«БАДАШ» – МАҲСУЛИ УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ ХАЛҚӢ

Аъзои маҳфили фолклорӣ-этнографии «Бадаш», ки дар назди мактаби «Авлоди баркамол»-и ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё фаъолият дорад, бо иҷрои рангоранги худ дили бисёриҳоро тасхир намудааст.

Роҳбари маҳфил Марвар Отаниёзова мебошад.
– «Бадаш» инъикосгари урфу одат, тарзи ҳаёти мардум буда, асосан бо даф (доира) иҷро карда мешавад. Баъзан ангуштпона, чумча ва зарфҳои сафолӣ ба он ҷӯр мегарданд, – мегӯяд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир қариб чил нафар ҷавон дар ин маҳфил ба маҳорати ҳунариаш меафзояд. Иштироки аъзои маҳфил дар чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ боиси дилхушии гирдиҳамомадагон аст.
Дар акс: аъзои маҳфили фолклорӣ-этнографии «Бадаш».
Аксбардор: 
Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: