БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ИҶТИМОИИ ОМӮЗГОР – ТАЛАБИ ЗАМОН

Масъалаи таълиму тарбияи наврасон дар ҳама давру замон аҳамияти аввалиндараҷа дошту дорад.

Ислоҳ намудани мактабу маориф, ҷавобгӯйи талаботи замон, соҳибилму ҳаматарафа комил тарбия намудани шогирдон омили муҳими тараққиёти мамлакат аст.
Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар ин росто чорабиниҳои назаррас ба амал меоянд. Аз нав барқароршавии низоми таълими миёнаи умумӣ, аз меҳнати иҷборӣ озод карда шудани наврасон, бори аввал дар таърихи мамлакат дар ҷараёни пахтачинӣ иштирок накардани талабагон, аз корҳои ҷамоатӣ, супоришҳои ғайриқонунӣ раҳоӣ ёфтани омӯзгорону талабагон барин дигаргуниҳо дар ҳаёти мактабҳо воқеаи мислаш диданашуда гардид.
Ҷамъомаде, ки 17 июли соли ҷорӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, бобати ислоҳ намудан ва инкишоф додани низоми таълими миёнаи умумӣ, устувор гардондани мавқеи иҷтимоии омӯзгор аҳамияти муҳим дорад. Солҳои охир бобати талабҳои замон ташкил кардани марҳалаҳои таълим як қатор фармону қарорҳо қабул гардид.
Мувофиқи қарори Сарвари давлатамон аз 30 сентябри соли 2017 низоми идоракунии Вазорати таълими халқ такмил ёфт. Вазифа ва фаъолияти асосии кормандон муайян гардид. Ба қарибӣ вазири таълими халқ нав шуд. Бобати ба ҷараёни таълиму тарбия ҷорӣ кардани технологияи пешқадами педагогӣ ва ахбору коммуникатсионӣ, бо роҳи устувор намудани мавқеи иҷтимоии омӯзгорон зиёд намудани сифати таълим  вазифаҳо пеш гузошта шуданд.
Чи хеле ки Сарвари давлатамон таъкид намуд, низоми таълими миёнаи умумӣ таҳкурсии  инкишофдиҳии захираҳои луғавии инсон, маскани асосии ташаккулдиҳии асосҳои дониш, ҷаҳонбинӣ ва маънавияти ҷавонон ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат, солҳои охир ба коллеҷу литсейҳои академӣ эътибор дода шуда, мактабҳои таълими умумӣ як андоза аз назарҳо дур монда буданд. Аз сабаби бо корҳои берун аз касбӣ банд гардидани кормандони таълими халқ сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ наовард. 
Дар ҷамъомад кам будани музди меҳнати омӯзгорон таъкид ёфт. Ин сабаб боиси ба хориҷа рафтани омӯзгорони мактаби мо низ  гардидааст. Муаллим то дар рӯзгор, оила аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин набошад, вай бо хотири ҷамъ ва дилпурона баҳри амалӣ гардондани масъулияти касбу кораш фаъолият карда наметавонад. Ҳамчунин, дар мактабҳо баъзан бо ҷараёнҳои гуногуни водорсозӣ (аз қабили обуна...) «ризқ»-и омӯзгорро «арраю теша» мекунанд. Албатта, ҳама чиз ҳадду меъёр дорад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат ташаккул ёфтани хидмати ҳуқуқии махсус, ки манфиатҳои омӯзгорро ҳимоя мекунад, хеле судманд аст. Бояд таъкид намуд, ки мактаби мо асосан тоҷикӣ буд ва соли 1973 аввалин синфи якуми ӯзбекӣ ин ҷо ташкил шудааст. Ҳоло аз шонздаҳ мактаби тоҷикии вилоят, ки солҳои 90-ум фаъолият доштанд, имрӯз ягонто ҳам намондааст. Ҳол он ки замоне аз байни талабагони синфҳои тоҷикии мо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба воя расида буданду аксарияти онҳо ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд.
Ин омилҳо ва сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат нисбати  дӯстии миллатҳо моро умедвор кард, ки соли хониши нав боз дар таълим ба забони модарӣ рӯ оварда, бо маслиҳати падару модарон як синфи якуми тоҷикӣ қабул кунем.

Амрулло ҚАНДОВ,
директори мактаби миёнаи №20-уми 
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: