Президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, ки даст кашидан аз мубориза барои даври дуввуми интихоботи президентӣ душвор гардид.
– Ман ҳифзи демократияро мақсади аслии президентии худ гузоштам, - гуфт вай дар муроҷиати худ ба Сарассамблеяи СММ. – Маро лозим омад, ки аз даъво барои давраи дуюм дар тобистон даст кашам. Ин тасмими душвор буд, зеро президент будан шарафи олии ҳаётам аст. Мехохам бисёр кор кунам, вале ватанамро аз корам бештар дӯст медорам.
Интихоботи президентии ИМА 5 ноябр баргузор мешавад.