Маълум, ки воҳаи Сурхон диёри бахшиён аст.
Онро хурду калон дӯст медоранд. Дар навбати худ бахшиҳои ҳар як ноҳия дар ин равия роҳу равиши худро доро ҳастанд. Алалхусус, ноҳияҳои Бойсуну Шеробод ва Музработ дар ин намуди санъат ҳар яке як мактаби таҷриба бунёд сохтаанд, ки имрӯз дар он на танҳо анъанаҳои устоду шогирдӣ, балки оилаҳои бахшӣ низ шакл гирифта, оламиёнро ба ҳайрат гузошта истодаанд. Дар нахустин Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшиён ҳоло Ғолибҷон Орифови 5-сола низ иштирок дорад, ки ҳамчун ҷавонтарин бахшӣ диққати бахшиёну хориҷиёнро ба худ ҷалб месозад.
Ғолибҷон Орифов соли 2013 дар ноҳияи Музработ таваллуд шудааст. Ӯ аз 2-солагӣ ба боғчаи бачагона рафта, сараввал забони русиро аз худ мекунад. Аз кӯдакӣ зеҳни тез дошту бо серҳаракатии худ аз дигарон фарқ мекард. Ба расмкашиву суруд, хонда рақсидан низ шавқу завқи беандоза дошт. Дар айни ҳол Ғолибҷон дар муассисаи томактабии рақами 15-уми шаҳри Тирмиз тарбия мегирад. Дар чорабиниҳои боғча фаъол иштирок дорад. Баробари ин, дар мактаби бачагонаи мусиқӣ, санъат ва бахшигии рақами 22-юми шаҳри Тирмиз таҳсил гирифта истодааст. Дар равиши бахшигии мактаби мазкур талабаи синфи якум аст. Ба ӯ Муҳаммадбахшӣ Эшбоев асрори ин санъатро меомӯзонад. Барои фаъол иштирок кардан дар нахустин Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшиёна барояш омад металабем.
О. ҶУМЪАҚУЛОВ,
мухбири
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.