БАЪДИ МУТОЛИАИ МАҚСУД ШАЙХЗОДА...

«Аз гаҳвора то қабр илм омӯз», гуфтаанд бузургони мо.

«Аз гаҳвора то қабр илм омӯз», гуфтаанд бузургони мо. Инсон тамоми умр ба омӯхтан эҳтиёҷ дорад. Китоб ба инсон ғизои маънавӣ мебахшад. Мутафаккири бузург Алишери Навоӣ чунин суханони ибратомӯз дорад: «Китоб – устоди беминнат, манбаи асосии дониш ва маънавият мебошад».
« Бо ташаббуси роҳбари давлат ба муассисаҳои таълими олӣ вазифаи амиқ омӯхтани ҳаёт ва мероси адабии шоирон ва мутафаккирон супурда шуд. Аз ҷумла, масъалаи тадқиқ намудани роҳи ҳаёт ва эҷодиёти Мақсуд Шайхзода дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ба миён гузошта шуд. Ба сифати ходими донишгоҳ бо эҷодиёти Мақсуд Шайхзода  ва мақолаҳои публитсистие, ки доир ба адиб интишор ёфтаанд, шинос шудам. Дар ҷараёни кор маълум шуд, ки Мақсуд Шайхзода дар тӯли фаъолияти қариб чилсолаи худ на танҳо дар соҳаи шеърият, драматургия, публитсистика фаъолияти самаранок бурдааст, балки ба адабиётшиносӣ ва тарҷумаҳои бадеӣ низ сарукор доштааст. Ба таъбири Наим Каримов Мақсуд Шайхзода «яке аз кӯпрукҳои тиллоӣ»-и байни адабиёти ӯзбек ва халқҳои ҷаҳон ба шумор мерафт. 
Аз аввали соли 1941 «Шоири гениалӣ» ном монографияи шоир эълон гардид ва то рӯзҳои охирини умраш бо таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ машғул шуд. Ба муносибати 500-солагии Навоӣ «Дар бораи қаҳрамони лирикии Навоӣ», «Дар бораи баъзе усулҳои поэтикии лирикаи Навоӣ», «Дар санъатхонаи устодон», «Султони мулки ғазал», «Аз таърихи тазкиранигорӣ» барин тадқиқотҳо анҷом дода, дар рушди фанни навоишиносӣ ҳиссаи худро гузоштааст.
Шайхзода ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид низ қалам ронда, бахшида ба эҷодиёти даҳонакии халқ «Алпомиш», «Ширин ва Шакар», намояндагони адабиёти классик ва муосир: Бобур, Муқимӣ, Фурқат, Ойбек, Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, адабиёти ҷаҳон: Низомии Ганҷавӣ, Шота Руставелӣ, Пушкин, Некрасов, Шевченко, Чехов ва дигарон асарҳо навишт.
Шайхзода дар трагедияи «Ҷалолиддин Мангубердӣ», ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон навишта буд, ҷасорати ҷанговаронаи шоҳи Хоразмро ба муқобили истилогарони муғул мавриди тасвир қарор додааст. Дар трагедияи «Мирзо Улуғбек» дар давраи Амир Темур ва темуриён муборизаи халқ барои озодӣ, ҳимояи Ватани маҳбуб тасвир ёфтааст. Дар асоси сенарияи Шайхзода режиссёр Латиф Файзиев филми «Ситораи Улуғбек»-ро офарид, ки тавассути он халқ бо тақдири фоҷианоки мутафаккири бузург ошно гардид. Эҷодкороне ҳастанд, ки дар хазинаи адабиёт на танҳо бо асарҳои худ, балки бо фазилатҳои инсонӣ ва образҳои дурахшон дар хотираи мардум абадӣ боқӣ мемонанд.
Шайхзода дар диёри Низомӣ ба дунё омад ва бо гардиши чархи рӯзгор дар Ӯзбекистон умр ба сар бурд ва дар ҳамин ҷо талхию ширинии ҳаётро чашид. Дар ҳамин ҷо ҳамчун шоир, драматург, адабиётшинос, тарҷумон, омӯзгор ташаккул ёфт, ба рушди адабиёт, адабиётшиносӣ ва тарҷумонӣ ҳиссаи бузург гузошт.

Дилшод РАҲМАТОВ,
ходими Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: