БАЪДИ МУТОЛИАИ «САБЗУ СУРХ»

Бузургон адабиёти бадеиро оинаи ҳаёт ва нависандаро муҳандиси равони одамизод номидаанд, ки ҳақ асту рост.

Бузургон адабиёти бадеиро оинаи ҳаёт ва нависандаро муҳандиси равони одамизод номидаанд, ки ҳақ асту рост. Оре, адабиёт метавонад одаму оламро дигаргун созад.
Дар адабиёти бадеӣ олами рӯҳонии инсон мавриди тасвир қарор мегирад. Инҷо мо қаламро сӯйи дигар кашида, фикру мулоҳизаҳои худро ба сифати як хонанда нисбати романи тозаэҷоди нависандаи соҳибистеъдод Юнуси Имомназар — «Сабзу сурх», ки соли равон рӯйи чопро дидааст, ба таври фишурда баён намуданием.
Дар адабиёти муосири тоҷик жанри роман дар садаи ХХ, ба таъсири  адабиёти русу Аврупо ташаккул ёфтааст мегӯянд, ки ба назарам асос надорад. Зеро ровиёну ноқилон ва қиссагӯёни қадими халқҳои эронитабор даҳҳо қарн муқаддам «Абӯмуслимнома», «Самаки айёр» ва «Шоҳнома»-и насрӣ барин осори гаронбаҳо эҷод кардаанд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ бори як романро мекашанд. 
Ба гузаштаю имрӯзи халқ дидаи таҳқиқ афканда, онро ба рӯйи коғаз овардан кори саҳл нест. Ин кор аз эҷодкор дониши амиқ, чашми мушоҳидакор ва дарки фалсафаи ҳаётро тақозо дорад. Хушбахтона Юнуси Имомназар аз ӯҳдаи ин бору бунаи эҷодӣ баромадааст.
Воқеаҳои романи «Сабзу сурх» дар сисилакӯҳҳои Нурато рух медиҳанд. Ҳодисаҳои ҳаёт дар романҳои устодони насри бадеӣ Садриддин Айнӣ («Ғуломон», «Дохунда»), Ҷалол Икромӣ («Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун»), Раҳим Ҷалил («Шӯроб», «Одамони ҷовид») дар доираи мафкураи ҳизбӣ баён шудаанд. Ҳоло назар ба одаму олам, таърих ва воқеаҳои нимаи аввали садаи ХХ дигар шудааст. 
Ба ҳодисаҳои қарни сипаригардида муаллиф бо диди нав қаробат ҷустааст. Дар рафтор, гуфтор ва кирдори қаҳрамонони асосии асар Фарҳоди Фаршед ва персонажҳои он Баҳроми Баззоз, Эшони Судур ва дигарон фазилатҳои донишмандӣ, мардӣ, бурдборӣ, хоксорӣ ва ҷавонмардии халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хатарнок қарзи инсонии худро адо менамоянд, ки хамирмояи адабиёти бадеӣ ҳамин аст. 
Дар асар ҳунарҳои мардумӣ: бофандагӣ, баззозӣ, дукресӣ... бо тамоми нозукиҳояш ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Нависанда ҳангоми офаридани образи чанд зани деҳаи кӯҳии Бору ба таҳаммулпазирии зани тоҷик дар назди шавҳар, одоби меҳмондорӣ, тарбияи фарзандон, ки аксар вақт бар дӯши ӯст, рӯйи эътибор гардондааст.
Хонанда дар рафти мутолиа шоҳиди байту ғазалхонӣ ва бадеҳагӯйии занон мегардад, ки ин ҷиҳат ба ҷолибияти асар афзудааст. Бале, занони тоҷик тӯли асрҳо бо сароиши тарона, рубоӣ, дубайтӣ ва байту ғазалхонӣ фарзандонро дар рӯҳи ватанпарварӣ, ҳурмати падару модар, пос доштани забони модарӣ тарбия намудаанд. Афсӯс, ки аллагӯйӣ, байту ғазалхонӣ ҳоло дар байни занон қариб, ки ба мушоҳида намерасад...
То одаму олам ҳаст, ду нерӯи ба ҳам зид — нерӯи аҳуроӣ ва аҳриманӣ бо ҳам дар талошу набарданд. Дар роман талошу набарди ин ду нерӯ дар кору кирдор, рафтор ва гуфтори қаҳрамонҳо ва персонажҳо ҳис карда мешавад. Қаҳрамонони асар, ки дунёи бойи маънавӣ доранд, бо сабурӣ ва матонат ба қувваҳои бад пирӯз меоянд.
Забони асар пуробуранг буда, аз гӯйишу ибора ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ саршор аст. Аз нигоҳи бандубаст ва сабки нигориш онро метавон дар адабиёти ҳавзаи мо як падида номид.
Мо, баъди мутолиаи китоб, ба сифати як хонанда фикру мулоҳизаҳоямонро баён намудем. Фикр мекунем, ки адабиётшиносони касбӣ нисбати ин асари хонданӣ андешаҳои худро баён мекунанд.

Иззатулло АЛИБОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷики мактаби 
рақами 38-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: