, ки таъсири зиндагӣ, гузашти айём ба мо асар намудааст. 
Вохӯриву дидорбинӣ бо дӯстон, ёди устодони меҳрубон муҳаббати самимӣ, меҳру оқибати инсонҳоро меафзояд. 
Дар арафаи иди касбии муаллимон ва мураббиён ба устодоне, ки аз дунё гузаштаанд, охирати обод, ба устодоне, ки даврони пирӣ меронанд, саломатии бардавому болидахотириро таманно менамоем. 
Ба ҳамаи шарикдарсони давраи донишҷӯиям ва дар симои онҳо ба ҳамаи устодон, омӯзгорон, ки имрӯз фаъолият мебаранд, тани сиҳҳат, хушбахтии рӯзгор, ободии хонадону фаровонии дастархонро хоҳонем. 

Элмурод РӮЗИЕВ, 
омӯзгори тоифаи олӣ. 

Ноҳияи НУРАТОИ
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: