Ба назарам чунин менамояд, ки мо дирӯзакак суҳбат ва аз фаъолият дар бахши тоҷикии «Оинаи нилгун»-и Самарқанд (СТВ) ёд карда будем.
Суҳбати дилнишин, ҳазлу мутоибаи беозор доштем мо. Дафъатан гуфтам, ки нияти дар бораи ӯ чизе навиштан дорам.
– Саросема нашавед, – чун ҳамеша бо табассум узр пеш овард вай. – Ҳоло фурсат ҳаст. Ана баъд мебинем, қаламатон ба чӣ қодир аст.
Аммо бегоҳии 26 сентябр ғайричашмдошт ҳамсояи ӯ, собиқ корманди корҳои дохилӣ, полковник Шаҳобиддин Садриддинзода, ки аз ҳамқаламу ҳамдил будани мо огоҳӣ дошт, занг зада, ногаҳон фавтидани Юсуф Раҷабиро гуфт ва хоҳиш кард, ки ҳамкасбонро ба ҷанозаи ӯ хабар диҳам.
Рости гап, чанд лаҳза моту мабҳут мондам.
Чӣ илоҷ? Ҳарчанд ба ҷойи очерк таъзиянома навиштан гарон буд, иҷборан бадард қалам ба даст гирифтам.
Ҳавас ҳаст, ҳамин бас аст...
Юсуф 28 майи соли 1963 дар Самарқанд таваллуд шуд, дар мактаби ҳамагонии рақами 25-уми маҳаллаи Боғи майдон (ҳоло мактаби рақами 69-уми шаҳри Самарқанд) таҳсил гирифта, бо тақлид ба ҳамгузараш Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ба рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи мактаббачагон – «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз») хату хабарҳо менавишт.
Ҳар сол ҳангоми анҷирпазӣ хеши наздикашон шоир ва драманависи номдори тоҷик Наримон Бақозода аз Душанбешаҳр ба ҳавлии онҳо меомад.
Падари Юсуф Ҳотам Раҷабов боре дар омади гап ба ӯ гуфт, ки писараш ба соҳаи журналистика ҳавас дораду хату хабарҳояш дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд.
– Ҳавас ҳаст, ҳамин бас аст, – ба ситоиши мухбири ҷавон пардохт Бақозода. – Маслиҳат ҳамин, ки бештар китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа кунад. Ана баъд ба мактаби олӣ дохил шуда, соҳиби диплом шавад, журналисти тайёр-дия. Воқеан, Боғи майдон макони эҷодкорон аст. Дар ин ҷо Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Болта Ортиқов, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода барин шоир, нависанда ва журналистон таваллуд шудаанд. Юсуфҷон низ аз қатори онҳо ҷой хоҳад гирифт...
Баъди гирифтани номаи камол меҳру муҳаббат ба адабиёт ва матбуот Юсуф Раҷабиро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Вай солҳои таҳсил низ ҳамкории хешро бо матбуот идома дод. Шояд аз ҳамин сабаб баъди хатми он бо роҳхат ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» омад. Маҳз дар ҳамин маркази матбуот ӯ истеъдоди хешро сайқал дод. Аммо он солҳо масъалаи ба қайдгузорӣ, яъне «прописка» ва манзили зист душвор буд. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд боз ба зодгоҳаш – Самарқанд баргардад.
Хушбахтона, соли 1991 телевизиони Самарқанд (СТВ) таъсис ёфт ва ӯ нахустин муҳаррири бахши тоҷикӣ таъин гардид. Дертар дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ кор кард. Солҳои охир дар мактаби зодгоҳаш бо корҳои фарҳангӣ ва тарбияи эҷодкорони ҷавон машғул буд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубонаш Дилфуза Зубайдуллоева писару дахтарашро табъи дил таълиму тарбия дод. Панҷ нафар набераҳояш ба бобоҷону бибиҷон олам-олам хурсандӣ мебахшиданд.
Вале сад афсӯс, ки ба дарди бедаво печиду чашм аз олам пӯшид ва ба Ҳақ пайваст. Ёру дӯстон, хешу пайвандон, шогирдону ҳамкасбон Юсуфи эҷодкори хоксору росткор, ҳақиқатпарасту адолатпарастро ба роҳи охирин гусел карданд. Ба ҳамин муносибат хеле мардум дар маркази гузари Чилсутун ҷамъ омаданд. Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Нисбатдор домулло Сатторамак ва дигарон қабл аз хондани ҷанозаи маит хислатҳои неки ӯро ба хотир овардаанд. Ба падари 94-солаи вай Ҳотамбобо Раҷабов ва модараш Эварахола Неъматова сабри ҷамил хостанд.
– Юсуф Раҷабӣ ҳамгузари ман буд, – мегӯяд ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Тошқул Азимзода, – вай бо эҷодиёти худ дар дили хонандагон, шогирдон ва дӯстонаш боқӣ хоҳад монд. Ба ин маънӣ шоир хеле бамаврид гуфтааст:
Баъди мурдан нишони мо
сухан аст,
Оташи корвони мо
сухан аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.