БАХТ

(Ҳикоя)

(Ҳикоя)
Баъди се соат Соли нав фаро мерасад. Баъди се соат Мунира по ба зинаи сиюми умр мениҳад. Ин бор низ ӯ Соли навро танҳо пешвоз мегирад. На, наметавон гуфт танҳо. Зеро дар хонаи шафат Нилуфари хурдакак ба хоби роҳат рафтааст. Хайрият, ҳамин донояку балояк будааст. Вай Мунираро бештар аз модараш дӯст медорад. Баробари аз кор баргаштани ӯ, дастони кӯчакашро дар гарданаш ҳалқа мекунад. Мунира имрӯз бо хоҳараш бароҳат шишта аз ҳар дар суҳбат карданӣ буд. Ба нияташ нарасид. Одати Сайёра ин аст, ки сухани гуфтаашро дунболагирӣ намекунад. Бо вуҷуди ин ки солаш ба ҷое рафтааст, кору рафтораш мисли бачаҳои хурд. Чанде қабл духтарчаашро аз кӯдакистон оварду роҳи кӯчаро пеш гирифт. Вақте Мунира пурсид, ки ба куҷо рафтанист, ба қафо гашту банавбат аз рухсораҳои ӯ бӯсида гуфт: «Садқаат шавам, хоҳарҷон, ҳолӣ бармегардам!»...
Мунира боз танҳо монд.
Фурсате пас вориди ошхона гардида, ба шустани биринҷи коса шурӯъ намуд. Вақте оби сафеди биринҷро мерехт, модараш пеши назараш омад.
Намедонад ҳафт ё ҳашт сол дошт, вақте хоҳарон ҳар ду ба сурфаи кабудак печиданд, модараш оби биринҷи кафкдорро  нӯшонда буд. Мунира, ҳарчанд гуворо набуд, аз оби биринҷ ду-се ҷуръа хӯрд, вале Сайёра ба ҳар баҳона онро рад кард. Ҳамон вақт модараш оби дида карда буд, ки «то шумо сахт мешавед, ҷигарам хун мешавад». 
Модараш чеҳраи ғамгин дошт. Вақте пушти мошини дарздӯзӣ менишаст, ё рӯбучини хона машғул мешуд, фикр мекардед, ки дар гирдоби хаёлот ғарқ аст. Ӯ ҳангоми дӯхтудӯз сурудеро замзама мекард. Шояд аз такрор шуниданҳо бошад, ки байте аз он суруд дар ёди Мунира мондааст:
Мекашам оҳ, мекашам оҳ, 
оҳи ман бардорадат,
Ашки ман дарё шавад, 
дарё туро бо худ барад...
Мунира вақте мактабрав шуду ақлаш даромад, фаҳмид, ки модараш барои чӣ «оҳ мекашидааст». Вай падарашро рӯшан дар ёд надорад. Қомати баланд дошт он марди мӯйлабдор. Баъди ба дунё омадани Сайёра, ба куҷое ғайб зад. Мунира сирри ғайб задани ӯро низ дертар, баъди ақлаш даромадан, донист: падараш онҳоро тарк карда будааст. Ӯ як чиз — зарурати кӯмак кардан ба модарро хеле барвақт дарк намуд. Вақте дар синфи шашум мехонд, бо мошини поякӣ кор карданро омӯхт. Баъди хатми синфи ҳаштум, дар коргоҳи дӯзандагии шафати бозори Олой ба кор даромад.
... Дег сахт ба ҷӯшиш омада, риштаи хаёли Мунираро гусаст. Вай биринҷро ба дег андохту ба хотири тоза шудани ҳавои хона, панҷараи (тиреза) ошхонаро як андак боз кард. Ҳавои хона тоза шуд. Шохи дарахтони пушти панҷара зери бори барф хам шуда буданд. Барилова, мисли парҳои парешонгаштаи мурғони сафед, барф аз осмони паст боридан дошт. Мисли ин буд, ки табиат кӯдаки навзод асту осмон ӯро дар парпечи оҳорӣ мепечонад. Панҷараҳои хонаи чорошёнаи муқобил аз нури барқ рӯшан шуда буданд. Оҳанги рӯҳбахше танин меандохт.
Бале, имрӯз — ид... Мунира рӯйи биринҷи обро ҷаббидаи дег табақеро ба сурати қубба гузошту оҳи сабук кашид. Имрӯз ид — иди Соли нав. Ӯ нарм-нарм қадам бардошта ба хонаи хоб даромад. Пешонаи Нилуфари бо мӯҳои пареш хобидаро арақ зер карда буд. Дар лабони Мунира, вақте арақи пешонаи духтаракро бо кафи даст сабук пок мекард, гули табассум шукуфт. «Шайтон-е! Чанде пеш бо бачаҳои ҳамсоя серӣ чанасаворӣ кард. Ҳавои сард пакар кардааст». Ин дам даргирондани фурӯзонакҳои арча ба ёдаш расиду аз ҷо боло шуд.
Чанд рӯз пеш, вақте арчаро оро медоданд, Нилуфар пофишорӣ карда буд, ки фурӯзонакҳояшро даргиронад. Мунира бо ин гуфта духтаракро таскин бахшид: «Шаби Соли нав фурӯзонакҳоро Бобои Барфӣ, вақте меҳмони мо мешавад, дармегиронад».
Вай зуд вориди меҳмонхона шуду сими фурӯзонакҳоро бо хати барқ пайваст. Ин ҳангом фурӯзонакҳои сурху зард ва кабуду  сабз даргирифтанду хона ранги афсонавӣ гирифт. Мунира мисле ки афсун шуда бошад, дар рӯ ба рӯйи арча як муддат сахт шуд. Сипас ба рӯйи диван нишаст. Аз берун садои мусиқӣ, гуфтугӯ ва қаҳ-қаҳаи раҳгузарон ба гӯш мерасид. Ин садоҳо гӯё сукунати хонаву танҳоии ӯро ба умқ мекашиданд. Дар рӯзи ид дар хона танҳо будан ҳолати ғайриодист. Гӯё ҳама дунё дар як самт қарор дораду ту дар самти муқобил...
Мунира шаш сол аст, ки Соли навро танҳо пешвоз мегирад. Ҳар дафъа мисли ин аст, ки ӯ дар як самт қарор дораду дунё дар самти муқобил. Охир вай низ метавонист ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш бо хотири болида сари дасторхони солинавӣ нишинад, хурсандӣ кунад. Насиб накард... Зиндагӣ — ҷамъи бешу камӣ. Инсон на ҳамеша ба кӯйи орзуҳояш мерасидааст.
Зокир ҷавони бурдбор буд. Қадду қомати ҳавасангез дошт. Мунира ҳар рӯз аз коргоҳ ба хона бо маршрутка бармегашт. Бо Зокир дар «маршрутка»-аш шинос шуд. Ё ситораашон ба ситораи якдигар рост омад, ё Мунира духтари дилкаш буд, ки ҷавон аз ӯ дур шудан намехост. Вақте аз хона мебаромад, дар сари кӯча ӯро интизорӣ мекашид. Ҳангоми аз кор баргаштан дар истгоҳи назди коргоҳи дӯзандагӣ мошинашро нигоҳ дошта, роҳи ӯро мепоид. Мунира имрӯз идрок менамояд, ки он лаҳзаҳо беҳтарин лаҳзаҳои умри ӯ будаанд. Бахте бузургтар аз эҳсоси он, ки туро касе муштоқона интизор аст, набудааст. Бале, Мунира он рӯзҳо хушбахт буд. Вале хушбахтию бадбахтӣ ба дунболи ҳам будаанд. Ғайричашмдошт риштаи умри модараш гусаст. Дарди дилаш хурӯҷ карду то расидагӣ кардани мошини «Ёрии таъҷилӣ» даргузашт. Танҳо суханоне, ки модараш ба лаб оварда тавонист, ин буд: «Духтарам, магзор, ки хоҳарат хор шавад. Падар надорад. Инак, ман ҳам ин дунёро тарк мегӯям. Ӯро ба ту, туро ба Худо супурдам»...
Ӯткур ҲОШИМОВ,
Нависандаи мардумии  Ӯзбекистон
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: