БАХТУ САОДАТИ БОНУВОН – НАТИҶАИ ҲАЁТИ ОРОМУ ОСУДА ВА ФАРОВОН ДАР МАМЛАКАТ

Ташаббусҳои Президент – дар амал

Тақрибан нисфи аҳолии Ӯзбекистонро бонувон ташкил медиҳанд. Бидуни шубҳа, оромиву осудагӣ ва бахту саодати онҳо нишона ва натиҷаи ҳаёти осоишта ва фаровон дар мамлакат аст. 
Дар машварати видеоселекторӣ, ки 19 марти соли ҷорӣ таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, баробари масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба зарурати таъмин намудани занон бо шуғл низ эътибори махсус дода шуд.
Ин масъала яке аз вазифаҳои муҳими панҷ ташаббуси пешгузоштаи роҳбари давлат гардид, ки ба мушкилоти дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ дар пояи низоми нав ба роҳ мондани корҳо мебошад.
Иҷрои ин вазифаҳои пешгузошташуда чӣ гуна таъмин мегарданд?
Барои он ки ба ин ва масъалаҳои дигари вобаста ба мушкилоти занон ҷавоб ёбем, хабарнигори ӮзА бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи занони ҷумҳурӣ Танзила НОРБОЕВА суҳбат кард.

– Бо шуғл фарогирии бонувон дар манфиатдории моддӣ, фаровонҳолии оилаҳо, осудагии маънавии онҳо нақши бузург мебозад, – гуфт Танзила Камоловна. – Бинобар ҳамин ҳам ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Соли равон 40 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд. То имрӯз тақрибан 30 ҳазор бонувон бо кор таъмин шуданд ва ҳоло ин ҷараён идома дорад. Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ беш аз 5 ҳазор занон фаъолияти соҳибкориашонро ба роҳ монданд ва зиёда аз даҳ ҳазор бонувон бо кор таъмин гардиданд. Бо ташаббуси созмонҳои ҳудудии занон 500 корхона (сехҳо)-и хурди дӯзандагӣ, қаннодӣ ва ғайра таъсис ёфтанд, ки дар онҳо беш аз 3,7 ҳазор бонувон ба кор оғоз карданд.
Дар пояи низоми «Устоду шогирд» ба истеҳсолоти ҳунармандӣ 1,5 ҳазор, ба хонакорӣ зиёда аз 1,3 ҳазор занон ҷалб карда шуданд. Бо кӯмаки кумитаҳои занон тақрибан 300 кӯдакистони оилавӣ ва барои бонувон ҳазор адад ҷойҳои корӣ ташкил ёфтанд.
Дар солҳои 2019-2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 292 сехи дӯзандагиву бофандагӣ ташкил мегарданд, дар натиҷа 44 ҳазор занон бо кор таъмин мешаванд. Дар сехҳои мавҷуда 3,3 ҳазор бонувон кор мекунанд. Беш аз 5 ҳазор занон дар низоми Шӯрои фермерӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии Ӯзбекистон меҳнат мекунанд.
Дар пояи барномаи ҳамкорӣ бо иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» дар мавсими баҳорӣ 280 ҳазор, дар тобистон – 70 ҳазор бонувон ба кори парвариши кирмак ҷалб карда мешаванд.
Мувофиқи қарори роҳбари давлат «Дар бораи минбаъд беҳтар намудани ҳуқуқи кафолатноки меҳнатӣ ва дастгирӣ кардани фаъолияти соҳибкории занон» аз 7  марти соли равон дар маҳалҳо Марказҳои соҳибкории бонувон ташкил гардиданд.
Марказҳои дар шакли тиҷорат-инкубатор таъсисёфта, кӯмакрасонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳунармандии занон, аз ҷумла рушди соҳибкории оилавӣ машғул мешаванд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои Бунёди ҷамъиятии дастгирии занон ва оила бо маблағ таъмин мегарданд.
Дар марказҳо мувофиқи рӯйхате, ки аз ҷониби ҳокими ноҳия (шаҳр) ва кумитаи бонувони ноҳия (шаҳр) тартиб дода шудаанд, бинобар барномаи иҷтимоӣ заноне, ки тӯли солҳои зиёд кор накардаанд, вазъияти мураккаби оилавӣ доранд ва мехоҳанд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, таълим дода мешаванд. Мувофиқи тавсияи раиси кумитаи занони ноҳияҳо ё худ шаҳрҳои дахлдор ба бонувоне, ки таълимро бо муваффақият хатм намудаанд, барои фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ мондан мувофиқи тартиби муқарраршуда ба муҳлати на бештар аз 3 сол бо имтиёзи 6 моҳа бинобар 8 фоизи миқдори солона вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд.
Баробари ин марказ бобати ба қайдгирии бонувоне, ки ба фаъолияти ғайрирасмӣ машғул мебошанд, гирифтани вомҳои имтиёзнок ва истифода аз андозу имтиёзҳои дигар аз тариқи ба сафи аъзои иттиҳодияи «Ҳунарманд» қабул шудан кӯмакҳои амалӣ пешниҳод мегарданд.
– Ба бонувоне, ки дар вазъи мураккаби оилавӣ қарор доранд, ногиро мебошанд ва ба манзил эҳтиёҷманданд, чӣ гуна кӯмак расонида мешавад?
– Ин табақаи занон набояд аз эътибор дур монанд, вобаста ба ин мо рӯйхати занонеро, ки эҳтиёҷманд мебошанд, тартиб додем. Соли 2018-ум барои 1,5 ҳазор занон ба сифати аъзобадали аввалин барои соҳиби манзил шудан 54,5 миллиард сӯм ҷудо гардид. Ин маблағҳое мебошанд, ки аз Буҷаи давлатӣ пардохта мешаванд. Дар соли 2019-ум ният дорем ба 1,6 ҳазор бонувон чунин кӯмакҳоро пешниҳод кунем. 
Ба корҳои таъмин кардани обсозиши иҷтимоии занони ногиро, барои онҳо фароҳам овардани шароити сазовори зиндагӣ эътибори зиёд дода мешавад. Дар чоряки аввалини соли 2019-ум 980 занон бо аробачаҳои ногироӣ, дастгоҳҳои тиббии протезиву ортопедӣ ва шунавоӣ, асоҳо, воситаҳои ҳаракат ва доруворӣ ройгон таъмин карда шуданд. Барои ин чорабиниҳо аз ҷониби Бунёди дастгирии занон ва оилаҳо беш аз 1 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
– Пӯшида нест, ки баъзан занони мо ба зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин бобат ташаббуси Шумо бинобар кӯмакрасонӣ ба занони ҷабрдида эътироф гардид. Натиҷаҳои кор дар ин самт чӣ гунаанд?
– Ин масъала тӯли солҳои зиёд баррасӣ намешуд, ба инобат нагирифтани манфиатҳои бонувон дар оила ҳодисаи оддӣ ба ҳисоб мерафт. Онҳо аз ин вазъият чӣ гуна раҳоӣ ёфтанро намедонистанд.
Бояд рӯйирост гуфт, ки таҳлилҳо бисёр нуқсонҳоро фош карданд: занон ба зӯроварӣ, муомилаи дурушт, ҳақорат, баъзан дар оила, баъзан дар ҷамоаи меҳнатӣ ё худ кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто ба зӯроварии ҷисмонӣ дучор мешуданд. Вале ин ҳодисаҳо аксаран ошкор карда намешуданд.
Барои аз байн бардоштани ин нуқсонҳо, кӯмакрасонӣ ба заноне, ки ба вазъияти душвор афтодаанд, дар маҳалҳо марказҳои реабилитатсия ва адаптатсия ташкил карда шуданд. Аввалин чунин марказ кори  худро дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон моҳи майи соли 2018-ум оғоз кард. Ҳоло бошад чунин марказҳо дар тамоми вилоятҳои мамлакат амал мекунанд ва ба садҳо нафар бонувон кӯмак мерасонанд.
Дар ноҳия ва шаҳрҳо 160 адад марказҳо фаъолият доранд. Дар ҳар кадом марказ рӯҳшинос, ҳуқуқшинос, мутахассисони соҳаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба сифати ходимони ҷамъиятӣ кор мекунанд.
Ба мақсади саривақт кӯмакрасонӣ ба заноне, ки бо зӯроварӣ дучор шудаанд, ба вазъияти мураккаб афтодаанд, аз 1 сентябри соли равон «телефони эътимод»: 1146 ба кор пардохт. Аз замони ба кор сар кардани он аз бонувон беш аз 15 ҳазор муроҷиат расид. Қисмати зиёди ин муроҷиатҳо ба зиддиятҳои оилавӣ, қаноатманд нашудан аз қарори судҳо, ситондани алиментҳо, гирифтани кӯмаки моддӣ аз маҳалла вобаста мебошанд. Бисёр занон аз шахсони мансабдор шикоят мекунанд. 
Муроҷиатҳо асосан аз шаҳри Тошканд, вилоятҳои Қашқадарё, Бухоро, Андиҷон ва Хоразм мерасанд.
Аз тариқи «телефони эътимод» ба заноне, ки гирифтори зӯроварӣ шудаанд ва дар вазъи мураккаб мондаанд, кӯмакҳои маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ пешниҳод мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, бинобар хоҳиши бонувон муроҷиати онҳо пинҳон дошта мешавад. Кӯмакҳои таъҷилӣ ва зудамал дар мавриди вазъиятҳои зиддиятнок, истифодаи зӯроварии оилавиву маишӣ, гирифтории занон ба худкушӣ пешниҳод мегарданд.
Аз ҷониби намояндагони кӯмита бо занон суҳбат ва вохуриҳо гузаронида, дар ҷараёни он мушкилоти онҳо шунида ва омухта мешаванд, ба эҳтиёҷмандон дар доираи қонун кӯмакҳои амалӣ пешниҳод мегарданд. Ин аз вазифаҳои бартариноки кӯмита ба шумор меравад. 
– Дар байни занон ҳам ҳодисаҳои содир кардани ҷиноят рух медиҳанд. Онҳо чӣ гуна бартараф карда мешаванд?
– Ин аз ҷумлаи мушкилоти мураккабтарин мебошад. Зеро зан модар, кадбону аст. Оқибати ба ҷинояткорӣ рӯ овардани бонувон ба ҳаёти тамоми ҷамъият таъсири нохуш мерасонад. Коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ танҳо бо саъю кӯшиши корҳои пешгирӣ имконпазир аст. 
Корҳое, ки якҷо бо кӯмитаҳои занон, сохторҳои маҳалла ва мақомоти корҳои дохилӣ татбиқ мегарданд, ҳамчунин чораҳои андешидашуда натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Дар соли 2018-ум дараҷаи ҷинояткорӣ дар байни занон 36,7 фоиз коҳиш ёфт.
Низоми кор бо шахсоне, ки ба ҷинояткорӣ моил мебошанд, ҷорӣ гардид. Кор асосан бо заноне, ки аз муассисаҳои адои ҷазо баргаштаанд, суд шудаанд, бонувоне, ки аз табақаи ашхоси ба таъсири ҷараёнҳои диниву экстремистӣ хориҷ гардидаанд, ҳамчунин бо оилаҳои номусоид бурда мешавад.
150 ҳазор мутахассисон ба 540 нафар бонувоне, ки аз муассисаҳои адои ҷазо баргаштаанд ва ба 50 ҳазор заноне, ки ба содир кардани ҷиноят моиланд, вобаста карда шудаанд. 
Ба мақсади коҳиш додани дараҷаи ҷиноят дар оилаҳо рӯйхати нишонадори 9 ҳазору 200 оилаҳои номусоид тартиб дода шуд. Бо онҳо корҳои профилактикӣ бурда мешаванд. Дар натиҷаи ин дар 5,5 ҳазор оила зиддиятҳо бартараф карда шуданд.
Дар пояи меморандумҳое, ки якҷо бо Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гардиданд, фаъолият бинобар таҷрибаи нави кӯмитаҳои занон ҳамчун муҳофизи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Тақрибан ҳазор нафар бонувоне, ки надониста ҷиноят содир кардаанд, дар пояи кафолати кӯмитаҳои занон ҳимоя карда шуданд. 
Минбаъд барои расмикунонии талоқ бояд хулосаи кумитаи занон пешниҳод гардад. Дар натиҷа аз 24 ҳазор оилаҳое, ки дар ҳадди талоқ қарор доштанд, бо дахолати ҷамоаҳо дар беш аз 18 ҳазор оила ҳусни тафоҳум ба амал омад.
– Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занону мардон» чиҳо пешбинӣ гардидаанд?
– Дар қарори Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд беҳтар кардани кафолати ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дастгирӣ намудани фаъолияти соҳибкории занон» аз 7 марти соли равон коркарди лоиҳаи қонун «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занону мардон» пешбинӣ шудааст.
Ҳоли ҳозир қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисони дахлдор таҳия мегардад. Дар қонун ба мафҳуми «баробарии гендерӣ», ки дар Сарқонун зикр шуда, вале дар қонунҳо васеъ равшан карда нашудааст, эътибори зиёд дода мешавад.
Дар қонун чунин меъёрҳо, аз ҷумла баробарии гендерӣ, вазифа ва кори мақомоти ваколатдор, иштирок дар идораи давлатӣ, қабул кардан ё худ ҷалб намудан ба кор, таъмин сохтани баробарии гендерӣ барои гирифтани вом ё худ шуғл бо соҳибкорӣ инъикос меёбанд. Қоидаҳое, ки ба пешгирии вайронкунии баробарии гендерӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ гардидаанд. 
Ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи бонувон аз зулм ва зӯроварӣ» коркард мешавад. Дар қонуни мазкур ҳамчунин чораҳо, аз ҷумлаи ошкор кардани хелҳои таҳдид ва зӯроварӣ дар маишат, дар ҷойи кор, дар муассисаҳои таълимӣ, таҷдиди назар кардани вазифа ва кори мақомоти ваколатдор, тартиби нави мушаххас намудани чораҳои пешгирии таҳдид ва зӯроварӣ, ҳамчунин ислоҳсозии ҷараёни ҷалбкунӣ ба ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин амалҳо, коркарди кафолатҳои ҳифзи протссесуалии ба таҳдид ва камситоӣ, гирифторкунии шахсон то суд ва дар ҷараёни мурофиа судӣ низ пешбинӣ мегарданд. 

Мусоҳиб 
Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: