БАХТЁР — ИФТИХОРИ МАКТАБ

Меҳмононе, ки аз пойтахт ё маркази вилояти Фарғона ба Сӯх, ки яке аз гӯшаҳои хушманзар дар водист, ташриф меоранд, дидан аз Ҳушёрро низ назди худ мақсад мегузоранд.

Меҳмононе, ки аз пойтахт ё маркази вилояти Фарғона ба Сӯх, ки яке аз гӯшаҳои хушманзар дар водист, ташриф меоранд, дидан аз Ҳушёрро низ назди худ мақсад мегузоранд. Ҳушёр аз деҳаҳои қадимист, ки қадами мубораки шоҳ, шоир ва сарлашкари бузург Заҳириддин Муҳаммад Бобур замонҳое ба он афтода ва номи ин деҳа дар «Бобурнома»-аш зикр намудааст. Фаъолияти ибратбахши ҷанговари шуҷоъ, қаҳрамони афсонавӣ Тешабой Одиловро низ Ҳушёр осорхонаи нотакрор мебошад. Дар мактаби таълими умумии рақами 14-ум боз музейи аҷибе ҳаст, ки бо саъйи омӯзгори варзида, Аълочии таълими халқ Бахтёр Холов барпо гардидааст.
Бахтёр аз кӯдакӣ ба шеър ва адабиёт дилбастагӣ дошт, табиатро низ дӯст медошт. Дар бедор шудани меҳр ва муҳаббаташ ба эҷоди бадеӣ ва завқ бурдан аз зебоиҳои табиати диёр таъсири устодаш, шоири зиндаёд Нодир Нодирӣ калон аст.
Б.Холов баъди бомуваффақият ба итмом расондани мактаби зодгоҳ ба факултаи кимё ва биологияи Донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурд. Донишҷӯ гашт. Чӣ дар таҳсил ва чӣ иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба дигарон намуна буд. Ҳар чизи ҷолиби диққат таваҷҷӯҳашро бедор менамуд. «Гӯшаи зинда»-и воқеъ дар муассисаи таълими олӣ эътиборашро кашид ва дар дил аҳд намуд баъди ба деҳа баргаштан музейи ба ҳамин монанд барпо менамояд. Соли 1976 донишкадаро ба итмом расонд ва ба Ҳушёр баргашт, бо завқу шавқ ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуд.
Омӯзгори ҷавон иштиёқ ва меҳреро, ки нисбати фанҳои кимё ва биология дошт, ба шогирдон «сироят» кунонд. Қобилияти эҷодкорӣ ва ташаббускории Бахтёр ба пешравии кор дар самти таълими фанҳое, ки зикр шуданд, мусоидат намуд.
Ҳар як дарси худро бо омодагии ҳарҷониба, бо истифодаи воситаҳои техникию аёнӣ мегузаронд. Кабинети фанни биологияро низ ба таври намунавӣ ҷиҳозонид. Саёҳатҳои аҷибе, ки марбут ба мавзӯъҳои алоқаманд ташкил менамуд, рӯикороии чорабиниҳои гуногун, вохӯрӣ ва шабнишиниҳо, маҳфилҳои фанние, ки мегузаронд, боис шуданд донишандӯзон ӯро дӯст доранд. Дар ҷамоаи омӯзгорӣ низ соҳиби ҳурмату эътибор гашт.
Ба семинарҳое, ки оиди фанҳои табиатшиносӣ дар мактаби рақами 14-ум сурат мегирифтанд, аз дабистонҳои дигар омӯзгорони таҷрибанок ҷалб мешуданд. Ҳамоиш ва дарсҳои кушод ба таҷрибаи якдигарро омӯхтан, ташаббусҳои хубро оммавӣ гардондани омӯзгорон замина мегузошт. Меҳмонон аз мактабҳои ноҳия ба тарзи корбарӣ, ташаббуснокию ташкилотчии омӯзгори пешқадам Б.Холов бо чашми ҳавас менигаристанд. Барои дар мактабҳои худ таҷрибаҳои ӯро амалӣ гардондан саъй менамуданд. Саъй ва ҳаракатҳои паиҳами омӯзгори фидоӣ самараи худ бахшид ва дастпарварони зиёдаш ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Натиҷаи ба дараҷаҳои талаботи замон роҳандозӣ шудани фанҳои кимё ва биология дар мактаб буд, ки Мухтор Аҳмадбеков, Меҳрубон Болтаев, Фарҳод Пӯлодов, Саидҷон Давлатов, Ҳаитбой Йӯлчиев, Ҳоҷиакбар Муродов барин хатмкардагон дар риштаи тиббиёт таҳсил ва кадрҳои сазовор дар соҳаи тандурустии халқ қарор гирифтанд. Илтимос Мирзоев, Бахтёр Содиқов, Ҳаитбек Муродов, Эсоналӣ Шарифовҳо дар як саф бо Бахтёр Холов омӯзгорӣ карданду мекунанд.
Б.Холов дар ақидаест, донишандӯз ҳар чизи аз муаллим дар ҷараёни дарсҳои аз фанҳои кимё ва биология шунидаашро хуб мешуд аснои экскурсия ва саёҳат ба ҷойҳои лозимӣ бо чашми худ бинад, азхудкуниашро мустаҳкам созад. Шогирдон таҳти роҳбарии ӯ ба кони мармар, корхонаҳои хишт ва алебастр воқеъ дар ноҳия борҳо рафта, ҷараёнҳои кимёвӣ, ҳолатҳои биологие, ки дар оғӯши табиат ба вуқӯъ мепайванданд, ҳамчунин реаксияҳои кимёвиро бо чашми худ дида, хулосаҳои даркорӣ баровардаанд. Фикрҳои дар дарс шунидашуда аснои экскурсия тасдиқи худ ёфтаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки аз сад бор шунидан як бор дидан беҳтар...
Аз экскурсияҳо одатан бо дасти холӣ намегарданд. Ашё доир ба дарс ғун карда шуда ва экспонатҳои музейи мактаб бой мегардад.
Ҷамъи минералҳое, ки бойигарии табиати ноҳияанд, мисле дар музейи табиати мактаби чордаҳум мавҷуд: магнетит, гематит, мармар, гаҷ, лимонит, садерит, гранит, мис, малахит ва дигар коллексияи минералҳо ё худ сангҳои гаронбаҳои нодир. Ҷисмҳои шахшудаи гург, шағол, оҳу, рӯбоҳ, сангпушт, хорпушт, ҷуғз, лаклак, калхот ва дигар ҳайвоноти ваҳшию хазандагон, ки дар гӯшае бапо истодааст, мисле зинда бошанд, эътиборатонро ба худ мекашанд. Дар гӯшаи дигар – табиати зинда: олами наботот, паррандагони гуногун. Худро гӯё дар оғӯши табиат ва болои кӯҳи баланд ҳис мекунед. Ба Ҳумо, ки рамзи хушбахтист, бо эҳсосе менигаред...
Ороиш ва ҷиҳози кабинети биология ва кимё низ қобили таваҷҷӯҳ: чархофалаки майдони мӯъҷизаҳо, сохтори молекулавӣ, асбобу ускунаҳои замонавӣ барои гузаронидани таҷриба ва ҳоказо. Аз ин ҳам ҳавасангезтар, дар саҳни мактаб бо виқор истодани кӯҳи сунъӣ ва шаршарачаҳо, ки аз он мефуроянд. Шояд ин гуна «кӯҳи минералогӣ» дар ягон мактаби дигари ҷумҳурӣ мавҷуд нест, ҳайрати худ пинҳон намедоранд меҳмонон. Ин гуна чизҳо баробари хоҳиш ва саъю ҳаракат маблағ талаб мекунад. Назар ба гуфтаи омӯзгорони дабистон, муаллими фидоӣ Б.Холов миннати касе набардошта, маблағи шахсӣ дареғ надоштааст.
Муаллимоне ҳастанд бо сабаб ё бесабаб ба дарсҳо намеоянд. Чӣ бисёр – баҳона. Вале Б.Холов ҳатто рӯзҳое, ки дар хонааш маърака дорад, ба мактаб омада дарс мегузарад. Ин хел накунад, гӯё дар ҳаққи бача хиёнат месозад.
Толибилмон аз мактабҳои дигар низ омада, ба машғулоти ӯ иштирок мекарданд. Собиқадори меҳнат Бахтёр Холов нафақат гули сари сабад дар мактаби чордаҳуми деҳаи Ҳушёр, айни замон ӯ ифтихори кулли алоқамандони таълим дар ноҳия аст.

Ойдин ТЕМИРОВА.
Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: