Намангон ба сифати шаҳри гулҳо шуҳрат пайдо кардааст.
Он бо мактаби бисёрасринаи ҳунармандиаш низ шуҳрат дорад. Имрӯз корҳои васеъмиқёси бунёдкорие, ки дар вилоят татбиқ мегарданд, сазовори эътирофи ҷаҳониён мебошанд.
Сохтмони истгоҳи гармии барқӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғон на танҳо сокинони вилоят, балки аҳолии тамоми водии Фарғонаро хушнуд гардонд. Чунки баробари бо иқтидори пурра ба истифода супурда шудани истгоҳ имконияти беист бо қувваи барқ таъмин намудани тамоми аҳолии водӣ ба вуҷуд меояд.
Ба қарибӣ гурӯҳи журналистон бо корҳое, ки дар Истгоҳи гармии барқии Тӯрақӯрғон амалӣ мешаванд, шинос шуданд.
Арзиши умумии лоиҳа 1 миллиарду 195 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он аз ҳисоби маблағи Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA), Фонди таҷдид ва тараққиёти Ӯзбекистон ва ҶС «Ӯзбекэнерго» бо маблағ таъмин карда мешавад. Истгоҳ аз ҷониби консорсиумҳои ҷопонии «Mitsubishi Corporation», «Mitsubishi Hitachi Power Systems» сохта мешавад. Инчунин дар корҳои сохтмону васл мутахассисони ширкати «Calik Enerji»-и Туркия иштирок менамоянд.
Чи хеле ки роҳбари маъмурияти сохтмони Истгоҳи гармии барқии Тӯрақӯрғон Акмал Файзиев хабар дод, дар 22 гектари 90 гектар майдони ҷудошуда корҳои чоҳканиву ҳамворкунӣ дар шаш моҳ ба иҷро расонда шуданд. Дар ин ҷо ду таҷҳизоти буғугазӣ қад рост кардааст. Онҳо ба воситаи пулти марказии идора назорат карда мешаванд.
Дар айни ҳол дар иншоот корҳои сохтмон қариб ба охир расидааст. Таҷҳизоти якум ва дувуми буғугазӣ бо таҷҳизоту агрегатҳои зарурие, ки қувваи барқи асосиро истеҳсол менамоянд, муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар дастгоҳи мазкур корҳои васлкунӣ ва бакорандозиву танзимкунӣ ба анҷом расидаанд. Дар ҳудуд шабакаҳои роҳ ва коммуникатсионӣ кашида шуда, барои коргарон се манзили чорошёна қад афрохтааст. Маъмурияти идора дар бинои сеошёна, хидмати бехатарии сӯхтор – дар бинои ҷудогонаи махсус воқеъ гардида, фаъолияти заводи бетон ва хоҷагиҳои дигари ёрирасон ба роҳ монда шудааст.
– Ба корҳои сохтмон беш аз 2500 коргар ва мутахассис ҷалб шудаанд, – мегӯяд сармуҳандиси Истгоҳи гармии барқии Тӯрақӯрғон Нодир Насибалиев. – 550 нафари онҳо аз Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ва беш аз 20 мамлакат омадаанд. Бинобар ин, дар ин ҷо дидан мумкин аст, ки мутахассисони хориҷии соҳа чӣ хел меҳнат мекунанд. Имрӯз онҳо бо корҳои васлгарӣ машғуланд. Боз як навгонӣ дар он аст, ки дар дастгоҳи якуми буғу газ ҷараёни озмоиширо оғоз намудем ва аз 10 август 300 МВт иқтидор ба хатҳои интиқоли барқ равона карда мешаванд. Бо ин дар як вақт корҳои озмоишӣ гузаронда хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, таҷҳизоти якуми буғу газии истгоҳи гармии барқӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ, дувумаш моҳи декабр ба кор андохта мешавад.
Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияи пулти марказии идора мутахассисони ҷопонӣ дар бораи аҳамияти ин лоиҳа нақл карданд.
– Мо корҳои асосиро ба охир расондем, – гуфт менеҷери лоиҳавии консорсиуми «Mitsubishi Hitachi Power Systems» Хироши Отагура. – Дар сохтмони ИГБ 50 нафар намояндагони Ҷопон ва 55 нафар хориҷиёни ширкати мо иштирок мекунанд. Дар кишвари шумо кор кардан ба мо маъқул шуд. Ният дорем дар оянда низ дар чунин лоиҳаҳо иштирок намоем.
Хуллас, ин иншооти бузург дар мамлакатамон ягона буда, он натиҷаи амалии корҳои васеъмиқёсе мебошанд, ки имрӯз таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мегарданд. Баробари баҳрабардории ИГБ соле имконияти барилова ба даст овардани 900 МВт иқтидор, яъне истеҳсол намудани 6,7 миллиард кВт/соат қувваи барқ фароҳам меояд. 300 ҷойи нави корӣ созмон дода хоҳад шуд.
Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.