Баъд аз он ки масъалаи китобхонӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд, дар Ӯзбекистон эътибор ба китобхонаҳо хеле афзуд.
Дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё Маркази китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизӣ, ки дар таркиби Китобхонаи миллии Ӯзбекистон фаъолият мебарад, соли 2016 бунёд ёфтааст. Он бо 13 маркази ахбор-китобхонаи ноҳияҳо дорои 720 ҳазор нусха китобҳои назмӣ ва насрии илмию-бадеӣ, услубию методӣ аст.
Дар инҷо 320 нафар кор мекунанд. Барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаи миллӣ ва 13 бахши он дар маркази ахборот-китобхонаи ноҳияи Шеробод бо иштироки раҳбарони марказҳо, ходимони масъулони он, намояндагони ВАО дар мавзӯи “Рушди фаъолияти китобхонаҳо» семинар-тренинг баргузор шуд.
Дар семинар раҳбари Саридораи матбуоти вилоят З.Тӯраев, директори Маркази китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизӣ М.Абдушукуров, муовини ҳокими ноҳия М.Чориев ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти китобхонӣ, эътибори ҳукумат ба ин масъала, бо китобҳои баландмазмун ғанӣ намудани китобхонаҳо, баланд бардоштани маданияти мутолиа ва беҳсозии шароиту хидматрасонӣ ба китобхонҳо ҳарф заданд.
– Китоб бузургтарин кашфиёти инсоният асту ниёгони мо низ офарандагони асарҳои безаволанд, – гуфт зимни суханронии хеш З. Тӯраев… – Интихоби китоб ҳам аҳамияти бузург дорад. Мо бояд аҳли ҷамъиятро ба мутолиаи китобҳое ҷалб намоем, ки дар тарбияву таълими ҷомеа, алалхусус, ҷавонон таъсири хуб доранд. Адабиёти зараровар, на танҳо ба ҷавонон, балки умуман ба ҷамъият хисороти зиёд мерасонад.
Маълум аст, ки вақтҳои охир мардум, алалхусус, ҷавонон ба ҷойи китоб бештар ба интернет рӯ овардаанд. Нотиқон дар атрофи ин масъала низ фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Рафи китобхонаҳоро бо адабиёти мумтозу муосири ватанӣ ва ҷаҳонӣ ғанӣ намудан бояд вазифаи аввалиндараҷаи марказҳо бошад.
– Маркази ахборот-китобхонаи вилоят ва ноҳияҳо бо китобҳои босифат ва пурмазмун ғанӣ гардиданд, – изҳор дошт бо хушҳолӣ директори Маркази китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизӣ М.Абдушукуров. – Аз ҷониби Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба мо қариб 2000 нусха китоб барои боз ҳам босамар пеш бурдани фаъолиятамон армуғон гардид, – гуфт ӯ ва ба марказҳо китобҳоро туҳфа намуд.
Дар семинар вазъи китобхонаҳо дар навоҳӣ, камбудиҳои мавҷуда таҳлил гардида, ба раҳбарону ходимони марказҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуданд. Дар давоми машварат намояндагони марказҳо бо ҳамдигар табодули таҷриба намуданд.
– Дар байни мардуми Хитой мақоле ҳаст: “Одаме, ки дар рӯяш табассум нест, дукон накушоданаш беҳтар”, – гуфт дар суханронии хеш раҳбари маркази ахборот-китобхонаи ноҳияи Шеробод М.Улуғбекова. – Ин мақолро дар бораи китобхонадор ҳам гуфтан мумкин. Зеро агар ӯ бо чеҳраи кушод, суханони гарму самимӣ ба китобхон муомила кунад, маълумоти дархостаи ӯро саривақт пайдо карда диҳад, ташвиқоту тарғиботро мунтазам ва дуруст пеш барад, албатта, сафи китобхон меафзояд.
Дар рафти машварат маълум гардид, ки маркази ахборот-китобхонаи ноҳияи Шеробод айни замон 31 ҳазор нусха китоб дошта, толори китобхонааш дар як вақт ба 120 нафар хонанда хидмат расонида метавонад. Ҳамчунин ба марказ аз ҷониби ҳокимияти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандони китобдӯст адабиётҳо туҳфа карда шуданд. Таъкид гардид, ки ин ташаббус бояд дастгирӣ карда шуда, дар дигар ноҳияҳо низ чунин иқдомҳои нек бештар гузошта шаванд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
“Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.