Байрақбардори забони тоҷикӣ

Пӯшида нест, ки имрӯз бисёриҳо хабару мақолаҳои ҳангоматалабро ихтиёр карда, ба рӯзномаҳои «кӯчагӣ» мароқ зоҳир менамоянд.

Пӯшида нест, ки имрӯз бисёриҳо хабару мақолаҳои ҳангоматалабро ихтиёр карда, ба рӯзномаҳои «кӯчагӣ» мароқ зоҳир менамоянд. Вале маводҳои ин гуна рӯзномаҳо зуд қимати худро гум карда, фаромӯш мешавад.
Рӯзнома ва маҷаллаҳои расмӣ бештар мақолаҳои дорои аҳамияти маънавию маърифатӣ ва иҷтимоиро чоп мекунанд. Ин дар тарбияи маънавии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Ин маводҳо одамонро ба ташаббускорӣ ва бунёдкориву созандагӣ сафарбар месозад. Аз ин чил сол пеш як мақолаи танқидии рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») барои бунёд шудани канали «Ғалаба»-и ноҳияи Чуст сабабгор шуда буд. Дар натиҷа таъминоти оби киштзори деҳаи Варзик беҳтар гардида буд. Аммо, аз чӣ бошад имрӯз таваҷҷӯҳи бисёриҳо ба рӯзномаи тоҷикӣ суст аст.
Мактабҳое низ ҳастанд, ки таълимашон ба забони тоҷикӣ, вале ба ягон нусха рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна намешаванд. Ин аламовар аст. Муаллимоне, ки аз ин рӯзнома озуқаи маънавӣ намегиранд, чӣ гуна ҷаҳонбиниашонро баланд бардошта метавонанд? Ба мактабиён ба забони тоҷикӣ чӣ гуна дарс медиҳанд? Агар рӯзномаи тоҷикӣ нахонанд, аз забони тоҷикии адабӣ дур шуда мераванд-ку. Ҳол он ки дар солҳои охир дар рӯзнома саҳифаҳои махсуси адабиёт ва санъат, оиди таълим ва тарбия, маводҳои методӣ барои омӯзгорон чоп шуда истодааст. Инчунин, хабару мақолаҳои муаллимон низ дар рӯзнома бештар рӯйи чопро мебинад.
Фурсате расид, ки масъалаи обуна нафақат кори кормандони рӯзнома, балки вазифаи ҳар як фарди миллатдӯст ва зиёии миллатпарвар бошад. Мо бояд дар байни аҳолӣ ин рӯзномаро тарғиб намоем. Оре, рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Ӯзбекистони нав байрақбардори забони тоҷикӣ мебошад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
сокини деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: