БАХТИ БАЛАНДИ ОМӮЗГОР

Ислоҳоти куллие, ки дар соҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд, аз ибтидои соли 2017, бо кушода шудани саҳифаҳои нав дар таърихи мамлакати рӯ ба ривоҷи мо мазмун ва моҳияти дигар пайдо карданд.

Чун дар ҷабҳаҳои дигар дар низоми таълими халқ низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.
Ҷорӣ шудани таълими ҳатмии ёздаҳсола, кушода шудани шуъбаҳои ғоибона дар як қатор муассисаҳои таълими олии соҳаи педагогӣ, таъсиси Вазорати таълими ибтидоӣ... воқеаҳои муҳим дар ҳаёти таълими халқи мамлакат гардиданд.
Кишваре дар тараққиёт ба дараҷаҳои баланд ноил мегардад, ки дар он илм ва таълим ба андозаи дилхоҳ аст.
Бо ҳамин назардошт эътибор ба соҳа торафт зиёд ва барои мувофиқи матлаб фаъолият ба роҳ гузоштани кормандони таълими халқ, дар навбати аввал омӯзгорон, шароити мусоид офарида мешаванд,инфрасохтори дабистонҳо дар муҳити замонавӣ қарор мегиранд. Бинои мактабҳо баъди таъмиру тармим ва муҷаҳҳазӣ бо воситаҳои аёнию техникӣ диққатрабо ва ба пешбурди ҳар гуна корҳои таълимии асрӣ созгор мегарданд. Ба сохтмони мактабҳои нав, бино ва синфхонаҳои иловагӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Бинобар чунин ғамхориҳо дар аксарияти дабистонҳои таълими умумии ҷумҳурӣ акнун машғулот дар як баст сурат мегиранд. Пештар, бинобар ногувории шароити таълим, яъне нарасидани синфхонаҳо машғулиятҳо дар ду, ҳатто се баст гузашта, барои сарфаи вақт танаффусҳои панҷдақиқаина ҷорӣ буданд. Дар панҷ дақиқаи танаффус чӣ корро ӯҳда кардан мумкин? Дар охири тирамоҳ ва аввали зимистон, ки рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд, шуғли чаҳор ё панҷсоата ба охир расида-нарасида, дар берун – торикӣ.
Худи ман, ки пештар чун омӯзгор дар ин гуна шароит кор кардаам, вазнинии дар ду баст пешбарии корҳои таълимиро бештар ҳис мекунам. Дар як баст суратгирии дарсҳо дар шароити ҳозира бошад, албатта, ба кас қаноатмандӣ мебахшад.
Дар чӣ вазъ қарор доштани мактаб ва обрӯйи муаллим дар охири садаи сипаришуда ва ибтидои асри навин ба аксариятамон маълум. Биноҳои таълимӣ, хусусан дар шароити деҳот, абгор ва хароб. Муаллимон барои таъмир маҷбур буданд аз  падару модари хонандагон маблағ ҷамъ кунанд ё бо маблағи шахсии худ масолеҳ харанд, синф ё кабинеташонро таъмир созанд.
Ҳол он ки маоши ночиз мегирифтанд он вақтҳо. Ҷалбшавии омӯзгор ба ҳар гуна корҳое, ки ба мактаб алоқаманд набуданд, низ ба обрӯяш футур мерасонд. Қисме аз муаллимон бо сабабҳое, ки зикр кардем, мактабро тарк карданд. Дар мактаб асосан муаллимаҳо монданд. Интизоми хонандагони мактабӣ паст ва миқдори қонуншиканиҳо миёни ноболиғон афзуд. Холгузории рейтингӣ дар баҳогузорӣ ба дониши хонандагон самараи дилхоҳ надод. Муаллим кори асосии худро монда, хусусан дар ҷамъбастҳои чоряк ё баҳои солона, ба ҳисобу китобҳои дурудароз банд мешуд.
Гӯё барояш аз ҳама муҳимтар – пур кардани коғазҳои гуногун. Вай вақт пайдо карда наметавонист аз болои худ кор кунад, оиди фарогирии навгониҳои таълими замонавӣ шароити созгор дошта бошад. Ҳуҷҷатсупории абитурентҳо ба донишкадаҳои омӯзгорӣ, бинобар носозгориҳое, ки гӯшрас шуданд, кам гардиданд, дар натиҷа онҳое низ донишҷӯ шуданд, ки лаёқати кофӣ надоранд. Барои ин зумра на бо асосҳои касб, илм ва таълим мусаллаҳшавӣ, балки дар вақташ пардохти маблағи шартнома, аз курс ба курсгузарӣ муҳим менамуду халос. Ва баъдтар бо «дипломи оливу каллаи холӣ» ба мактаб роҳёбии онҳо ба чӣ натиҷаҳо овард? 
Чораҳое, ки дар ислоҳи низоми таълим дар даҳсолаи аввали садаи равон андешида шуданд, самараи дилхоҳ бахшида ва бисёр иллатҳо дар соҳа бартараф карда шуданд. Ба рағбатноксозии омӯгорони фидоӣ, баланд бардоштани музди меҳнати муаллимон эътибор нигаронида шуд.
Бисёр ходимон, ки ба соҳаҳои дигар гузашта буданд, ба мактаб баргаштанд.
Ҷавонон бо гирифтани «номаи камол» бо камоли майл ба донишкадаҳои омӯзгорӣ рӯй оварда ва беҳтаринҳо аз сафи донишҷӯён ҷой гирифтанд. Ба дабистонҳои таълими умумӣ ҷалбнамоии кадрҳои ҷавони сазовор ва соҳибихтисос аҳамияти муҳим пайдо намуд.
Миқдори онҳое, ки алоқаманди соҳаи таълиму тарбия ҳисоб меёбанд, ҳоло 450 ҳазор нафарро ташкил менамоянд. Обутоб ва камолоти маънавию ҷисмонии шаш миллион нафар хонандагон, ки ба муассисаҳои таълимии мамлакат ҷалб шудаанд, ба чӣ тавр корбарӣ, фидокорию ташаббуснокии онҳо вобастагии қавӣ дорад. Аз онҳо 5,2 миллион нафарашон дар 9,7 ҳазор дабистони таълими умумӣ таҳсил менамоянд.
Гуфтанием, алъон фарзандони мо бино бар талаботи рӯз асосан дар низоми ягонаи таълим – дабистонҳои таълими ҳамагонӣ, ки рӯ ба такомул аст, муттаҳид мешаванд. Барои баланд бардоштани сифат ва дараҷаҳои таълим аз кулли имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рафти кор дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ на дар ҳама ҷо қонеъкунанда аст. Бинобар бемасъулиятии бархе алоқамандони соҳа ба тағйири низоми таълими халқ монеаҳо дучор меоянд, беҳсозии инфрасохтори мактаб дар баъзе гӯшаҳо суст ба назар мерасад. Ҳанӯз амалдороне ёфт мешаванд, ки муаллимро аз кори асосиаш мононда, ӯро иҷборан ба корҳои дигар ҷалб созанд.
Мактаб ва соҳаи таълим дар маркази эътибори роҳбари давлати мо қарор дошта, чанде пеш вай бобати куллан тағйир додани низоми таълими халқ ва мувофиқи талаби замон такмил додани он машварати видеоселекторӣ доир намуда буд. Вазифаи асосии омӯзгор ба хонанда илму дониш омӯзондан аст, таъкид намуд ӯ.
Ҳамчунин изҳор дошт,  ман касеро, ки ба омӯзгор эҳтиром намегузорад, ҳурмат намекунам. 
17 июли соли равон бошад, Президентамон дар ҷамъомад бахшида ба масъалаҳои ислоҳ ва инкишофи низоми таълими умумӣ баромад намуд ва дар масъалаи беҳсозии сифати таълим, баланд бардоштани нуфузи омӯзгор, васеъ татбиқсозии технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, куллан тағйир додани муносибати кадрҳои роҳбарикунанда ба соҳаи таълим супоришҳои мушаххас дод. Лоиқ шудан ба эҳтиром – бахти бузург.
Ҳар як алоқаманди соҳа, хусусан омӯзгорро лозим аст ба қадри ин гуна эътибор ва ғамхориҳо расида, дучанд меҳнат кунад, эҳтироми роҳбари давлатро сазовор бошад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: