БАЪДИ ХИДМАТ БА ХОНА БАРМЕГАРДАНД

Дар назди муҷассамаи «Савганд ба Ватан» («Ватанга қасамёд») боз сарбозони хидмати ҳатмии ҳарбӣ саф оростанд.

 Имрӯз дар чеҳраи онҳо табассум, дар чашмонашон шодии бепоён. Ҳамаи онҳо муҳлати муқарраршудаи хидматро адо намуда, тайёранд бо ифтихор ба хона раванд. Онҳоро аллакай падару модар, хешу табор ва дӯстонашон мунтазиранд.
Ҷавононро ба муносибати ба охир расидани хидмат намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳунарпешагони машҳур ва арбобони ҷамъиятӣ табрик гуфтанд. Ба сарбозоне, ки дар омодагии ҷангӣ ва маънавию ахлоқӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардида, сатҳи зарурии дониш ва интизоми намунавии ҳарбӣ нишон додаанд, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ тавсияномаҳо супурда шуданд. Барои бисёриҳо ин имконияти амалӣ кардани орзуи дерин гардид.
– Дар вилояти Навоӣ саноати истихроҷи маъдан ва металлургия хеле ривоҷ ёфтааст, – мегӯяд сарбози хидмати ҳатмии ҳарбӣ Иброҳим Бобораҳматов. – Дар ин ҷо яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон воқеъ гардидааст. Тавсияе, ки ман гирифтам, имкон медиҳад, ки орзуямро амалӣ созам. Ман мехоҳам ба Донишгоҳи маъдани кӯҳӣ ва технологияи Навоӣ дохил шавам ва дар он ҷо ихтисоси истихроҷи маъданро омӯзам. Дар оянда ният дорам, ки дар яке аз корхонаҳои маҳаллӣ ба сифати муҳандиси кӯҳӣ кор кунам. Ҳоло ин касб хеле серталаб аст ва ба ҳама кадрҳои соҳибихтисос заруранд.
Ба ғайр аз тавсиянома ба номи волидони сарбозони шоиста сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
– Мехоҳам ба падару модарам ҳадя омода кунам, онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки ман ба хона бармегардам, – мегӯяд сарбози хидмати ҳатмии ҳарбӣ Абдулазиз Раҳматов. – Тасаввур мекунам, ки вақте ки ба онҳо сипоснома тақдим менамоям, то чи андоза фахр мекунанд. Дар хона пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ каме дам мегирам. То артиш дар ташкилоти мусоидат ба мудофиаи «Ватанпарвар» аз омодагӣ гузаштам. Дар он ҷо касби ронандагиро азхуд намуда, шаҳодатнома гирифтам. Он ба ман дар давоми хидматам кумаки зиёд расонд. Ҳамон вақт ман ба техникаи ҳарбӣ шавқу ҳавас пайдо кардам. Имсол ният дорам ҳуҷҷатҳоямро ба Омӯзишгоҳи олии командирию муҳандисии танки Чирчиқ супорам.
Ҷавононе, ки он рӯз дар назди муҷассамаи «Қасамёд ба Ватан» ҷамъ омада буданд, ба хона бармегарданд. Акнун ҳамааш танҳо ба онҳо вобаста аст. Онҳо бояд интихоби дуруст карда, аз тамоми имтиёзу имкониятҳои ба онҳо додашуда самаранок истифода баранд. 

Роман БОНДАРЧУК,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: