БАЪДИ МУРОҶИАТҲО БА ҚАБУЛХОНАҲОИ ХАЛҚӢ

Се сол инҷониб қабулхонаҳои халқи назди Президент фаъолият ба роҳ гузошта, дар ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҳаёти шахсию иҷтимоӣ нақши муҳим мебозанд.

Се сол инҷониб қабулхонаҳои халқи назди Президент фаъолият ба роҳ гузошта, дар ҳалли мушкилот ва масъалаҳои ҳаёти шахсию иҷтимоӣ нақши муҳим мебозанд. Аз муносибатҳои оилавӣ сар карда, то муаммоҳои дараҷаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ муроҷиатҳо мавриди эътибор қарор гирифта, дар паси ҳар ариза истодани инсон аз мадди назар дур намемонад. Аз ҷумла, ба қабулхонаҳои халқӣ воқеъ дар вилояти Фарғона дар рӯзҳои карантин, низ, ки душвориҳои муайян тавлид сохтааст, муроҷиатҳои зиёд афтида, таҳти ҳамдастии ҳокимон, роҳбарияти тамоми секторҳо ва гурӯҳи корие, ки созмон ёфтааст, масъалаҳои аз ҷониби аҳолӣ бамиёнгузошташуда ҳалли иҷтимоии худ меёбанд.
Дар шароити пандемия, чун дар дигар минтақаҳо, корҳои таъмиру сохтмон дар вилоят қатъ нагаштаанд. Собиқадори меҳнат, сокини ҷамоати шаҳрвандии «Зулол»-и минтақаи наздикӯҳии Чимён Алиҷон Аҳмедовро вазъи ногувори бинои таълимии мактаби деҳа нороҳат месохт. Вай ба қабулхонаи халқӣ муроҷиат сохт, ба талаб ҷавоб надодани синфхонаҳо, умуман, мавҷуд набудани шароити замонавии таълим дар дабистони зикршударо ба идораҳои дахлдор маълум намуд. Фактҳое, ки овард, тасдиқи худ ёфтанд. Дар асоси муроҷиати ӯ аз маблағи сармоявии барои соли равон муайяншуда 2 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар фурсати кӯтоҳ 10 синфхонаи иловагӣ барпо гашт. Базаи моддию техникии мактаб бо ҷиҳози нави техникию таълимӣ мустаҳкам гардид. Хонаҳои таълимию лабораторӣ, майдончаи варзишӣ, устохона ва кулли биноҳои ёрирасоне, ки дар ихтиёри мактаби деҳа буданд, ба таъмири пурра фаро гирифта шуданд. Ҳамин тавр, деҳаи наздикӯҳӣ симои куллан дигар ба худ гирифт, муаммои нарасидани синфхонаҳо низ ҳаллу фасл гашт.
Ҳолати бинои боғчаи кӯдакона воқеъ дар шаҳрчаи кончиён низ аҳли Чимёнро бо абгории худ ба ташвиш мегузошт. Аз бомҳо чакка мегузашт, системаи гармигузаронӣ умуман кор накарда монд, андоваҳо кӯчида ва табъи бинандаро хира мекарданд. Аснои қабули сайёри қабулхонаи халқӣ чимёниҳо аз ҳамин бобат ба идораҳои дахлдор муроҷиат карданд. Ҳадаҳа ба таъмири бинои дуошёнаи кӯдакистон, ки дар паҳлӯи фароғатгоҳи «Чимён» ҳоли ҳузнангез дошт, шурӯъ намуданд. Рӯзҳои карантин баъзан шабҳангомҳо низ корҳои таъмиру тармим давом намуданд. Дар натиҷа бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 280 нафар дар як муддати кӯтоҳ хушсифат таъмир гашт. Бо баанҷомрасии карантин боғчаи кӯдаконаи воқеан замонавӣ фарзандони хурдсолро ба бар хоҳад кашид. Таъмирталабии роҳҳои деҳот, айни замон, аз масъалаҳои ҳалталаб. Кӯчаи Янги маҳаллаи деҳаи Аввали ноҳияи Фарғона бо чуқурию пастиҳояш табъи пиёдаву ронандагони автомобилҳоро мекоҳонд. Баъди муроҷиат ба қабулхонаи халқӣ кӯчаи марказии деҳа дар ҳудуди 1200 метр мумфарш гардонида шуд.
Аҳолии кӯчаҳои Арчазор ва Олучазори деҳаи Меҳнатободи ноҳияи зикршуда аз ногувории таъминоти барқ ба танг омада буданд. Аз боришоту шамолхезиҳои сахт барқ хомӯш мешуд. Хирасӯзии фурӯзонакҳо низ дилро хира менамуд. Симчӯбҳо, ки замонҳое устувор гардонида ва хидмати худро аллакай карда ва корношоям шуда буданд, баъди муроҷиати аҳолӣ ба қабули сайёр аз байн бардошта ва ба ҷояшон 56 сутуни оҳану бетонӣ устувор гардонида шуданд. Хати ноқилҳо низ нав ва ба ҳар гуна шароити табиӣ тобовар гардид, ки ин низ дар таъминоти муттасили хидматрасонии барқӣ аз омилҳои асосӣ қарор гирифт. Трансформаторҳои нав гузошта шуданд. Пештар бинобар нарасидани маблағ аҳолӣ маҷбуран  пул ҷамъ мекард ва трансформатори корношоямшудаи ҳудуди худро аз ҳисоби худ нав менамуд. Ҳоло ин гуна муаммоҳо дар вилояти Фарғона то андозае ҳаллу фасл шудаанд.
Вақтҳои охир деҳоти байни кӯҳҳои баланди ноҳияи Сӯх низ ба ободӣ рӯй мениҳад. Натанҳо маҳаллаҳои Ровон ва Янгиариқ, ки дар маркази ноҳия воқеанд, ҳамчунин Сариканда, Қалъа, Ғазнов барин деҳаҳои дуру наздик ба маънои ҳақиқӣ шаҳрчаҳои замонавӣ гардидаанд. Вале масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳал нашудаанд ва ба ободии рӯзгори мардум халал мерасонанд, ҳамон зиёд. Бошандаи деҳаи Қалъа Акбаралӣ Умаров оиди ногувории ҳолати роҳу гузаргоҳҳо ва таъминоти барқи зодгоҳи худ ба қабулхонаи халқӣ муроҷиат кард. Бо ҳамин мазмун аз сокинони кӯчаи Дашти маҳаллаи Офтобрӯ низ шикоятҳо афтиданд. Аризаҳо саривақт омӯхта ва баҳри таъминоти муттасили барқ, мумфарш сохтани роҳу гузаргоҳҳо чораҳо андешида шуданд. Муроҷиати шаҳрванд Намунахон Охунова дар масъалаи шахсӣ низ қонеъ гардонида шуд. Деҳкадаи Деҳвайрон дар соҳили дарёи шӯхоби Сӯх воқест. Об торафт соҳилҳои худ шуста, ба Деҳвайрон хавф тавлид месохт. Бо азхуд шудани 1 миллиарду 100 миллион сӯм ба соҳилҳо бетон хобонида ва мустаҳкамии онҳо то дараҷае таъмин гашт. Дар деҳаи Сарибозорча дар доираи барномаи давлатии сармоявӣ бинои нави мактаб барои 260 ҷой бунёд меёбад, ки аз буҷаи мактаб барои ин харҷ шудани 2 миллиард сӯм муайян карда шудааст. Сохтмони бинои шифохонаи бемориҳои сирояткунанда дар қаламрави беморхонаи марказии Сӯх низ имрӯзҳо оғоз ёфтааст. Азхуд шудани 3 миллиарду 630 миллион сӯм маблағ ба нақша даромадааст.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: