БАДАХШОН АЗ ДИДГОҲИ МИР АЛИШЕР НАВОӢ

Мегӯянд, ки бе Бадахшон Тоҷикистон, бе Тоҷикистон Бадахшон тасаввурнопазир аст.

Агар ин суханони геополитикиро камтар васеъ тавзеҳ дода гӯем: Бадахшон (Помир) бо тамоми минтақа иртиботи ногусастанӣ дорад. Он қатраи обе, ки дар бадани мо гардиш мекунад, он водиҳои зархезе, ки талаботи зиндагии моро таъмин мекунанду аз дарёи Ому об мегиранд, баҳри Арале, ки моро аз тафсонии офтобу шамоли гардолуд наҷот медиҳад, аз кӯҳҳои сарбафалаку пиряхҳои Помир, кӯли афсонавии Сарез – қаъри дили Помир сарчашма мегиранд.
Аз ин сабаб аз лиҳози экологӣ Бадахшон маскани оби ҳаёти мардуми Осиёи Миёна аст, ки зиёда аз 50 миллион одамро дар бар мегирад. Ин ҳолатро дар замони мо, замони шиддатноктарини экологӣ, бояд ҳар як одами солимфикр дарк карда тавонад.
Бояд гуфт, ки ин зарурати ҳаётии Бадахшонро барои мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр дар гузаштаҳои дур ҳам мутафаккирон, шоирони ин сарзаминҳо, агар дар сатҳи илмӣ ва экологӣ набошад ҳам, дар сатҳи шуури маъмулӣ хеле хуб дарк карда буданд ва ба василаи ифодаи бадеии «лаъли Бадахшон» қаламдод мекарданд.
Ҳамбастагии ҷудонашавандаи таърихии Бадахшонро бо дигар минтақаҳои Осиёи Миёна, масалан, бо топонимҳои Хоруғ (маркази маъмурии Бадахшон), Хуросон (Хоросон), ва Хоразм равшан дида метавонем. Ин се мафҳум решаи авестоӣ дошта, муштақоти калимаи  авестоии «Хор», яъне Офтоб мебошанд. Маънои Хоруғ – ҷойи баромади офтоб, Хоросон –  авҷи баланди Офтоб, Хоразм – ҷойи нишасти Офтоб аст. Яъне дар маҷмӯъ, дар қадим,  самти гардиши офтобро ифода мекарданд. Аз ин лиҳоз тавзеҳи мафҳуми «Хоразм» – «ҷойи паст», «замини ҳамвор», ки дар энсиклопедияи русии Википедия омадааст, ба ҷуз мавҳумоти муаррихон нест.
Агар ба масъалаи асосии ин мақола баргардем, Навоӣ ҳамчун мутафаккир, шоир, олим ва арбоби давлатии намоёни замони худ ба Бадахшон ва аҳли он, ба қавли ӯ – кӯҳистониён, бетараф набуд. Ӯ дар фаъолияти илмии худ, махсусан дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар байни 459 шоири гузашта ва замони худ, номи якчанд шоир ва олимони бадахширо зикр карда, маълумоти мухтасар медиҳад. Навоӣ дар боби (маҷлис)-ҳои дувум, сеюм ва шашум (тазкира аз ҳашт маҷлис иборат аст) мухтасар ҳам бошад, маълумот медиҳад, ки барои омӯзиши таърихи фарҳанги бадахшониён ва умуман тоҷикон, арзиши баланди илмӣ дорад.
Ба қавли Навоӣ мардуми Бадахшон таърихи ҳазорсолаҳо доранд ва то ҳукмронии Султон Абӯсаид Мирзои Чиғатоӣ (1424-1496) – абераи Темур, дар зери ҳукмронии як қавм, яъне шоҳигарии Бадахшон буданд.
Султон Абӯсаид Мирзо шоҳигарии Бадахшонро харобу вайрон карда, тамоми бойгариҳои Бадахшонро тасарруф кард ва бузургони ин диёрро, аз он ҷумла, шоҳи Бадахшон ва писари боистеъдоди ӯ Ибн Лаълиро ба қатл расонд. («Маҷолис-ун-нафоис», с.41). Аз суханони Навоӣ чунин бармеояд, ки ӯ амалиёти ғоратгаронаи Султон Абусаидро маҳкум менамояд.
Дар давраи ҳукмронии Султон Абӯсаид Мирзо дар Ҳирот бисёр бадахшониҳо зиндагӣ мекарданд ва дар пешрафи фарҳангӣ ва интеллектуалии Ҳирот фаъолона иштирок мекарданд. То ҳатто душмани асосии бадахшониён Султон Абӯсаид Мирзо ба яке аз муаррихон ва шоири бадахшӣ Мавлоно Абдусамади Бадахшӣ фармон медиҳад, ки таърихи салтанати Абӯсаид Мирзоро бинависад. Мавлоно Абдусамади Бадахшӣ ин корро анҷом медиҳад. Аммо, афсӯс, ки ин асар барои таърихшиносони муосир то кунун номаълум мондааст ва дар ягон манбаъ, то ҷойе, ки ба ман маълум аст, зикр нашудааст. 
Маълум аст, ки Мир Алишер Навоӣ дар Ҳирот мадрасаи шахсии худро дошт. Ӯ ба ин мадраса шахсони боистеъдодро аз тамоми шаҳрҳои бузурги Хуросон ва Мовароуннаҳр даъват карда, улуми динӣ ва дунявиро меомӯзонд. Дар ин мадраса як қатор бадахшониён ҳам таҳсил мекарданд. Аз он ҷумла, Мавлоно Абдусамади Бадахшӣ, Мавлоно Абутоҳир, Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ, Мавлоно Шамсӣ ва ғайра. 
Мавлоно Шамсӣ, масалан, дар шеърнависӣ, сухандонӣ, ширинсуханӣ бениҳоят истеъдоди баланд доштааст. Навоӣ дар боби шашуми «Маҷолис-ун-нафоис» менависад, ки «худам бо Мавлоно Шамсӣ шинос набудам, аммо дар бораи ӯ аз дӯстам Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ бисёр сифатҳои хубашро шунидам» ва ду мисраи шеъри ӯро мисол мебиёрад. 
Ҳофиз Муҳаммади Султоншоҳ ҳам ба қатори шоирони боистеъдоди доираи Ҳазрати Навоӣ дохил мешавад. Ба қавли Навоӣ, ӯ хеле ҳам ровии хуб ва хушнавис буд. Ӯ шеърҳоро бо оҳанги дилкаш ва писандида мехонд. Дар хати чалӣ (равшан) ва хафӣ (пӯшида) истеъдоди баланд дошт. Ба ғайр аз ин  Ҳофиз Муҳаммади Султоншоҳ як шахси ростқавл, боинсоф буда, ахлоқи ҳамида дошт, менависад Навоӣ.
Навоӣ дар бораи Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ нисбат ба шоирони дигари бадахшӣ маълумоти пурратар медиҳад. Муҳаммади Бадахшӣ, менависад Навоӣ, аз деҳаи кӯҳистонии худ барои хондан аввал ба Самарқанд ва баъд ба Ҳирот мебиёяд. Ӯ шахси бениҳоят истеъдоднок буда, рафиқони бисёр дошт. Ӯ бисёри вақти худро барои пазироии рафиқонаш сарф мекард. Дар натиҷа ба шаробнушӣ ва танбалӣ гирифтор шуда, то ҳадде расид, ки бо пойи луч ва маст дар кӯчаҳо ва бозорҳо мегашт. Аммо ӯ дар Ҳирот ба шахси хирадманди бадахшӣ дучор шуда, бо кӯмаки ӯ аз шаробнушӣ ва дар кӯчаҳо беҳуда гаштан даст кашид, тавба кард, аз кораш пушаймон шуд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ даромад. 
Ҳозир дар байни шоирон, менависад Навоӣ, аз ӯ мулоимтар одамро намеёбӣ. Як хусусияти муҳими рафтори Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ аз дигарон дар он буд, ки ӯ дар назди подшоҳ ва амирон сар хам намекард, даст ба сина намегузошт. Барои ӯ подшоҳ ва амалдорон аз одамони одии камбағал фарқ намекарданд. Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ дар бораи санъати муаммо рисолаи хубе таълиф кард, ки дар байни мардум машҳур гашт. Бо вуҷуди он, ки дар вақти суҳбат бо дигарон фикр накарда, бадоҳатан ҷавоб медод, дар суханронии худ ба иштибоҳ роҳ намедод, қайд мекунад Навоӣ. Аз ин характеристикаи Навоӣ ба Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ хулоса бояд кард, ки Ҳазрати Навоӣ дар илми одамшиносӣ ҳам хеле истеъдоди баланд доштааст.

Навоӣ дар бораи маснавинависи сермаҳсул – Мавлоно Абдусамади Бадахшӣ ҳам бисёр суханҳои нек гуфтааст. Навоӣ қайд мекунад, ки Абдусамади Бадахшӣ дар яке аз байтҳои маснавии худ ба суханбозиҳо роҳ дода, қофия ва ташбеҳи нодуруст истифода мекард. Навоӣ менависад: ман ҳангоме ки ба нодурустии маснавии ӯ ишора мекардам, ӯ ба фикрам розӣ шуда, ба ман изҳори ташаккур кард. Ин воқеа боиси дӯстии мо гардид, маснавиҳое, ки Абдусамади Бадахшӣ менавишт, дар маросимҳо, тӯйҳо сароида мешуданд. Мо дар инҷо гуфтаҳои Навоиро айнан мебиёрем: «Мавлоно Абдусамад Бадахший – ҳам Бадахшонидур. Султон Абусаид Мирзо замонида Ҳиротга келди. Подшоҳ унга ӯз тарихи берди. Маснавигӯй ва мусанниф киши эрди. Бир байтида таҷнис хаёл қилиб, қофиясин ғалат қилиб берди, фақир уни воқиф қилғич филҳол муттанаббеҳ бӯлди ва изҳори миннатдорлиғ ҳам қилди ва бу иш унинг била фақир орасида ошнолиққа сабаб бӯлди, тӯй таърифида ва гуяндалар зикрида унинг маснавийсиндурким:
Зи моҳӣ ҳаё-ҳӯй 
то моҳ буд,
Сари овозашон,
 ҷонам Аллоҳ буд». 
Аз таърих маълум аст, ки дар расадхонаи Улуғбек  ба мисли Алии Қушчӣ (Птоломейи Шарқ) (1324-1428),  Қозизодаи Румӣ, Ҷамшед ал-Кошӣ, Ал-Самарқандӣ, Мавлонои Бадахшӣ ном риёзидон ва ситорашинос ҳам кору фаъолият мекард. Алишер Навоӣ менависад, ки Улуғбек Мавлоно Бадахширо барои дониши мукаммал ва бениҳоят софдилиаш эҳтиром мекард. Ба гуфти Навоӣ, шоирони самарқандии ҳамон давр (Мавлоно Муъмини Самарқандӣ, Орифи Фурқатӣ, Мавлоно Ҷавҳарӣ, Мавлоно Ховарӣ, Мавлоно Риёзӣ ва ғайра) Мавлоно Бадахширо на танҳо риёзидон, ситорашиноси боистеъдод, балки ҳамчун шоири ширинсухан эътироф мекарданд. 
Бояд гуфт, ки Ҳазрати Навоӣ дар рисолаи худ дар бисёрии ҳолатҳо ба мазҳаби ин ё он шоир (шиа, суннӣ, сӯфӣ) ишора мекунад. Аммо ба шоирони бадахшии ҳавзаи Ҳирот, ё давраи темуриён, мансубияти онҳоро ба ин ё он мазҳаб  ишора накардааст. Ин ҳолат, ба назарам, ду сабаб дошт. Аввал ин, ки темуриён ба мазҳаби исмоилия мухолифат мекарданд ва исмоилиёнро шадидан таъқиб мекарданд. Дувум ин, ки назарияи ақлонии (ратсионалистӣ) исмоилиён ва ботинӣ доштани таълимоти қуръонӣ дар мазҳаби тасаннун қобили қабул набуданд. Бинобар ин шоирони исмоилимазҳаб, тибқи таълимоти исмоилия тақия (ақли солим) – мазҳаби худро дар байни суннимазҳабон мармуз мекарданд. Умуман, тибқи тафаккури бисёрии зиёиёни бадахшӣ давлатдории темуриён ба асоси «ақли солим» ҷойгузин нашудааст. Бесабаб нест, ки бисёрии бадахшониён дар назди амалдорони темурӣ сар хам намекарданд, даст бар сина намегузоштанд. 
Азбаски Ҳазрати Навоӣ худаш сӯфӣ буд ва ба тариқати нақшбандия, ба мисли Ҷомӣ, шомил буд ва дар байни таълимоти исмоилия ва тасаввуф дар масъалаи фаҳмиши ақли кулл, ботин ва зоҳир, мақоми инсон дар олами ҳастӣ, моҳияти шариат умумият буд, ба исмоилиён эҳтиром дошт. Аз ин сабаб Навоӣ аз нишондоди мазҳаби шоирони бадахшӣ худдорӣ мекард. Бесабаб нест, ки Навоӣ дар рисолаи дигари худ «Насойим-ул-муҳаббат» ба асосгузори таълимоти исмоилия дар Бадахшон Ҳаким Носири Хусрав басе баҳои баланд дода, нисбати ӯ илтифоти амиқ зоҳир мекунад. Ӯ менависад: «Саид Носири Хусрав – Бадахшон кӯҳистонида бӯлур эрмиш. Бағоят мумтоз киши эрмиш. Кӯҳистон аҳли бошдин аёқ унинг муридидурлар ва шоҳ Носир Хусрав била таъбир қилурлар. Зоҳир улумин хейле кӯрган эрмиш ва ботин илмин доғи риёзат ҷиҳатидан ҳосил кӯргондир, аммо бу тоифанинг унинг мазҳабида таънлар бор ва бу таън гуё «Рушноинома»-сида мазкур бӯлғон абёти ҷиҳатидиндурки, ҳаким мазҳаби равишида воқеъ бӯлибдир ва мазори кӯҳистондадур». (Навоӣ, ҷ. 15, Тошканд, 1968. С.18.)
Умуман, Навоӣ ҳамчун мутафаккир, шоири инсонпарвари замони худ нисбат ба Бадахшон ҳамчун макони беназири табиат муносибат мекард ва онро чун қисмати муҳими ҳаёти мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр медонист.

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
доктори улуми фалсафа, профессор.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: