БАЪДИ ЗИЁРАТИ «АДИБЛАР ХИЁБОНИ»

Президенти мамлакат аз оғози фаъолияти хеш ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, тиб, мактабу маориф рӯйи этибор гардонд.

Президенти мамлакат аз оғози фаъолияти хеш ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, тиб, мактабу маориф рӯйи этибор гардонд. Қарору фармонҳои дар ин самтҳо ба тасвиб расондаи ӯ нерӯи созандагӣ доранд. Тибқи ин қарору фармонҳои созанда дар ҳамаи самтҳо ислоҳоту навсозиҳо идома доранд.
Сохта ба истифода супурдани бинои нави Иттифоқи нависандагон ва бунёд гардидани «Хиёбони адибон» дар ҳаёти адабиву фарҳангии ҷумҳурӣ як рӯйдоди муҳим буд. Ин суханони роҳбари мамлакат: «Дар адабиёт дили халқ ва маънавияти ӯ таҷассум меёбад. Дар ин даври мураккаб барои роҳ ёфтан ба дили одамон, рағбатноксозии онҳо ба мақсадҳои неку наҷиб бояд аз нерӯи муассири адабиёт истифода бурд. Барои омӯхтани мероси аҷдод, офаридани адабиёти бузурге, ки сазовори фарҳанги ғанӣ бошад, шароити мусоид фароҳам меоварем». Яъне, ғамхорӣ ба адабиёту адибон идома дорад.
Ёд дорем, пайкараҳои адибон дар мавзеъҳои гуногуни пойтахт дар парокандагӣ қомат афрохта буд. «Хиёбони адибон» ё боғи адибон онҳоро дар як ҷо ҷамъ овард. Ба ин кори хайр беҳтарин меъморон ва пайкарасозон ҷалб карда шуданд. Касе, ки вориди ин хиёбон ё боғ мегардад, бо пайкараҳои муҳташами адибони адабиёти классику муосири ӯзбек — Алишер Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Муҳаммад Ризо Огаҳӣ, Муқимӣ, Фурқат, Абдулло Авлонӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Қодирӣ, Абдулҳамид Чӯлпон, Ғафур Ғулом, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Мақсуд Шайхзода, Ҳамид Олимҷон, Зулфия, Саид Аҳмад, Озод Шарофиддинов, Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Муҳаммад Юсуф, қароқалпоқ — Бердақ, Тӯлепберген Қаипбергенов, Ибройим Юсупов ва рус Александр Файнберг рӯ ба рӯ меояд.
Як чиз маро ба андеша водор намуд, ки чаро дар ин хиёбони муҳташам ҷойи шоири тавонои ӯзбек — Бобораҳим Машраб, ки дар байни халқ маҳбубияти зиёд дошту дорад, холист?
Дар Хиёбони адибон чорабиниҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ ва озмунҳо баргузор мешаванд. Ба муносибати зодрӯзи адибон гирди пайкараҳои шоиру нависандагон аҳли илму адаб, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ гирди ҳам меоянд, сухан аз ҳаёт ва эҷодиёти адибон ба миён меояд, мушоираҳо баргузор мешаванд... Ин ҳама аҳамияти калони тарбиявӣ дорад, ба рушди беш аз пеши адабиёт ва зуҳури истеъдодҳои нав замина мегузорад...
Номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос ва шоир Султонмурод Олим, ки дар навиштаҳояш ҳаққоният ва адолати иҷтимоӣ бештар риоя мешавад, доир ба мафҳумҳои «Адабиёти ӯзбек» ва «Адабиёти Ватан» фикри солим дорад. Аз нигоҳи ӯ ҷуғрофияи «Адабиёти ӯзбек» басе густурда аст. Ба намояндагони адабиёти ӯзбек, аз дидгоҳи ӯ, шоиру нависандагоне дохил мешаванд, ки дар Ӯзбекистони кунунӣ ва берун аз он эҷод кардаанд ва ё дар айни ҳол бо эҷод машғуланд. Мисолан, Алишер Навоӣ дар мавзее умр ба сар бурдааст, ки ҳоло онро Афғонистон ном мебаранд. Вале ӯ шоир ва мутафаккири ӯзбек мебошад. Аз ин рӯ, мафҳуми «Адабиёти ӯзбек», дар баробари шоиру нависандагони ватанӣ, шоиру нависандагонеро низ дар бар мегирад, ки дар дигар кишварҳо бо забони ӯзбекӣ эҷод кардаанд, ё саргарми эҷоданд.
Доираи мафҳуми «Адабиёти Ватан» аз доираи мафҳуми «Адабиёти ӯзбек» тангтар аст, мегӯяд адабиётшинос. Аз нигоҳи ӯ, «Адабиёти Ватан» шоиру нависандагонеро дар бар мегирад, ки сарфи назар аз қавму нажод, дар маҳдудаи Ӯзбекистон ба сар бурдаанд ва мебаранд. Мисолан, дар гузаштаҳои дуру наздик дар сарзамини Ӯзбекистони кунунӣ бисёр шоиру нависандагони тоҷик низ ба сар бурдаанд, ки дар осорашон манзараҳои ин марзу бум инъикос ёфтааст. Бино ба натиҷагириҳои Султонмурод Олим онҳо намояндагони «Адабиёти Ватан» мебошанд Номи чанде аз онҳоро, мисли Исмати Бухороӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Аҳмади Дониш, Сайидои Насафӣ, Зардӯзии Самарқандӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ... метавон ба забон гирифт.
Имрӯз низ дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол адабиёти тоҷик зинда аст ва дар осори намояндагони ин адабиёт ҳаёт ва манзараҳои ин марзу бум инъикос меёбанд. Инҷониб бисёр мехостам, дар Ӯзбекистони кунунӣ адабиёти тоҷик низ, ки бесобиқа нест, беш аз пеш ривоҷ ёбад.
Осори шоирони соҳибдевони тоҷик Исмати Бухороӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Аҳмади Дониш, Сайидои Насафӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва Садриддин Айнӣ — яке аз поягузорони адабиёти навини ӯзбек...аҳамияти калони тарбиявӣ ва қимати баланди бадеӣ доранд.
Пешниҳод доштам, ки дар «Хиёбони адибон»-и пойтахт пайкараҳои шоиру нависандагони номбурда низ, ки намояндагони «Адабиёти Ватан» мебошанд, гузошта шавад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки адабиёти тоҷику ӯзбек дар ҳамаи қарнҳо дар канори ҳам рушд кардаанд.
Фикр мекунам, ин кор ду аҳамияти калони тарбиявӣ дорад:
1. Дӯстии азалӣ ва абадии халқҳои ӯзбеку тоҷикро таҳким мебахшад.
2. Ба рушди забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикони ҷумҳурӣ низ, ки аз қавмҳои таҳҷойианд, мусоидат менамояд.

Абдулло СУБҲОН,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: