Саид Аҳмад баъди азобҳои дурударози маҳбас, ниҳоят, ба озодӣ баромад.
Саид Аҳмад баъди азобҳои дурударози маҳбас, ниҳоят, ба озодӣ баромад. Вале моргазида аз ресмони ало метарсад, гуфтагӣ барин, дар кӯча формапӯшеро бинад, ба баданаш мурғак метохт.
Мегӯянд, вай соле, ки шиканҷаҳои тазйиқро паси сар сохт, ба сафари водии Фарғона баромад. Ҳамқаламон ва мухлисони эҷодаш самимона пазируфтанд, вохӯриҳо фаромӯшнопазир сурат гирифт. Хеле ғуборҳо баровард ва хост ба Тошканд баргардад. Поезде, ки дар Намангон ба он нишаста буд, баъди чанд соат ба Марғилон расид ва таваққуф кард. Дар вагон милитсионери бадқавоқе пайдо гашт ва пурсид: – Ҳасанхӯҷаев кист?
Саид Аҳмад як қад парид.
Аз онҳое, ки фамилияашро гирифта ҷеғ мезананд, сахт меҳаросид. Одатан дар маҳбас «Ҳасанхӯҷаев!» мегуфтанд бо оҳанги дурушт, садо рост ба дилаш рафта расида, саропояш ларзид.
– М-ман, – гуфт тарсомез Саид Аҳмад.
– Лаш-лушатро ғундор, аз пасам биё!
Пеши назари адиб торик ва нафас дар гулӯяш саргум зад: «Наход боз ба зиндон баранд?»
Дар ҳоле ки ба саду як хаёли ваҳмангез мерафт, ноилоҷ аз паси милитсионер қадам гузошт. Аз поезд фуромаданд. Миршаб ҳар тараф назар карда ва ин сӯ-он сӯ асабиёна қадам мезад. «Маро ба кадоме супурданӣ», фикр кард адиб ва бо тасаввури пешомади бад тахтапушташ ваҷаррос зад. Поезд ба ҳаракат даромад.
– Э, куҷо мегардед? – гуфт ниҳоят милитсионер ба нафаре, ки табассумомез пеш меомад.
– Одаматон ҳамин?
– Ҳа, – гуфт он нафар ва ба Саид Аҳмад, ки ҳанӯз ба худ наомада буд, ғолибона як назар афканд:
– Хӯш, ба даст афтидӣ? Як назар надида, гурехтанӣ будӣ, ноодам?
Нависанда ва журналист Адҳам Ҳамдам буд он одам. Вай аз дӯсти намангониаш Солеҳ Отаҷон тавассути телефон ба поезд нишастани Саид Аҳмадро фаҳмида, дар Марғилон нигарон менишастааст.
– Ҳазлат дафъ шавад, – коҳиш кард Саид Аҳмад. – Намур бо ҳамин найрангат. Талхаам кафондӣ.
Ш. МУҲАММАД.