Бахти баргашта ...

Бо садҳо ҳамватанони мо аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дода шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти шахсоне, ки дар рушди мамлакати мо саҳми арзанда доранд, саҳифаи нави пурмазмун кушода шуд.

Бо садҳо ҳамватанони мо аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дода шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти шахсоне, ки дар рушди мамлакати мо саҳми арзанда доранд, саҳифаи нави пурмазмун кушода шуд.

Шаҳрванди давлати мустақил, осоишта ва шукуфон будан хушбахтии ҳақиқии инсон аст. Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон" аз 13 марти соли 2020 ба одамоне, ки дар мамлакати мо зиндагӣ мекарданд, вале шаҳрвандии онро надоштанд, чунин хушбахтӣ бахшид.

Сокини маҳаллаи “Гулобод” и ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт Музаффар Ашировдар бораи орзуи худ, ки баъд аз 24 сол пас ҷомаи амал пӯшид, нақл кард.

–– Ман дар вилояти Оши Қирғизистон таваллуд ва ба воя расидаам –– мегӯяд М. Аширов. –– Бародари калониам дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард. Зиндагии осудаҳолонаи бародарамро дида,  соли 1996 ба ин кишвар кӯчида омадам. Дар ин хонадор шудам, ду фарзанд дорам, хона сохтам, ҳамсоягони хуб дорам, дӯстон пайдо кардам. Ман бинокор ҳастам. Аз ҳеҷ чизе шикоят надорам. Ҳаёти худро дар кишвари дигар ҳатто тасаввур карда наметавонам. Аммо баъзан деҳаамро, кидар  он ҷо кӯдакии ман гузаштааст, пазмон мешавам. Мехоҳам ба он ҷо равам, падару модар, хешовандонамро бинам ва бо нонҳои ӯзбекӣ зиёфат диҳам. Ман ҳатто модари худро ба сафари охирин гусел карда натавонистам, чунки ман шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, аз ин рӯ иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоштам.  Аз он ки чеҳраи модарамро бори охирин дида натавонистам, дар дили ман армон боқӣ монд. Ва бо иҷозати қайди муваққатӣ ман ҳатто ба кори муқаррарӣ ҷойгир шуда наметавонистам. Вақте ки ҳуҷҷатҳоямро барои кор супуриам, мушкилот ва монеаҳо зиёд пеш меомаданд. Хулласи калом, то гирифтани шаҳрвандӣ, ҳаёти ман пур аз иштибоҳҳо буд. Мавқеам ба назарам то андозае шармовар менамудАз ин рӯ, ман онро аз ҳама пинҳон мекардам. Ва ман ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти корҳои дохилӣ пинҳонӣ аз шиносҳо супурдам.

Ногаҳон, 3 март, ба ман занг зада, гуфтанд, ки ман шаҳрвандӣ гирифтам. Росташро гӯям, бовар намекардам, ки мушкилоти тӯлонии ман ҳал шудааст. Ҳатто намедонистам, ки чӣ гуна ин хабарро ба зану фарзандонам расонам. Аз фараҳу ҳаяҷон худро базур ба даст гирифта, вақти ин хабарро ба онҳо расонднам,  то чӣ андоза аз хурсндӣ юа осмон хез задани онҳро медидед...

Аз ҳамин рӯз ман шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардидам. Барои ин, ман ба Президент Шавкат Мирзиёев сипосгузорам, ки шаъну шарафи ҳар як шахсро ба ҷои аввал мегузорад.

Гулноза БОБОЕВ,

мухбири ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: