БАЪДИ ЭЪТИРОЗ БА ЛОИҲАИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҒЙИРОТ ДАРОВАРДА ШУД

Дар вилояти Фарғона тайи се-чаҳор соли охир биноҳои зиёди истиқоматӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи қарори Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии такомул бахшидан ба механизмҳои кредити ипотека” аз 28 ноябри соли 2019 танҳо дар қаламрави ҷамоатҳои шаҳрвандони “Саноат” ва ”Ҳосилот”-и ноҳияи Фарғона барои сохтмони 6 бинои истиқоматии панҷошёна 1,25 гектар майдон ҷудо карда шуд. 
То имрӯз аз ин шумори биноҳо корҳои сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 3-тои он ба иҷро расидааст. Аммо сохтмони 3 бинои боқимонда ҳанӯз давом дорад. 
Таъмини оби нӯшокӣ ба ин биноҳои баландошёна тавассути ширкати «Хизматрасонӣ ба муштариёни соҳаи сохтмони ҳокимияти вилоят» анҷом дода шудааст. Ин ширкат баъди он, ки сокинони биноҳои истиқоматӣ аз шабакаҳои канализатсияи маҳаллӣ эътироз кардаанд, ки дар лоиҳаи аввал муайян шудаанд, ин лоиҳа баъдан тағйир дода шудааст. Он гоҳ имкон фароҳам омадааст, ки шабакаи канализатсияҳои биноҳои истиқоматии минбаъда мустақим ба шабакаи марказии канализатсионӣ васл карда шаванд.
Тибқи  иҷрои барномаи рушди инфрасохторҳои маҳалла дар ноҳияи Фарғона барои солҳои 2022-2023 дар ҷамоати шаҳрвандони “Саноат”, кӯчаҳои Дӯстлик, Пахтакор, Истиқлол, Чимиён ва 8-Март ба дарозии 1 км. шабакаи канализатсия кашида шудааст. Сохтмони шабакаи нави канализатсия низ пешбинӣ шудааст ва ба ин максад 1 миллиарду 600 миллион сӯм аз маблағи буҷа ихтисос дода шудааст. 
Иҷрои кор дар иншооти мазкур ба зиммаи фармоишгари Корхонаи давлатии унитарии «Ширкати инҷинирингии обу корез» вогузорӣ шудааст. Шабакаҳои канализатсияи дохилии биноҳои истиқоматӣ анҷом дода шуданд. Ҳоло дар объекти ишорашуда корҳои тарҳрезӣ давом дорад. Интизор меравад, ки то 9 декабри соли равон корҳои ба шабакаи канализатсияи марказӣ васлкунӣ ба анҷом мерасад.
Ногуфта намонад, ки чанде пеш дар  шаҳри Фарғона як маҷмааи истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ «Файз бинокор Олтиариқ» бунёд карда шуд. Ин биноҳои истиқоматӣ барои зист хеле қулай мебошанд ва аз тамоми шароити замонавӣ бархурдоранд. Дар бино 120 хона мавҷуд буда, ошёнаи якуми онро муассисаҳои хизмати маишӣ ва савдо ишғол кардаанд.
Бо манзил таъмин намудани аҳолӣ дар ноҳияи Бағдод ҳамчун намунаи чунин корҳо оиди таъмини аҳолӣ бо хонаву ҷой дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн гардид. Дар ин ҷо  ҳудуди 49 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба ин васила эҳтиёҷи мардуми зиёд рафъ гардид ва муроҷиатҳои зиёд дар бораи мушкилоти ҷои зист тақрибан аз байн рафт. 
Дар ҳамин ҳол вилояти Фарғона ҷиҳати сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар сафи аввалинҳо қарор дорад. Ба гуфтаи ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар гузаштаи наздик барои сохтмони манзилҳои 5-ошёна иҷоза намедиҳанд, зеро имрӯз дар ҳар минтақа биноҳои то 25 ошёна сохта мешаванд ва масъалаи таъмини сокинон бо биноҳои замонавӣ, хушсохт ва босифат дар маркази ислоҳоти имрӯзаи сарвари давлат меистад. 
Дар заминаи маҷрои босуръати сохтмонҳои азим дар канори шаҳри Фарғона бунёди Шаҳри экологӣ барои 40 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст, ки масоҳати майдони он 300 гектарро ташкил мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: