3 июн дар Агентии авиатсияи шаҳрвандии назди Вазорати нақлиёт мулоқоти роҳбарони идораи авиатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки марҳилаи муҳими рушди ҳамкориҳои байни кишварҳои мо аз 2 июни соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати Qatar Airways дар хатсайри Доҳа – Тошканд – Доҳа оғоз намудани парвозҳои мунтазам мебошад.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи бехатарии парвозҳо ба мувофиқа расиданд.